ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН БАРОИ ДУЗДИИ ГАРДАНБАНДИ ТИЛЛОӢ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  як ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) дар вилояти Суғд бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.  Ҷавонзан ба он гумонбар мешавад, ки дар таърихи байни 19 то 22 июн бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини Гулистон як гарданбанди тиллоии арзишаш 20 ҳазор сомониро дуздидааст.

Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми сеюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои дуздӣ ба маблағи бузург ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Занҳо дар Тоҷикистон дар маҳбаси низомаш умумии шаҳри Норак, ягона маҳбаси занона дар ин ҷумҳурӣ адои ҳукм мекунанд. Ҳоло дар ин маҳбас ҳудуди 300 зан адои ҳукм мекунанд. Бахши аъзами онҳо барои ҷиноятҳое, чун қаллобӣ, куштор, дуздӣ ва бархе барои қочоқи маводи мухаддир ба зиндон афтодаанд.

Маҳбаси занонаи Норак

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button