ВидеоҶомеа

ИШҚИ ГУЛӢ ВА ТАРС АЗ ПАДАР: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РОНАНДАИ ТАКСИ БАРОИ 60 СОМОНӢ (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон бархе тафсилоти парвандаи Саймумин Муҳиддинов, сокини 20-солаи ноҳияи Ҷайҳунро нашр кард. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31 май ӯро бо ҷурми куштори бераҳмонаи ронандаи таксии “Як такси – 1111” Эраҷи Эмомалӣ ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре аз маводи парвандаи ин ҷавон бармеояд, ӯ, ки дар мағозаи падараш ҳамчун фурӯшанда кор мекард, ба як зани аз худаш 17 сол калонтари танфурӯш бо номи Гулӣ дил баста, аз мағозаи падараш пул медуздид, то ҳафтае як ё ду маротиба ба шаҳри Бохтар рафта,  бо Гулӣ кайфу сафо кунад. Вақте падараш огоҳ шуд, ки Саймумин рӯзи 13 феврали соли 2021 алакай 20 ҳазор сомонӣ пули мағозаро ба сари Гулӣ рехтааст, ин ҷавон аз мағоза боз 600 сомонии дигар дуздида, аз тарси хашми падар ба Душанбе гурехт. Аммо ин 600 сомонӣ алакай ду рӯз баъд тамом шуд ва Саймумин бо мақсади даромади муфт нақшаи ғорати ягон ронандаи таксиро кашид.

Аз бахти бадаш, ҳамон рӯз дар пеши Саймумин Эраҷи Эмомалӣ, ронандаи 30-солаи ширкати “Як такси – 1111” истод. Саймумин таксиро ба як ҷои беодам дар пушти як бинои навбунёд дар кӯчаи Деҳотӣ бурда, бо корд гардани ронандаро бурид ва боз 41-маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонд. Пас аз қатли Эраҷи Эмомалӣ, Саймумин кисаҳо ва мошини ӯро кофт, вале ҳамагӣ 60 сомонӣ ва як телефон пайдо карду халос…

Додгоҳ ин ҷиноятро одамкушӣ бо бераҳмии махсус таъбир карда, Саймумин Муҳиддиновро барои куштани ронанда ба 21 соли зиндон, барои роҳзанӣ ба 12 сол ва барои тасарруфи шиноснома ба 1 сол, дар умум ба 34 соли зиндон маҳкум карда, аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда, нисбат ба ӯ ҳамчун ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 28 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахтро таъин кард.

Қиссаи ин ҷавони ҳамагӣ 20-соланишон медиҳад, ки пойи як инсон чӣ гуна метавонад ба роҳи хатарноки ҷиноят билағжад ва ӯ чӣ қадар зуд ҳама ҳадду ҳудуди инсофу одамгариро убур кунад ва барои ҳирси молу пул ҳатто даст ба ҷони як инсони дигар бизанад.

Саймумин Муҳиддинов вақте ба зиндон афтод, ки ҳамагӣ 20 сол дорад. Ӯ вақте озод хоҳад шуд, ки синнаш ба 49 хоҳад расид…

Додгоҳи шаҳри Душанбе  қаблан бархе тафсилоти дигари ин парвандаро нашр карда буд.

Додгоҳ рӯзи 31 май Саймумин Муҳиддинов, сокини ноҳияи Ҷайҳунро бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар куштори ронандаи таксии “Як такси – 1111” бо бераҳмии махсус (моддаи 104, қисми 2), роҳзанӣ (моддаи 249, қисми 3) ва тасарруфи шиноснома (моддаи 339, қисми 2) гунаҳкор шинохта, дар умум 28 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Қиссаи ин ҷавони ҳамагӣ 20-сола, ки Нуриддин Маликзода, корманди додгоҳи пойтахти Тоҷикистон дар сомонаи ин додгоҳ нашр кардааст, нишон медиҳад, ки пойи як инсон чӣ гуна метавонад ба роҳи хатарноки ҷиноят билағжад ва ӯ чӣ қадар зуд ҳама ҳадду ҳудуди инсофу одамгариро убур кунад ва барои ҳирси молу пул ҳатто даст ба ҷони як инсони дигар бизанад.

Додгоҳ гуфт, Муҳидинов Саймумин Саймудинович, санаи таваллудаш 20 августи соли 2000,  сол, сокини деҳаи Вахши ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон,  қасдан ба ҷиноятҳои роҳзанӣ, одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва тасарруфи шиноснома дар ҳолатҳои зерин даст задааст.

Бар асоси маводи парванда, Муҳиддинов, ки дар мағозаи падараш дар Ҷайҳун ба ҳайси фурӯшанда кор мекард, моҳи августи соли 2020 дар яке аз тарабхонаҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ бо “Гулӣ” ном зани сабукпои аз худаш 17 сол калон ( санаи таваллуди Гулӣ 31.12.1983 мебошад) шинос шуда, ҳар ҳафта як-ду маротиба барои ишқварзӣ аз ноҳияи Ҷайҳун ба назди ӯ ба шаҳри Бохтар мерафтааст.

Нуриддин Маликзода менависад: “Бо ин мақсад Муҳидинов С.С. аз мағозаи падараш дар ноҳияи Ҷайҳун, ки он ҷо ба ҳайси фурӯшанда фаъолият мекард, мунтазам 400 – 500 сомонӣ гирифта, ин маблағҳоро барои маъшуқааш, ки ўро бо номи «Гулӣ» мешинохтанд, харҷ менамудааст. Дар маҷмуъ, ӯ дар давоми 2-3 моҳ аз мағозаи падараш пинҳонӣ тахминан 20 000 ҳазор сомонӣ гирифта, бо Гулӣ сарф кардааст. Аз ин ҳолат падараш воқиф гаштааст, Муҳидинов С.С., бошад аз тарси падараш, санаи 12.02.2021 аз мағоза боз 600 сомонии дигар гирифта, гурехта ба шаҳри Душанбе меояд…”

Саймумин Муҳиддинов шаби 12 ба 13 февралро дар Душанбе дар хонаи ҳамдеҳааш Қирғизбеков Хуршедҷон рӯз карда, рӯзи дигар, вақте мефаҳмад, ки падараш ӯро ҷустуҷӯ дорад, ба хотири ин ки вайро аз хонаи Хуршедҷон наёбанд, бегоҳи 13 феврал либосҳояшро ҷамъ намуда, аз он ҷо баромада меравад. Ӯ то 15 феврал, се рӯз дар боғҳои Фирдавсию Рӯдакӣ ва кӯчаву хиёбонҳои Душанбе сайругашт намуда, 600 сомонӣ аз мағозаи падараш дуздидаашро низ пурра харҷ кардааст ва ба сабаби дар пойтахт надоштани манбаи таъминот дар фикри пайдо кардани пул бо роҳи роҳзанӣ меафтад.

Муҳиддинов ба ин мақсад бо худ корд гирифта, рӯзи 15 феврал дар хиёбони Сино, 126 мошини ширкати  “Як таксӣ”, тамғаи “Ҳундай-Солярис”, рақами қайди давлатиаш 84-19 ТТ 05, таҳти идораи шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ, таваллудаш – 08.08.1990-ро манъ мекунад ва ба нишастгоҳи қафо нишаста, ба ронанда амр медиҳад, ки  ба самти кӯчаи Соҳилӣ ҳаракат кунад. Ҳангоми расидан ба қафои бинои навсохт, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ 23/20-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҷойи камодам мебошад, Муҳиддинов аз дохили селофан кордро бароварда, аз қафо ба гардани ронандаи таксӣ Эраҷи Эмомалӣ монда, талаб кардааст, ки ҳама пули доштаашро бароварда, ба ӯ диҳад.

Аммо, менависад Нуриддин Маликзода, “ронанда Эраҷи Эмомалӣ муқобилияти сахт нишон дода, бо мақсади муҳофизат кардани худ бо дасташ нӯги кордро медорад ва барои аз ҷинояткор халос шудан автомашинаро бо суръати баланд ба ҳаракат медарорад. Вале бинобар зери истифодаи зӯроварӣ қарор доштанаш, автомашина дар масофаи кутоҳ ба монеа бархӯрдааст. Муҳидинов С.С. ин ҳолатро дида, бо корд гардани ронандаро бурида, боз 41-маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш зарба зада, охиринро ба ҳалокат мерасонад. Пас аз қатли Эраҷи Эмомалӣ, ӯ кисаҳо ва автомашинаи номбурдаро кофта, аз дохили онҳо ҷамъ 60 сомонӣ, телефони мобилӣ ва шиносномаи миллиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.”

Мувофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судии ҷасад, дар бадани Эраҷи Эмомалӣ ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонии халандаю буранда ёфт шудаанд, ки сабаби марги ӯ гардидаанд. Додгоҳ ин ҷиноятро одамкушӣ бо бераҳмии махсус таъбир карда, Саймумин Муҳиддиновро барои куштани ронанда ба 21 соли зиндон, барои роҳзанӣ ба 12 сол ва барои тасарруфи шиноснома ба 1 сол, дар умум ба 34 соли зиндон маҳкум карда, аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда, нисбат ба ӯ ҳамчун ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 28 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахтро таъин кард.

Саймумин Муҳиддинов вақте ба зиндон афтод, ки ҳамагӣ 20 сол дорад. Ӯ вақте озод хоҳад шуд, ки синнаш ба 49 хоҳад расид…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button