ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

КЕЛИНИ ОИЛА БА ДУЗДИИ 250 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ ХУСУРАШ АЙБДОР МЕШАВАД

Келини 19-солаи як оилаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони дуздии пулҳои хусураш дастгир шудааст.  Марди 54-солаи сокини Душанбе қаблан ба мақомот хабар дода буд, ки моҳи феврали соли 2021, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 250 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. ВКД гуфт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро келини ин мард, ҷавонзани 19-сола содир кардааст. Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба келин барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххх

Рӯзи 20 июн, соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Султонов Қосимҷон, с.т. 1986, сокини ҷамоати Калинини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи-поён, дар ҳудуди ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Ҷ.Балхӣ дучархарон Ишмуродов Абдуҷаббор, с.т. 1968, сокини ҷамоати Фрунзеро, ки аз канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш кардааст. Дар натиҷа, дучархарон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, ронандаи “Опел” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2021, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 250 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро келинаш ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамон ҷо содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани дучархарон зери чархи “Опел-Астра”

Рӯзи 20-уми июни соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Султонов Қосимҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ишмуродов Абдуҷаббор Абдумаликович, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Фрунзеро, ки дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Ишмуродов А.А. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button