ВидеоФарҳанг

ПАДАРИ ОВОЗХОН ВАЛИҶОН АЗИЗОВ АЗ ДУНЁ РАФТ

Абдуҳафиз Азизов, падари овозхони тоҷик Валиҷон Азизов дар синни 76 аз олам  чашм пӯшид.

Ҷанозаи ӯро зӯҳри 20 июн дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба хок супурдаанд.

Хабаргузории “Спутник” хабар дод, ки падари Валиҷон Азизиов аз бемории дил ранҷ мекашид ва субҳи 20 июн вафот кардааст.  

Абдуҳафиз Азизов соли 1945 дар деҳаи Сангистон ба дунё омада, солҳои зиёд дар корхонаи нонпазӣ кор мекард. Аз марҳум чор фарзанд: се писар Валиҷон, Абдуҷамил ва Бадалбой ва як духтар боқӣ монд.

Валиҷон танҳо фарзанди ин хонавода аст, ки пешаи овозхониро интихоб кардааст. Исми ӯ дар даҳаи аввали солҳои 2000-ум, дар даврони ҳунарнамоияш ҳамроҳи Ғолибҷон Юсупов дар гуруҳи “Эҳсон”, бахусус баъди таронаи “Гиря макун, азизи ман” машҳур шуд. Баъди пароканда шудани гуруҳи  “Эҳсон” Валиҷон Азизов ба фаъолияти овозхониаш мустақилона идома дод ва ҳоло яке аз ситораҳои матраҳи эстрадаи муосир дар вилояти Суғд ва саросари Тоҷикистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button