ВидеоМуҳоҷиронНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

МУРОҶИАТИ БАХТ ОВАР БА ҲУКУМАТДОРОН: НАХОД АЗ ЯК ФУТБОЛКА БО АКСИ ИЗЗАТ АМОН ИН ҚАДАР ТАРСЕД!? (ВИДЕО)

Бахт Овар (Бахтовар Ҷумъаев), яке аз ёрони Иззат Амон дар Маркази тоҷикони Маскав, шаби 22 июн бо нашри як паёми нимсоатаи видеоӣ хабар дод, ки наздиконашро дар Тоҷикистон дигарбора таҳти фишор қарор дода ва рӯзи 22 июн падарашро аз Панҷакент ба Душанбе оварда ва дар УБОП, Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД истинтоқ кардаанд.

Умрибой Ҷумъаев, падари Бахт Овар, мегӯяд, 200 сомонӣ пули таксиеро, ки ӯву як корманди милитсияро аз Панҷакент ба Душанбе овард, аз кисаи худаш пардохт кардааст.  Умрибой Ҷумъаев гуфт, муфаттиши УБОП, ки худро муаррифӣ накард, писари вай Бахт Оварро ба тақсим кардани футболкаҳо бо акси Иззат Амон дар байни муҳоҷирон айбдор кардааст.

Рӯзи 11 июн, дар намози ҷумъа дар масҷиди “Проспект Мира” дар Маскав чанд муҳоҷири тоҷик дар тан футболкаҳо бо акси Иззат Амон зоҳир шуданд ва пулис ду нафари онҳо: адвокат Шуҳрат Қудратов ва Раҳматулло Ҷалоловро дастгир кард.

Дар ин футболкаҳо акси Иззат Амон ва шиоре ба се забони тоҷикию русӣ ва англисӣ бо талаби озодии ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик насб шуда буд. Иззат Амон моҳи март ба таври мармуз аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва ВКД гуфт, ки ӯ ба қаллобӣ айбдор мешавад. Парвандаи Иззат Амонро низ УБОП пеш мебарад.

Бахт Овар дар пайи дигарбора ба Душанбе овардану бозпурсӣ кардани падараш дар муроҷиатномаи худ ба ҳукуматдорон гуфт, дар тақсим кардани футболкаҳо бо акси Иззат Амон даст надошт. “Вале наход шумо аз чанд футболка бо акси Иззат Амон ин қадар тарсед!?” – суол гузоштааст ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар муроҷиатномааш.

Бахт Овар шеваи таъқиберо, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба фаъолон пеш мебаранд, бо соли шуми 1937 монанд карда, гуфт, бо чунин шеваи шикастани руҳ ва иродаи фарзандони миллат, мақомот мардуми тоҷикро боз ҳам тарсутар ва беиродатар мекунанд ва намегузоранд, ки қомати муҳоҷирони тоҷик дар Русия баланд шавад.

Бахт Овар гуфт, мутаассифона, УБОП ба ҷои мубориза бо ҷиноятҳои воқеӣ худро ба “пулиси сиёсӣ” табдил дод, пушти футболкаҳо бо акси Иззат Амон мегардад. Ӯ аз ҷумла то ба 1000 ва 1200 доллар боло рафтани нархи чиптаҳои парвоз ба Русияро мисол овард ва гуфт, “ҷинояти муташаккилона онҷост, равед, он қазияро тафтиш кунед!”

Бахт Овар гуфт, бо чунин туҳматбандиҳову шикастани ғурури инсонҳо ва парвандабофӣ ин мақомот бо обрӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бозӣ мекунанд ва дар зеҳни мардум ҳисси бадбинӣ нисбат ба раисиҷумҳурро ба вуҷуд меоранд.

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз нирӯҳои солимфикр дар дохили ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, як бор ба ин ки ин тоифа кишварро ба куҷо бурда истодаанд?, фикр кунанд ва пеши роҳи ин таъқиботи монанд ба даврони Сталинро бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button