ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ДУШАНБЕ МАЪРАКАИ ВАКСИНАЗАНИИ ШАҲРВАНДОНИ АЗ 18-СОЛА БОЛО ОҒОЗ ЁФТ

Рӯзи 24 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксиназании шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Вазорати тандурустӣ дар як эълон, ки тавассути расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Ховар” нашр шуд, гуфт, ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд  барои  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.

Вазорат гуфт,  ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон, танҳо бо гирифтани ваксина  ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID-19  эмин нигоҳ дорад.

Рӯзи 24 июн як гуруҳи журналистони шинохта низ дар Душанбе худро аз коронавирус эм кардаанд. Ба онҳо барои эмкунӣ ваксинаи АстраЗенека (истеҳсоли Ҳинд), ваксионаи хитоии “Коронавак” ва ба бархе ҳатто ваксинаи русии “Спутник 5” пешниҳод кардаанд. Журналист Абдураҳмон Раҳмонов хабар дод, ки табибон рӯзи 24 июн дар масҷидҳои Душанбе низ ба мардум ваксинаи зидди коронавирусро пешниҳод мекарданд.

Марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон  ва марҳилаи дуюми  он 25 май  оғоз гардид.

Вале бино ба оморҳои охирин, дар Тоҷикистон ҳамагӣ беш аз 130 ҳазор нафар( 1,4 фоиз аз ҷамъи аҳолии кишвар) аз коронавирус ваксина гирифтаанд, ки ин яке аз натиҷаҳои пойинтар дар дунёст. Барои муқоиса ин рақам дар Амрико 51 фоиз, дар Канадаву Исроилу Бритониё 62 фоиз, дар Русия 12 фоиз  ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя 3,6 фоиз будааст.

Тоҷикистон моҳи март тавассути Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Чин 192 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека” ворид кард. Рӯзи 20 июн Хитой 300 ҳазор ваксинаи дигари зидди коронавирусро ба Тоҷикистон ройгон дод. Бино ба иттилои Холиқзода, қарор аст рӯзҳои наздик қисми дуввуми воксан аз тариқи барномаи Ковакс низ ворид шавад. Ковакс як барномаест, ки мақсадаш таъмини дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои фақир, ба ваксинаи зидди коронавирус аст. Хабаргузории “Спутник” хабар дод, ки Русия низ нақша дорад, то  ба таври ройгон ба Тоҷикистон 100 ҳазор воя ваксинаи “Спутник” бидиҳад.

Вазорати тандурустӣ аз аввал сол сарсахтона пойфишорӣ мекард, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор карда нашудааст. Ин вазорат гузоришҳо дар бораи ба ин вирус гирифтор шудан ва ҳатто фавтидани сокинонро рад мекард ва мегуфт, онҳое, ки гӯё бо гумони коронавирус бистарӣ шудаанд, дар асли ба иллати истеъмоли яхмос ва оби хунук гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли илтиҳоби шуш ё зуком шудаанд, на коронавирус.

Вале ба ин афсонаи “яхмосу оби хунук” дигар касе бовар намекард. Дар матбуот чандин намунаи ташхисҳои мусбати коронавирус ва шаҳодатҳои сокинон дар бораи ба ин вирус олуда шудани наздиконашон нашр шуд.

Рӯзи 18 июн муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода дар бемористони “Якум Советский” аз асароти коронавирус ҷон бохт ва рӯзи 19 июн дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯҳони шинохта Домулло Абдураҳмон Боқизодаро, ки низ аз коронавирус вафот кард, ба хок супурданд.

Ва билохира рӯзи 21 июн Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус расман тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Аз 21 июн ба ин тараф вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи 63 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус (аз ҷумла 13 маврид дар рӯзи 24 июн) хабар дод. Аз ин шумор 52 нафараш то ҳол таҳти табобат қарор дошта, 11 нафар дар байни ҳамагӣ се рӯз гӯё шифо ёфтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button