ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 22 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими сешанбе, 22 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

МАХДУМИ АБДУЛҲАҚ АЗ ҲАБС ОЗОД ШУДААСТ

ТОЛИБОН ДУ НОҲИЯ ВА ГУЗАРГОҲИ ШЕРХОН-БАНДАРРО ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН ИШҒОЛ КАРД

КОРМАНДИ ИДОРАИ ЗИНДОНҲО АЗ ХЕШУ ТАБОРИ ЯК МАҲБУС ПОРА ТАЛАБ КАРДААСТ

ТАРТИБИ ВУРУД БА ӮЗБЕКИСТОН САХТТАР ШУД

ВАҚТИ ОН АСТ, ЭЙ ҚАЛАМ! ШЕЪРХОНИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН

АЗ КАНАЛИ ҲИСОР ҶАСАДИ ЯК МАРДИ НОШИНОСРО ПАЙДО КАРДААНД

ҲАЛОКАТИ ЯК НАВРАС ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ ДУ ДУХТАР ДАР САДАМАИ ШАБОНА

БОЗДОШТИ ПЕШХИДМАТИ ТАРАБХОНАИ МАШҲУРИ “ЯККАЧИНОР” БАРОИ ДУЗДӢ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯҳонии тоҷик Абдулҳақ Обидов, маъруф ба Махдуми Абдулҳақ, сархатиби собиқи масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо баъди ду моҳи боздошташ аз ҳабс озод кардаанд. Радиои Озодӣ ҳамчунин хабар дод, ки Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ду нафари дигаре, ки моҳи апрел ҳамроҳи Махдуми Абдулҳақ боздошт шуда буданд, низ озод шудаанд.

Як манбаъ аз мақомоти умури дохилии шаҳри Ваҳдат рӯзи 21 июн ба Радиои Озодӣ  хабарии раҳоии Абдулҳақ Обидов ва ҳамроҳонашро тасдиқ кардааст. “Махсуми Абдулҳақ дигар имомхатиби масҷид нест, вале раҳо шудааст”,— гуфтааст ин манбаъ.

Абдулҳақ Обидов шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Хабари боздошти ӯро аввалин шуда, пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард.

Манобеи сомонаи “Бомдод” хабар доданд, ки Махдуми Абдулҳақро дар пайи як суханронии пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир кардаанд.

Домулло Абдулҳақ дар  он маросим Домулло Ҳикматуллоҳро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.  Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Вале КДАМ рӯзи 22 апрел гуфт, Обидов ва 5 сокини дигари шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи экстремистии Салафия дастгир шудаанд. Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел дар синни 80 аз олам чашм пӯшид.

ххххххххххххххххх

Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон танҳо дар як шабонарӯзи охир боз 9 ноҳияи дигарро тасарруф кардаанд. Нирӯҳои давлатӣ тавонистанд рӯзи 21 июн толибҳоро аз ду ноҳияи вилояти Тахор берун андозанд, вале дар айни замон аз се ноҳияи вилояти Балх: Шулғара, Давлатобод ва Кушинда; вулусволиҳои  Қалъаи Зол ва Имом Соҳиби вилояти Кундуз; вулусволиҳои Душӣ ва Ҷулгаи вилояти Бағлон; вулусволии Оқча дар вилояти Ҷузҷон дар шимоли кишвар; ва вулусволии Зазай-Арюб дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистонро ба Толибон бидиҳанд. Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 21 июн ҳамчунин пойгоҳи ҳарбии Урдуи давлатии афғонистон дар вулусволии Хушии вилояти Луғар ва рӯзи 22 июн Шерхон-Бандар, бузургтарин гузаргоҳи гумрукиву сарҳадӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро, ки дар тиҷорати байни ду кишвар нақши калидӣ дорад, ишғол кардаанд.

Вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз  дар як вазъияти сахт қарор гирифтааст. Қабл аз Имом Соҳибу Қалъаи Зол ва инак, Шерхон-Банда, Толибон дар ин вилоят чанд ноҳияи дигарро низ тасарруф карда буд ва ҳоло, ҷангҳои сахте барои тасарруфи шаҳри Кундуз, маркази ин вилоят идома доранд.

 Бино ба гузоришҳои расида, ҳамин тавр, ҷангҳои сахт дар даромади чанд шаҳри дигари муҳим, аз ҷумла шаҳри Маймана дар вилояти Форёб, шаҳри Толуқон дар вилояти Тахор, шаҳри Пули Хумрӣ дар вилояти Бағлон ва шаҳри Сари Пул дар вилояти ҳамноми Сари Пул рафта истодаанд.

Шоҳроҳи асосие, ки Кобул, пойтахти Афғонистонро бо манотиқи шимоли ин кишвар мепайваст, низ ду рӯз боз ба далели пешрафтҳои Толибон дар ноҳияи Душии вилояти Бағлон баста аст.

Дар пасманзари ин рӯйдодҳои изтиробовар, қарор аст, президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 25 июн дар Вашингтон бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар доктор Абдуллоҳ мулоқот кунад. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, як мавзӯи асосии ин дидор баррасии роҳҳоест, ки “Афғонистон дигар ҳеҷ гоҳ ба паноҳгоҳи гуруҳҳои террористие, ки барои Амрико низ таҳдид эҷод мекунанд, табдил наёбад.”

Вале пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то моҳи сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

ххххххххххххххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи  Парвиз Одинаев Парвиз, нозири калони нозироти корҳои ислоҳии раёсати зиндонҳои вилояти Суғдро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Одинаев Парвиз Додарбегович  дар вазифаи нозири калони нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст зад. Номбурда барои чораандешӣ накардан нисбати маҳкумшуда “А”, ки истеҳсолоти парвандаи назоратиаш ба зиммаи ӯ вогузор гардида, муҳлати иҷрои он ҳанӯз моҳи майи соли 2020 гузаштааст, моҳи декабри соли 2020 хешованди маҳкумшуда шаҳрванд “Б”-ро ба утоқии кориаш даъват намуда, маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.”

Парвиз Одинаев ”бо мақсади амалӣ кардани нақшаи ҷиноятии худ”  бо шаҳрванд “Б” вохӯрда, аз охирон маблағи 1500 сомонӣ гирифта, боз оварда додани боқимондаи маблағро талаб кардааст. Дафъаи дуюм баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 3500 сомонӣ Одинаевро дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ  дастгир кардаанд. 3500 сомонӣ маблағи аз “Б” гирифтаашро ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Вале Парвиз Одинаев на ба гирифтани пора, балки бар асоси қисми дуюми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, бандҳои “в” ва “г” ба қаллобӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, айбдор мешавад.  Ба ӯ бар асоси ин  банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ) аё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамчун “қаллобӣ” ҷамъбаст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, зиёд шудааст. Дар  натиҷа, аксари ин мансабдорон маъмулан бо ягон ҷарима халос мехӯранд.

Мақомот  барои аз моддаи 319 (порахӯрӣ) ба моддаи ҷазояш хеле сабуктари 247 (қаллобӣ) иваз кардани айбномаи мансабдорони бадастафтода ин баҳонаро “ҳилаи шаръӣ” сохтаанд, ки гӯё мансабдори порахӯр иҷрои кореро, ки ба салоҳияти ӯ намедарояд, ваъда додааст ва ин на порахӯрӣ, балки қаллобӣ таъбир мешавад.

Вале коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи бархӯрди “раҳмдилона”-и мансабдорони порахӯр Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки дар ин кишвар ба як марази фарогир табдил ёфтааст, ғолиб биояд.

 Тоҷикистон ҳоло дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад.

ххххххххххххххххххх

Дар пасманзари афзоиши мавридҳои сироят ба коронавирус, комиссияи махсуси  ҳукуматти Ӯзбекистон оид ба мубориза бо COVID-19 аз нав ташхиси коронавирус ( ПЦР-тест) –ро барои ҳамаи онҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, ҳатмӣ кард.

Дар ин бора рӯзи 22 июн хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод. “Хадамоти санитарию эпидемиологӣ бо қарори комиссияи махсус барои ҳамаи онҳое, ки ба ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ворид мешаванд, низоми ҳатмии ташхис тавассути ташхиси ПЦР (полимеразная цепная реакция) ҷорӣ мекунад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ин вазорат.

Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2020 дар пайи ба тадриҷ боз кардани марзҳояш  ташхиси коронавирусро барои меҳмонон ҳатмӣ кард, вале аз 15 марти соли ҷорӣ дар пайи сабуктар шудани маҳдудиятҳои ҷоришуда талаби ташхис низ аз миён бардошта шуд. Ба ҷои ин, аз онҳое, ки ба Ӯзбекистон меомаданд, танҳо санади натиҷаҳои манфии ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 72 соати қабл аз вуруд ба Ӯзбекистон анҷом шуда бошад, талаб мешуд.

Ҳоло тамоми онҳое, ки ба Ӯзбекистон меоянд, дар баробари нишон додани чунин санад бояд дар зарфи 7 рӯз дар худи Ӯзбекистон аз нав аз ташхиси коронавирус гузаранд.

Дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дигарбора рӯ ба афзоиш овард ва рӯзҳои охир ҳар рӯз дар ин кишвар беш аз 400 ҳолати нави олудашавӣ ба ин вирус сабт мешавад. Аз аввал дар Ӯзбекистон алакай қариб 107 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 720 нафар қурбони ин вируси қаттол шудаанд.

Рӯзи 22 июн хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар Телеграм-канали худ хабар дод, ки бо қарори комиссияи махсуси мубориза бо COVID-19, аз 22 июн ҳамчунин равуои шаҳрвандон тавассути марзи Ӯзбекистону Афғонистон ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Афғонистон муваққатан боздошта мешавад.То беҳтар шудани вазъ, додани визаҳои сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон низ мутаваққиф карда мешавад.

ххххххххххххххххх

80 сол қабл, 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба СССР ҳамла кард ва Ҷанги бузурги ватанӣ оғоз ёфт. Ин ҷанг қариб 4 сол давом карда, моҳи майи соли 1945 бо шикасти комили Германияи фашистӣ аз ҷониби СССР, Амрико, Бритониё ва дигар муттаффиқони онҳо анҷом ёфт.

Бахшида ба солгарди 80-уми Ҷанги бузурги ватанӣ бо ташаббуси вазорати корҳои хориҷии Беларус, раҳбарони идораҳои дипломатии кишварҳои СНГ ҳар кадом шеърҳои шоирони кишварҳои худ дар бораи ин ҷанги пурқурбониро қироат карданд.

“80 сол қабл, 22 июни соли 1941, ба хонаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг омад. Касе дар канор намонд, барои ҳар миллати СССР ин ҷанг ба фоҷиаи миллӣ табдил ёфт. Имрӯз шоирони мардумӣ бо садои вазирони хориҷаи кишварҳои узви СНГ барои мо даҳшатҳои он ҷанг, қаҳрамонии муҳофизони Ватан, паймоншикании душману истодагарии аҷдоди мо, талхии талафот ва ашки шодии рӯзи Ғалабаро ёдовар мешаванд! Мо, аҳли СНГ, ин меросро ёд дорем, арҷ мегузорем ва ҳифз мекунем! “ – гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Беларус.

Дар ин ташаббус вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ иштирок карда, шеъри машҳури шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ “Вақти он аст, эй қалам!”-ро қироат кард:

Вақти он аст, эй қалам!

Буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст, эй сухан!

Ғуррандатар гардӣ зи барқ!

Худи Ҳабиб Юсуфӣ низ довталабона ба Ҷанги бузурги ватанӣ рафт ва 22 феврали соли 1945, вақте то Ғалаба бар фашим камтар аз 3 моҳи дигар монда буд, дар наздикии Варшава ҷон бохт. Шоири ҷавонмарги тоҷик он вақт ҳамагӣ 29 сол дошт…

Дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон, яъне қариб сеяки аҳолии он вақти ҷумҳурӣ иштирок карда, 90 ҳазори онҳо дар ҷанг кушта шуданд. Бино ба ҳисобҳо, дар умум СССР дар Ҷанги бузурги ватанӣ беш аз 20 миллион кушта додааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19 июн ба Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи  шаҳри Душанбе дар бораи рӯи об омадани ҷасади як марди ношинос дар канали Ҳисор хабар расид. Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, бо ҳамкории сокинони атроф дар мавзеъи  зери пули Ҳаёти нав ҷасадро аз байни канал ба соҳил оварданд.

Ғарқшуда як марди ба зоҳир тахминан 50-55 –сола буда, шахсияташ ҳанӯз маълум нест.

Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. КҲФ гуфт, мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, сабабҳои ғарқ шудан ва шахсияти ғарқшударо мушаххас мекунанд. 

Аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар ғарқ шудаанд.

ххххххххххххххххх

Digital Camera

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Шаби 21 июн, соати 03:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Донаев Давлатбек, с.т. 1999, сокини ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ҷ.Балхӣ-Дӯстӣ дар деҳаи Лоҳутӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ баромада ба дарахти бед бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири ин мошин Ҷӯрақулов Муҳиддин Қурбонназарович, с.т. 2004, сокини ҷамоати Фрунзе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари ҳамин автомашина ноболиғон: Донаева Парвина Давлатовна, с.т. 2004 ва Донаева Дилфӯза Давлатовна, с.т. 2009, ба саломатиашон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Рӯзи 20 июн дар ҳамин ҷамоати Фрунзе дучархарон Ишмуродов Абдуҷаббор, с.т. 1968, зери чархи “Опел-Астра” ҷон бохта буд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххх

Ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, пешхидмати тарабхонаи машҳури “Яккачинор”, бо гумони дуздӣ дастгир  шудааст. ВКД гуфт, ки ин ҷавон рӯзи 7 июн, тахминан соати 13:30, ҳангоми дар тарабхонаи “Яккачинор” қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз рӯи миз телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-51”-ро, ки ба ҷавонзани 24-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздидааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад. Ба пешхидмат акнун барои ин кирдор ҷарима ваё аз 2 то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button