ТАРТИБИ ВУРУД БА ӮЗБЕКИСТОН САХТТАР ВА ТАШХИСИ КОРОНАВИРУС БАРОИ ҲАМА МЕҲМОНОН ҲАТМӢ ШУД

Дар пасманзари афзоиши мавридҳои сироят ба коронавирус, комиссияи махсуси ҳукуматти Ӯзбекистон оид ба мубориза бо COVID-19 аз нав ташхиси коронавирус ( ПЦР-тест) –ро барои ҳамаи онҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, ҳатмӣ кард.
Дар ин бора рӯзи 22 июн хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод. “Хадамоти санитарию эпидемиологӣ бо қарори комиссияи махсус барои ҳамаи онҳое, ки ба ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ворид мешаванд, низоми ҳатмии ташхис тавассути ташхиси ПЦР (полимеразная цепная реакция) ҷорӣ мекунад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ин вазорат.
Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2020 дар пайи ба тадриҷ боз кардани марзҳояш ташхиси коронавирусро барои меҳмонон ҳатмӣ кард, вале аз 15 марти соли ҷорӣ дар пайи сабуктар шудани маҳдудиятҳои ҷоришуда талаби ташхис низ аз миён бардошта шуд. Ба ҷои ин, аз онҳое, ки ба Ӯзбекистон меомаданд, танҳо санади натиҷаҳои манфии ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 72 соати қабл аз вуруд ба Ӯзбекистон анҷом шуда бошад, талаб мешуд.
Ҳоло тамоми онҳое, ки ба Ӯзбекистон меоянд, дар баробари нишон додани чунин санад бояд дар зарфи 7 рӯз дар худи Ӯзбекистон аз нав аз ташхиси коронавирус гузаранд.
Дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дигарбора рӯ ба афзоиш овард ва рӯзҳои охир ҳар рӯз дар ин кишвар беш аз 400 ҳолати нави олудашавӣ ба ин вирус сабт мешавад. Аз аввал дар Ӯзбекистон алакай қариб 107 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 720 нафар қурбони ин вируси қаттол шудаанд.
Рӯзи 22 июн хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар Телеграм-канали худ хабар дод, ки бо қарори комиссияи махсуси мубориза бо COVID-19, аз 22 июн ҳамчунин равуои шаҳрвандон тавассути марзи Ӯзбекистону Афғонистон ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Афғонистон муваққатан боздошта мешавад.
То беҳтар шудани вазъ, додани визаҳои сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон низ мутаваққиф карда мешавад.
