ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

134 САРБОЗИ АФҒОН БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД (9 АКС)

Маркази  матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 22 июн хабар дод, ки дар пайи ҷангҳои шадид дар минтақаи Шерхон-Бандар 134 сарбози афғон ба ҷониби Тоҷикистон фирор кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки шоми 21  июн, соати 19:00 як гурўҳи мусаллаҳи ҳаракати  дар Тоҷикистон мамнӯи Толибонба Комиссариати сарҳадии «Шерхон-Бандар» дар вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла кардаанд.

Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и субҳи 22 июн, яъне 14 соат давом кардааст, бино ба иттилои марзбонҳои тоҷик, “134 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд. Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд”.

 Дар иттилоия гуфта мешавад, ки 4 тан аз сарбозони афғон маҷруҳ буда, якеи онҳо кушта шудааст.

Марзбонони тоҷик дар умум вазъият дар хатии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро дар ин минтақа мурракаб номида, мегӯянд, то 100 нафар аз сарбозони афғон дар Шерхон-Бандар аз дасти Толибон захмиву кушта шуда ва ё асир афтодаанд.

“Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рўзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА задухўрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дорад. Дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд”, хабар медиҳад Маркази  матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то моҳи сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Аксҳо аз маркази  матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button