ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН 10 ҲАЗОР ТОННА ОРД ЁРДАМ КАРД (5 АКС)

Рӯзи 22 июн маросими ба ҷониби Тоҷикистон супурдани 10 ҳазор тонна орде, ки Қазоқистон ҳамчун кумаки башарӣ фиристодааст, баргузор шуд. Сафорати Қазоқистон дар Душанбе хабар дод, ки тавофуқ дар бораи расондани ёрии башарӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо оқибатҳои коронавирус дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ба Душанбе, ки рӯзҳои 19-20 май сурат гирифт, ҳосил шуда буд.

Арзиши кумаки ироашуда 1 миллиарду 285 миллион тангаи қазоқӣ ё наздики 3,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе дар маросими супурдани ёрии навбатӣ гуфт, Қазоқистон ҳар сол ба Тоҷикистон кумаки башарӣ мефиристад ва ҷамъи кумакҳояш ба ин кишвар аз соли 2006 ба ин тараф ба ҳудуди 45 миллион доллар расидааст.

Сертификати кумаки башарии Қазоқистон ба маблағи қариб 1,3 миллиард тангароро дар як маросим бо иштироки сафири он кишвар дар Душанбе Аскар Тоҷибоев рӯзи 22 июн ба муовини мудири Агентии тахмини амволи захираҳои моддии давлатии ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супурдааст. Зиёдуллоев бо изҳори сипос гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба кумаки ироакардаи ҳукумати Қазоқистон арҷ мегузорад.

Сафорати Қазоқистон гуфт, тавофуқ дар бораи расондани ёрии башарӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо оқибатҳои коронавирус моҳи май дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ба Душанбе ҳосил шуд ва алакай рӯзи 25 май комиссияи масъули масоили ёриҳои башарии байналмилалии ҳукумати Қазоқистон таҳти раёсати муовини сарвазири он кишвар Роман Скляр қарор баровард, ки ба Тоҷикистон ба андозаи 10 ҳазор тонна орд кумак расонда шавад.

Ин кумак дар ҳоле расид, ки нархи як халта орд дар бозорҳои Тоҷикистон аз марзи 250 сомонӣ гузаштааст ва барои бисёре аз хонаводаҳо харидани орду нон мушкил шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button