ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ 18 ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 23 июн хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 18 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Ба ин тартиб, дар 3 рӯзи охир дар Тоҷикистон алакай 50 мавриди олудашавӣ ба коронавирусро расман тасдиқ карданд.

Шумораи умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистонро вазорат 13 ҳазору 358 нафар мегӯяд, ки аз ин шумор 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд ва 50 нафари тайи се рӯзи охир гирифториашон ошкоршуда таҳти табобат қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ аз аввал сол сарсахтона пойфишорӣ мекард, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор карда нашудааст. Ин вазорат гузоришҳо дар бораи ба ин вирус гирифтор шудан ва ҳатто фавтидани сокинонро рад мекард ва мегуфт, онҳое, ки гӯё бо гумони коронавирус бистарӣ шудаанд, дар асли ба иллати истеъмоли яхмос ва оби хунук гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли илтиҳоби шуш ё зуком шудаанд, на коронавирус.

Вале ба ин афсонаи “яхмосу оби хунук” дигар касе бовар намекард. Дар матбуот чандин намунаи ташхисҳои мусбати коронавирус ва шаҳодатҳои сокинон дар бораи ба ин вирус олуда шудани наздиконашон нашр шуд.

Рӯзи 18 июн муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода дар бемористони “Якум Советский” аз асароти коронавирус ҷон бохт ва рӯзи 19 июн дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯҳони шинохта Домулло Абдураҳмон Боқизодаро, ки низ аз коронавирус вафот кард, ба хок супурданд.

Ва билохира рӯзи 21 июн Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус расман тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ шуд ва аз сокинон талаб шуд, ки бе зарурат гаштугузор накунанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб бипӯшанд ва аз маводи безараргардонӣ истифода бурда, тавсияҳоро мақомотро бидуни чуну чаро иҷро кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button