Хабарҳои кӯтоҳ

5 РӮЗ ҲАБСИ ДОНИШҶӮ БАРОИ ДАР БОРДОНИ МОШИН САВОР КАРДАНИ ҶӮРАҲОЯШ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокини 19-солаи пойтахт Самариддин Зоировро бо ҷурми майдаавбошӣ ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  гуфт, қаблан дар Интернет наворе нашр шуд, ки чӣ гуна ронандаи мошини тамғаи «Тойота Королла», рақами қайди давлатиаш 8844ОН01 дар бағоҷи мошинаш ду нафарро савор намуда, дар кӯчаҳои пойтахт ҳолати хатарноку садамавӣ  ба вуҷуд оварда, мошинронӣ мекард.

Дар натиҷаи санҷиш  муайян карда шуд, ки ин ронанда шаҳрванд Зоиров Самариддин Хоҷаевич, санаи таваллудаш 07. 07. 2002, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, донишҷӯи риштаи муносибатҳои байналмилалӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
“Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян гардид, ки Зоиров Самариддин шаби 17-уми июни соли ҷорӣ ду нафар рафиқони ноболиғашро дидаву дониста дар бағоҷи автомашина ҷойгир ва автомашинаи худро дар кӯчаҳои пойтахт идора намудааст, ки бо ин амалаш хилофи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, ба ҷону саломатии ноболиғон хатари ҷиддӣ таҳдид ва меъёрҳои ахлоқии ҷомеаро барқасдона вайрон намудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи РВКД Душанбе.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зоиров Самариддин тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд ва додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба вай ҳамчун ҷазо 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button