ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

НАШРИ ВИДЕОИ БОЗДОШТИ ҲУДУДИ 10 ЗАНИ ТОҶИК ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Дар Интернет видеои боздошти як гуруҳи занон аз Тоҷикистон аз ҷониби ба номи “дружинаи халқӣ” дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон нашр шуд. Дар видео дида мешавад, ки ҳудуди 10 зан дар бордони як мошини боркаш дар рӯи фарш нишастаанд ва муаллифи видео мегӯяд, инҳо ҳама тоҷик буда, марзи Қирғизистонро ғайриқонунӣ гузаштаанд.

Намояндагони ба ном “дружинаи халқӣ” ба сомонаи 24.kg гуфтаанд, ки ин занҳоро барои кор дар заминҳои кишоварзии ҷамоати Қулунда оварда буданд.

 “Мо онҳоро дар деҳаи Оқ –Ариқ дастгир кардем. Онҳоро як шаҳрванди Қирғизистон бо мошини «Портер» оварда буд. Занони тоҷик ҳар сол дар майдонҳои кишоварзӣ дар деҳаҳои қирғизнишин мардикорӣ мекунанд. Вале имсол баъди муноқишаи баҳорӣ сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон пурра баста шудааст. Тоҷикистон ҳамаи он сокинони Қирғизистонро, ки аз марз мегузаранд, ҳатто агар дар ягон минтақаи аломатгузоринашуда тасодуфан гузарад, дастгир мекунанд. Вале милитсияи мо чашм мепӯшад”, — гуфтаанд намояндагони “дружинаи халқӣ”.

Дар раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд гуфтаанд, ки ин маълумотро меомӯзанд. Маълум нест, ки оё ба ном “дружинаи халқӣ” ҳаққи боздошти шаҳрвандонро дорад ё на?

Қирғизистон марзашро бо Тоҷикистон аз 24 май пурра баст. Байни ду кишвар парвози ҳавопаймоҳо низ қатъ шудааст.

Ҷамоати Қулунда бо ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз аст. Масъулони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки  дар пайи маълум кардани ҷузъиёти ҳодисаи боздошти занони тоҷик дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳастанд. Матлуба Ҷурабоева, як масъули ҷамоати Хистеварз ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошт шудани занони сокини ин ҷамоат хабар доранд, вале ҳоло бояд маълум шавад, ки онҳо аз сарҳад чӣ гуна убур кардаанд. “Чунки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28 ва 29- уми апрел убури шаҳрвандон, ба хусус занонро ба тарафи заминҳои ҳамсоя манъ карда буданд”,--гуфт ӯ. Ҷӯрабоева тасдиқ кардааст, ки дар ҳақиқат занҳои зиёде аз Хистеварз барои таъмини зиндагӣ занон ҳар сол дар заминҳои кишти ноҳияи Лайлак кор мекарданд.

Рӯзҳои 28-30 апрели соли ҷорӣ дар марзи Исфара ва ноҳияи Б.Ғафурови Тоҷикистон бо ноҳияҳои Бодканд ва Лайлаки Қирғизистон муноқишаи хунине рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз ҳалокати 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button