ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ИНТИҚОМ БАРОИ ПУЛКАНӢ? ДУ ХАТМКУНАНДА ДАР ТУРКМАНИСТОН РОҲБАРИ СИНФАШОНРО ЗАҲРОЛУД КАРДААНД

Ду хатмкунандаи яке аз мактабҳои миёна дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон ба заҳролуд кардани муаллимаашон айбдор мешаванд. Онҳо гуфтаанд, ки аз пулкании ин муаллима ба ҷон омада буданд ва мехостанд аз ай интиқом бигиранд.

Тафтиши ин парвандаро пулиси ноҳияи Боғтирярлиқи шаҳри Ишқобод пеш мебарад. Ба гуфтаи манобеи радиои “Азатлык”, ду хатмкунанда ба он айбдор мешаванд, ки ба истакони муаллим маҳлули шустушӯи зарфро рехтаанд ва дар натиҷа муаллима дар зиёфати бахшида ба хатми мактаб заҳролуд шуда, ба таври фаврӣ ба бемористон интиқол дода шудааст.

Як манбаи огоҳи бахши туркмании радиои Озодӣ гуфтааст, ин зиёфат рӯзи 15 июн, дар рӯи имтиҳони хатми мактаӣ сурат гирифт ва хатмкунандагон баъди онки муаллима аз онҳо талаб кардааст, то барояш маводи ғизоӣ, аз ҷумла як шиша нӯшокии  Кока-Кола бихаранд, ба хашм омада, хостаанд, ки бо ин роҳ аз муаллима қасос бигиранд.

Гуфта мешавад, ки хонандагон дар умум аз пулкании муаллимон ва маъмурияти мактаб ба ҷон омада буданд ва талаби роҳбари синфашон охирин қатрае шуд, ки косаи сабри онҳоро лабрез ва онҳоро водор ба чунин роҳи интиқомҷӯӣ кардааст.

Як корманди ин мактаб ба Азатлык гуфтааст, ки аҳволи муаллима ҳангоми зиёфат бад шуд ва ӯ ба қай кардан сар кард. Ӯро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони наздиктарин бурдаанд. Маъмурияти мактаб пулисро даъват кардааст ва онҳо тавассути бозпурсиҳо ду гумонбаршавандаро муайян кардаанд. Маълум шудааст, ки барои харидани хӯрокае, ки муаллима талаб мекард, тамоми хонандагони синф пул партофтаанд, вале барои харидани ин маҳсулот ҳамин ду нафар рафтаанд. Яке аз ин ду нафари гумонбаршавандаро алакай ҳамон рӯзи 15 июн, билофосила баъди имтиҳон рост ба артиш бурдаанд.

Манбаи Азатлык гуфт, ҳоло танҳо як гумонбаршаванда таҳти бозпурсӣ қарор дорад: “Дуюмашро алакай ба артиш бурданд. Вале ин аввалӣ ҳам алакай ба синни 18 расидааст ва ӯро ҳам метавонанд ба хидмат баранд. Ӯ феълан то анҷоми тафтишот дар хона қарор дорад. Вале агар парванда бикушоянд, он дуюмиро ҳам аз артиш бар хоҳанд гардонд.”

Рӯзи 21 июн дар ҳамин мактаб маросими тақдими номаҳои камол доир шуд. Ба гуфтаи падари яке аз хонандагон, ба ин маросим танҳо онҳоеро роҳ доданд, ки пули хароҷоти маросими хатми мактабро супурданд. Он хонандагонеро, ки ба сабаби мушкилоти иқтисодӣ пули маросимро надоданд, танҳо ба ҳуҷраи мудири шуъбаи илмии мактаб даъват карда, номаи камолашонро ба дасташон доданд. Онҳоро ба маросими тантанавӣ, ки дар як тарабхона гузашт, роҳ надодаанд.

Манбаъ: https://www.centralasian.org/a/31321044.html

CENTRAL ASIAN © 2021 RFE/RL, Inc.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button