ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ СЕ НОБОЛИҒ ДАР ОБҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ЯК РӮЗ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 июн дар вилояти Суғд се ноболиғро аз ғарқшавӣ наҷот  додаанд.

Шаҳноза Бӯтаева, сухангӯи раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар дод, ки соати 15:30, наҷотбахшони ин ниҳод дар Хуҷанд ду нафареро мушоҳида карданд, ки дар мавзеъи соҳили боғи Наврӯзгоҳ ғарқ мешуданд. Ба наҷотдиҳандагон муяссар шуд, ки ҳардуро зинда аз об берун биоранд. Ҳангоми сӯҳбат муайян гардид, ки як аз онҳо 12-сола ва сокини шаҳри Душанбе буда, дуюмӣ 16-сола ва  сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд.

Инчунин бино ба иттилои навбатдорони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд дар обанбори Баҳри тоҷик,  соати 15:50 дақиқа  дар минтақаи хавфноки назди мавзеи Осоишгоҳи Шифо як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли таваллудаш 2004, ки ҳангоми шиноварӣ ғарқ мешуд,  сари вақт наҷот дода шуд.Шаҳноза Бӯтаева гуфт, “ғаввосон: прапоршик Рустам Сангинов ва Диловар Дилшодов дар кӯтоҳтарин фурсат худро ба об ҳаво доданд ва ҳама чораҳоро андешиданд, то ин наврасро саломат ба соҳил расонанд.”

Ба ҷои ҳодиса “Ёрии таъҷилӣ” низ даъват шудааст, вале баъди беҳтар шудани вазъи саломатиаш наврасро ба хона ҷавоб додаанд.

Шаҳноза Бӯтаева мегӯяд, ин ҳодисаҳо дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиновариву техникаҳои бехатарӣ, надоштани камзӯлҳои наҷот ва истифодаи балони мошин ҳамчун заврақ ба амал омадааст.

“Дар ҳарсе ҳолат ҳам ноболиғон бе раҳнамоӣ ва назорати волидону пайвандонашон дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардаву ҷонашонро дар хатар гузоштаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда борҳо аз волидон хоҳиш кардааст, ки фарзандони наврас ва кӯдакони худро танҳо нагузоранд. Вале мутаассифона, ҳодисаҳои аз ин гуна беназоратиҳо фавтидани наврасону кӯдакон зиёд ба қайд гирифта мешавад”, –  таъкид мекунад сухангӯи РҲФ вилояти Суғд.

Бино ба ҳисоби КҲФ, аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар ғарқ шудаанд. Қариб нисфи онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button