Нуқтаи назарҲуқуқи инсон

КӢ ҲАҚ ДОДААСТ, КИ ҲУҶҶАТИ НАФАҚАХӮРРО КАШИДА ГИРИФТА, ӮРО ТАҲҚИР КУНАНД?

Ин матлабро Рачабгул Ятимова дар Фейсбук навиштааст:

Дар терминали Чимтеппа соати 7.30 ронандаи автобуси №2, вақти саворшавӣ ба автобус ҳуҷҷати нафақавии нафақахӯрро аз дасташ гирифта барнагардонд.

Дағалона ба  саринафақахӯр дод зад, ки фармон аз раисҳо шудааст, ки ҳуҷҷат нишон медодагихоро ҳуҷҷатхояшонро гирифта ба мо биёред. Албатта, шахс асабӣ шуд, ҷавоби нофорам ба ронанда дод. Ронанда дар назди тамоми мусофирон дод зада таҳқир намуд. Нафақахӯр зан буд ва ӯ ҳам худашро паст накарда фаромад.

Ман ҳам нафақахӯр ҳастам. Пеши чашмам солҳои мушкилоти ҷангу иқтисодӣ омад. Мо бепул шабу рӯз ба давлатамон хизмат кардем, ба фонди нафақа хамавақт пул медодем, аз музди кориамон барои нафақаи худ кор кардем. Ҳама андозҳои давлатиро месупурдем.  Вакте ки ман ба нафақа баромадам, ба ман ҳам шиносномаи нафақавӣ дода шуд ва имтиёзи маро фахмонданд. Яке аз ин имтиёз нақлиёти давлатӣ аст.

Нафақахӯри меҳнатӣ бепул намеравад, ин пули пардохтшудаи ӯст.

Имрӯз доим шунидани таҳқири нафақахӯрон дар нақлиёти давлатӣ ва ҳолати оташин будани ронандахо ва имрӯз аз дасти нафақахӯр бо зӯрӣ кашида гирифтани шиносномаи нафақахӯриаш бо амри раисон чӣ маьно дорад? Имтиёзи ин шиносномаи нафақавӣ дар чист?

 Имрӯзҳо зӯроварӣ ва таҳқири занҳои бачадор дар оила аз тарафи шавҳар ва хешовандони ӯ, хусусан мардҳои беномусу бекор, ки аз номи хешони милиса ва юристҳои кор мекардагиашон истифода бурда, хешу табор ва атрофиёни оилаашро озор дода, лату кӯб мекунанд, фарзандони оҷизи худро ба кӯча мепартоянд, авҷ гирифтааст.

Оё халқи оддӣ метавонад аз ин гуна зӯрҳои зердастозор, ки хешҳои милисаю прокурор доранд, адолат талаб кунанд ва ба ҳаёташон хатар таҳдид накунад?

Аз шумо адолат талаб дорам!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button