ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

НАВБАТ БАРОИ НОМНАВИСӢ БАРОИ КОР ДАР ШИРКАТИ “ПИК МОДУЛ” ДАР МАСКАВ (6 АКС)

Аз 21 то 23 июн дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  аз ҷониби  ширкати сохтмонии «ПИК-Модул»-и шаҳри Маскав номнависии шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ин ширкат идома дошт. Бино ба иттилои расмӣ, «ПИК-Модул»  коргарони синнашон то 43-ро ба кор қабул мекунад ва тамоми хароҷоти онҳо барои расидан то шаҳри Маскав, аз ҷумла пули чиптаашонро пардохт мекунад.

Хабаргузории “Ховар” бо нашри чанд акс аз маросими номнавсии коргарон барои ин ширкат хабар дод, ки кор дар сохтмонҳои ширкати «ПИК-Модул» дар ду баст ба роҳ монда шуда, аз саоти шаҳти субҳи то ҳашти шом, яъне 12 рӯз давом мекунад. «ПИК-Модул» ба коргаронаш аз 55 ҳазор то 65 ҳазор рубли русӣ маош ваъда кардааст.

Дар аксҳои нашркардаи “Ховар” дида мешавад, ки мардуми зиёди хоҳишманди кор дар сохтмонҳои Маскав барои номнависӣ навбат гирифтаанд.

Номнависӣ барои кор дар ин ширкат то шоми 23 июн давом мекунад. Барои маълумоти бештар ё фаҳмидани имкони кор дар ширкатҳои дигар хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират  бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121, тариқи  телефонҳои  937913130, 987689876, 880002001 муроҷиат намоянд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, гардиши солонаи ширкати «ПИК-Модул» дар соли 2019, яъне то пандемия 1,8 миллиард рубл ва фоидаи софаш 141 миллион рублро ташкил додааст. Роҳбарии ширкатро Олег Меншиков бар дӯш дорад.

Русия аз 1 апрел марзҳояшро ба рӯи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон кушод, вале нархи чиптаи парвоз то Русия аз 500 доллар ва он ҳам агар ду ё се моҳ пеш чипта бихаред, сар шуда, гоҳо аз 1000 доллар ҳам мегузарад. Ин бисёре аз хоҳишмандони сафар ба Русия барои мардикориро аз имкони рафтан маҳрум кардааст, чунки на ҳама имкони пардохти чунин маблағи бузург танҳо барои чиптаи парвоз то Русияро доранд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик боқӣ мемонад.

Аксҳо аз “Ховар”:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button