Коррупсия

КОРМАНДИ ИДОРАИ ЗИНДОНҲО АЗ ХЕШУ ТАБОРИ ЯК МАҲБУС ПОРА ТАЛАБ КАРДААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи  Парвиз Одинаев, нозири калони нозироти корҳои ислоҳии раёсати зиндонҳои вилояти Суғдро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Одинаев Парвиз Додарбегович  дар вазифаи нозири калони нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст зад. Номбурда барои чораандешӣ накардан нисбати маҳкумшуда “А”, ки истеҳсолоти парвандаи назоратиаш ба зиммаи ӯ вогузор гардида, муҳлати иҷрои он ҳанӯз моҳи майи соли 2020 гузаштааст, моҳи декабри соли 2020 хешованди маҳкумшуда шаҳрванд “Б”-ро ба утоқии кориаш даъват намуда, маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.”

Парвиз Одинаев ”бо мақсади амалӣ кардани нақшаи ҷиноятии худ”  бо шаҳрванд “Б” вохӯрда, аз охирон маблағи 1500 сомонӣ гирифта, боз оварда додани боқимондаи маблағро талаб кардааст. Дафъаи дуюм баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 3500 сомонӣ Одинаевро дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ  дастгир кардаанд. 3500 сомонӣ маблағи аз “Б” гирифтаашро ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Вале Парвиз Одинаев на ба гирифтани пора, балки бар асоси қисми дуюми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, бандҳои “в” ва “г” ба қаллобӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, айбдор мешавад.  Ба ӯ бар асоси ин  банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ) аё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамчун “қаллобӣ” ҷамъбаст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, зиёд шудааст. Дар  натиҷа, аксари ин мансабдорон маъмулан бо ягон ҷарима халос мехӯранд.

Мақомот  барои аз моддаи 319 (порахӯрӣ) ба моддаи ҷазояш хеле сабуктари 247 (қаллобӣ) иваз кардани айбномаи мансабдорони бадастафтода ин баҳонаро “ҳилаи шаръӣ” сохтаанд, ки гӯё мансабдори порахӯр иҷрои кореро, ки ба салоҳияти ӯ намедарояд, ваъда додааст ва ин на порахӯрӣ, балки қаллобӣ таъбир мешавад.

Вале коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи бархӯрди “раҳмдилона”-и мансабдорони порахӯр Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки дар ин кишвар ба як марази фарогир табдил ёфтааст, ғолиб биояд. 

Тоҷикистон ҳоло дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button