ВарзишВидео

4 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Федератсияи байналмилалии дзюдо дар сомонаи расмии худ охирин раддабандии олимпиро қабл аз баргузории Бозиҳои олимпии Токио нашр кард. Тибқи радабандии нашргардида чаҳор гуштингири тоҷик: Сомон Маҳмадбеков  дар вазни то 73 кило, Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва  Темур Раҳимов (+100кг) роҳхати Бозиҳои олимпии Токио 2020-ро ба даст оварданд. Беҳрӯз Хоҷазода низ дар вазни то 73 кило дар раддабандӣ ҷои 25-умро ба даст овард, вале ба сабаби аз Сомон Маҳмадбеков камтар будани холҳояш соҳиби роҳхат нашуд.



Дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо касби 3580 имтиёз дар садри рӯйхати дзюдокорони тими Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии дзюдокорони олимпии ҳамин вазн қарор дорад.

Ҳамзамон дар вазни мазкур Беҳрӯзи Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои дуюми рӯйхати дзюдокорони тоҷик ва дар мақоми 25-уми раддабандии олимпии дзюдокорони ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст.

Акмал Муродов (-81кг) бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо 2944 ва  Темур Раҳимов (+100кг) бо 3241 имтиёз садринишиини радабандии вазнҳои худ миёни дзюдокорони тоҷик мебошанд.

Тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) танҳо беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон, ки дар «минтақаи сабзи» ҷадвали радабандии олимпӣ қарор доранд ба Бозиҳои олимпӣ мераванд. Инчунин, аз як давлат дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад.

Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон гуфт, “аз ин рӯ, Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарчанд дар «минтақаи сабз» қарор дорад, бинобар имтиёзҳои кам доштанаш аз Сомон Маҳмадбеков, роҳхати Олимпиадаи дар пеш бударо ба даст наовард. Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов бошад, мустақиман роҳхат гирифтанд. Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.”



Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) рӯзи 28-уми июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд.

Муҳаммадрозиқ Неъматов, маъмури гуруҳи “Варзиши тоҷик” дар Фейсбук дар шарҳи комёбии Акмал Муродов навиштааст:

“Ман шахсан ба Акмал Муродов таҳсину офарин мефиристам ,чун дар ин муддати чанд соли охир аз ҳарфҳои бади бархе аз мардум ва гапҳои кучаву бозор аҳамият надод ва бо пули худаш дар бисёр мусобиқаҳо иштирок кард ва имтиёз ҷамъ кард ва ба ҳадафаш расид .Ҳар шахсе,ки ба масоили варзиши сарфаҳм меравад ба хуби медонад ,ки саҳмияи олимпӣ чи арзише дорад .

Муборак бошад билети Токиё !!!”

https://www.facebook.com/groups/275612519189024/permalink/4016644451752460/

Муҳаммадрозиқ Неъматов ҳамин тавр, роҳхат ба Олимпиадаи Токиоро як орзуи Сомон Маҳмадбеков номида, бо нашри як акси ду сол пеши ӯ дар кӯчаҳои Токио навишт:

Ин акс 19.01.2020 дар майдони (Hachiko square) Ҳачикои шаҳри Токиё гирифта шудааст. Он рӯз Сомон хеле бовармандона дар кӯчаҳои шаҳри серодами Токиё қадам мегузошт ва дар сар орзуи иштирок кардан дар Бозиҳои Олимпиро мепарварид .Имрӯз ин орзу ба фазлу раҳмати Худо амалӣ гашт ва Сомон Маҳмадбеков бо 3580 имтиёз саҳмияи Бозиҳои Олимпии 2020 Токиёро ба даст овард. Ин воқеан барои Сомон ва мураббиёнаш як дастоварди бузург аст. Саҳмияи Олимпӣ ин як қадами ҷиддӣ ҳаст барои расидан ба ҳадафи бузург ,ба даст овардани медали арзишманди бузургтарин руйдоди варзишии ҷаҳон. Иншооллоҳ ин орзу низ амалӣ хоҳад шуд.

https://www.facebook.com/groups/275612519189024/posts/4016610138422558/


Ба ҷуз аз ин 4 гуштингири шинохтаи тоҷик боз се варзишгари дигари тоҷик  Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 гардида буданд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд, қарор аст,  аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор шавад.

Тоҷикистон соли 2016 аз Олимпиада дар Рио де Жанейро бо як медали тилло баргашт, ки гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овард. Вале мутаассифона, Дилшод Назаров ин дафъа ба далели моҷарои допинг то моҳи сентябри соли 2021 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум карда шудааст ва дар Олимпиадаи Токио иштирок карда наметавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button