Ҳуқуқи инсон

МУФАТТИШИ ПАРВАНДАИ ИЗЗАТ АМОНРО ИВАЗ КАРДАНД

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ

Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муфаттиши парвандаи Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро иваз кардааст.

Пештар наздикони Иззат Амон аз кори Эраҷ Қувватов, муфаттиши қаблии парванда шикоят карда буданд. Ҳоло ба ҷойи ӯ, Сипеҳр Сафаров, муфаттиши дигари ВКД тафтиши парвандаро бар дӯш гирифтааст.

Як манбаъ аз Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохила ба шарти зикр накардани номаш рӯзи 21-уми июн бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Сипеҳр Сафаров ба тафтишоти пешакии парванда шурӯъ кардааст. Аз Сафаров ин манбаъ, ҳамчун муфаттиши собиқадор ном бурд.

Сабабҳои аслии иваз кардани муфаттишро дар Вазорати корҳои дохилӣ шарҳ надоданд, вале қаблан наздикони Иззат Амон нисбат ба шеваи кори ӯ ба ин ниҳод ариза навишта буданд.

Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Русия ғайб зад ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд, бо гумони “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи наздикони Иззат Амон, вақте ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ буд, муфаттиши пешина ҳозир намешуд ва тафтиш ба кундӣ пеш мерафт.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замоне ки падарашро ба боздоштгоҳи Вазорати адлия гузаронданд, муфаттиш ҳеч кори амалие намекард. “Ман бо муфаттиши нав мулоқот кардам. Ӯ ваъда дод, ки рӯзи 21-уми июн барои мулоқот бо падараш дар СИЗО санадҳоро дуруст хоҳад кард. Умедворам, ки ҳаракатҳои тафтишотии қазия тезонида мешавад ва ҳоло масъалаи аслӣ рӯ ба рӯ кардани афроде мебошад, ки падарам аз онҳо гуё қарздор аст”,–гуфт Муҳаммадюсуф.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 25-уми май муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амонро барои ду моҳи дигар дароз кард. Ёздаҳ нафар ба мақомот шикоят кардаанд, ки Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст.

Пайвандонаш гуфта буданд, ки онҳое, ки аз падараш ба мақомот шикоят кардаанд, пештар ҳафт нафар буданд, вале ҳоло шумораи онҳо зиёд шудааст.

Қаблан Муҳаммадюсуф Холов раванди тафтишотро танқид карда, гуфта буд, ки “муфаттиши парванда фаъол нест”.

Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия буд ва ба муҳоҷирон машварати ҳуқуқӣ медод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард. Бисёриҳо парвандаи ӯро сиёсӣ ва як навъ фишор ба дигарандешон меноманд.

Манбаъ: https://www.ozodi.org/a/31318355.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button