ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ЛИМУЗИН БАРОИ ШАҲУ АРӮС ВА 300 МЕҲМОН: ТӮЙИ ФАРЗАНДОНИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ДАР АВРУПО (ВИДЕО)

Дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша (Лаҳистон) якбора се тӯйи тоҷикҳои муқими Аврупо баргузор шуд. Рӯзи 19 июн Абдусаттор Бобоев, маъруф ба Эшони Абдусаттор, раҳбари Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон,писарашро хонадор кард ва ҳамзамон духтарашро ба шавҳар дод. Рӯзи 20 июн Фирӯзи Маҳмадалӣ, писари сиёсатмадори зиндонӣ Маҳмадалӣ Ҳаит низ дар Варшава издивоҷ кард.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар поёни ҳафтаи гузашта бисёре аз роҳбарони умдаи оппозитсияи тоҷик дар Аврупо барои иштирок дар ин тӯйҳо ба Варшава рехта буданд. Аз ҷумла раиси Паймони милллии Тоҷикистон, як эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ҳамроҳи 5 фарзанд ва дигар аъзои хонаводааш ба табрики фарзандони Эшони Абдусаттор ва Фирӯзи Маҳмадалӣ ба пойтахти Лаҳистон омада будаанд.

Дар видеоҳое, ки блогери тоҷики муқими Аврупо Манучеҳри Кӯҳистонӣ  аз тӯйи фарзандони Эшони Абдусаттор дар Интернет нашр кард ва як пораашро ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ фиристод, дида мешавад, ки ӯ барои писару духтараш тӯйи пуршукӯҳе барпо карда, аз ҷумла барои шаҳу арӯс як лимузини сафеди дарозиаш 12 метр киро кардааст. Дар видеоҳои Манучеҳри Кӯҳистонӣ дида мешавад, ки ҷавонҳои тоҷики муқими Аврупо дар ҷараёни тӯй талош доранд, то анъанаҳои миллиро риоя кунанд ва аз ҷумла домодро ҳамакаса болои дастҳо бардошта, ба ҳаво мепартоянд ва барои пояндози домод низ хеле кашокаш мекунанд.

Эшони Абдусаттор дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, тӯйи фарзандонашро дар тарабхонаи “Бухоро”, ки зодагони Тоҷикистон дар Варшава таъсис додаанд, доир карданд: “Ҳудуди 300 меҳмон омада буд, бо шумули тоҷикҳо, полякҳо, литвониҳо ва намояндагони халқҳои дигар. Аксари меҳмонҳо аз худи Лаҳистон буданд ва ягон 60 нафараш аз кишварҳои дигари Аврупо. Кабирӣ бо 5 фарзандаш омад, Шоҳнаим Карим, Алим Шерзамонов, Ҷамшед Ёров, Саидалӣ Ашӯров аз “Гуруҳи 24”, Умар Амониён, Маҳмадкарими Орзу ва хеле шахсиятҳои дигар.”

Эшони Абдусаттор гуфт, бо яке аз тоҷикҳои Лаҳистон ба қавли мардумӣ “қарчӣ-қудо” шудааст.

Эшони Абдусаттор, ки зодаи Кӯлоб аст, соли 2015, баъди  манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва ба Аврупо паноҳ овард. Ӯ бо фарзандонаш дар Лаҳистон ба сар мебарад.Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ӯ роҳбараш аст, мавридҳои таъқиботи сиёсӣ дар Тоҷикистонро пайгирӣ ва барои созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон гузориш мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ин созмонро яке аз гуруҳҳои вобаста ба  оппозитсияи исломӣ ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мешуморанд.

Дар умум дар солҳои охир ҳудуди 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо паноҳ овардаанд. Як бахши аъзами онҳо тарафдорони созмонҳои оппозитсионӣ ва ҷаараёнҳои мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯъ, ба мисли ҲНИТ, “Гуруҳи 24” ва Салафия мебошанд. Вале дар байни паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо онҳое низ зиёданд, ки ба хотири расидан ба як зиндагии беҳтар барои худу фарзандонашон роҳи Аврупоро пеш гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button