ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ КОРГАРДОНИ СИНАМОИ ТОҶИК ЁРМУҲАММАД АРАЛОВ

Коргардони шинохтаи тоҷик Ёрмуҳаммад Аралов шоми 23 июн дар синни 67 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, коргардон солҳои охир аз бемории диабети қанд ранҷ мекашид. Маросими видоъ бо Ёрмуҳаммад Аралов рӯзи 24 июн дар назди манзилаш дар ҳавлии бинои баландошёнаи назди кинотеатри “Ватан” ва намози ҷанозааш дар масҷиди Сариосиё баргузор мешавад.

Ёрмуҳаммад Аралов ВГИК –  Донишкадаи кинематографияи шаҳри Маскавро хатм кардааст (соли 1975 бо ихтисоси ҳуннарпеша ва соли 1984 бо ихтисоси коргардони синамо). Ӯ  солҳои 1975-1979  дар Театри ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ва аз соли 1984 ҳамчун коргардони филмҳои мустанад ва бадеӣ дар “Тоҷикфилм” кор мекард. Солҳои 1991-1992 котиби Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон буд.

Ёрмуҳаммад Аралов аз соли 2005 роҳбари бадеии киностудияи “МК” буд. Дар соли 2005 бо ордени “Шараф” сарфароз гардонда шудааст.

Дар ибтидои солҳои 90 филми мустанади ӯ бо номи “Месяц ущербной луны” дар бораи ҳаводиси февралӣ сару садои зиёд ба по карда буд.

Ёрмуҳаммад Аралов, муттаассифона, намояндаи насли гумшудаест, ки давраи авҷи эҷодиёташон ба солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост омад. Солҳое, ки синамои тоҷик ба сабаби набуди маблағгузорӣ рӯ ба таназзул овард.

Ёрмуҳаммад Аралов бисёре аз  нақшаҳои эҷодии худро натавонист амалӣ мекунад ва акнун бо худ ин ҳамаро ба зери хок мебарад.

Ёдаш гиромӣ бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button