ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 21 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)
Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 21 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.
Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.
ДАР ИН БАРНОМА:
ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ҲОЛАТҲОИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ КАРД
БОЗДОШТИ САРДОРИ ШУЪБАИ КДАМ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ БО МУОВИН ВА ЯК КОРМАНДАШ
МУФАТТИШИ ПАРВАНДАИ ИЗЗАТ АМОНРО ИВАЗ КАРДАНД
ҲУШДОРИ ЁДГОР ФАЙЗОВ: БОЯД БА ҚАБУЛИ ГУРЕЗАҲО АЗ АФҒОНИСТОН ТАЙЁРӢ БИНЕМ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИБРОҲИМ РАИСИРО БО ПИРӮЗӢ ТАБРИК КАРД
ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН 300 ҲАЗОР ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ДОД
ДАРГУЗАШТИ ДОМУЛЛО АБДУРАҲМОН АЗ КОРОНАВИРУС
ДАЪВАТИ РАИСИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: БЕ ҲЕҶ ИСТИҲОЛА АЗ КОРОНАВИРУС ЭМ ШАВЕД!
ПАДАРИ ОВОЗХОН ВАЛИҶОН АЗИЗОВ АЗ ДУНЁ РАФТ
АМАЛИЁТИ НАҶОТИ ЯК ГУРБА ДАР ДУШАНБЕ
КЕЛИНИ ОИЛА БА ДУЗДИИ 250 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ ХУСУРАШ АЙБДОР МЕШАВАД
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Рӯзи 21 июн таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус доир шуд. Ситод дар пайи ин ҷаласа бидуни овардани кадом рақами мушаххас ба мардум хабар дод, ки “дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.”
Ситод гуфт, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда шудаааст.
Дар ҷаласа зикр кардаанд, ки мутаасифона, “вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин метавонад ҳолати манфиро ба миён орад.”
Дар хабар гуфта мешавад, ки ситоди ҷумҳуриявӣ қарорҳои дахлдор, аз ҷумла, пурзур намудани ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд. Мушаххасоти қарорҳои қабулшуда нашр нашудааст. Вале ишора мешавад, ки бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд, қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд гардида, вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст.
Эътирофи хуруҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазорати тандурустӣ аз аввали январ ҳар рӯз пойфишорона гузориш медод, ки дар кишвар ягон ҳолати нави коронавирус ошкор нашудааст. Ин ниҳод гузоришҳо дар бораи ба ин вирус гирифтор шудан ва ҳатто фавтидани сокинонро рад мекард ва мегуфт, онҳое, ки гӯё бо гумони коронавирус бистарӣ шудаанд, дар асли ба иллати истеъмоли яхмос ва оби хунук гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли илтиҳоби шуш ё зуком шудаанд, на коронавирус. Вале ба ин афсонаи “яхмосу оби хунук” дигар касе бовар намекард.
ххххххххххххххххх
Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамроҳи муовинаш ва боз як корманди ин идора дастгир кардаанд. Як манбаи “Бомдод” гуфт, ки ин се корманди амният ҳангоми аз як соҳибкор гирифтани маблағи бузург ҳамчун пора боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, боздошти ин се мансабдорон аз ҷониби хадамоти СБ, яъне амнияти дохилии худи КДАМ сурат гирифтааст ва мудири шуъбаи амнияти ноҳияи Ҳамадонӣ, муовини ӯ ва кормандаш ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз мақомҳояшон бо ҷурми “паст задани шаъну эътибори корманди КДАМ” барканор карда шудаанд.
“Ростӣ, барои чӣ кори мушаххасе аз соҳибкор пул талаб кардани ин се мақоми амниятӣ ҳанӯз рӯшан нест, вале сухан дар бораи маблағи бузург меравад. Онҳоро тақрибан як ҳафта пеш дастгир карданд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”, ки ба далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ифшои тафсилоти бештар дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунад.
Ӯ хабар дод, ки се афсари дастгиршударо аз Ҳамадонӣ ба шаҳри Кӯлоб бурдаанд, вале маълум нест, ки онҳо дар боздоштгоҳи Кӯлоб қарор доранд ваё ба Душанбе бурда шудаанд?
Як манбаи дигари “Бомдод” аз ноҳияи Ҳамадонӣ боздошти кормандони амниятро тасдиқ кард ва гуфт, муовин ва корманди боздоштшудаи КДАМ Толиб ва Раббонӣ ном дошта, яке зодаи Ванҷ ва якеи дигараш аз Кӯлоб мебошанд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, сардори шуъбаи КДАМ ноҳияи Ҳамадонӣ аз вилояти Суғд буд, вале ӯ номашро намедонад.
Тафсилоти дигари қазия ҳанӯз ба даст нарасидааст. Мақомоти КДАМ то кунун хабари боздоштр се афсари ин ниҳодро шарҳ надодаанд.
ххххххххххххххххх
Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муфаттиши парвандаи Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро иваз кардааст.
Пештар наздикони Иззат Амон аз кори Эраҷ Қувватов, муфаттиши қаблии парванда шикоят карда буданд. Ҳоло ба ҷойи ӯ, Сипеҳр Сафаров, муфаттиши дигари ВКД тафтиши парвандаро бар дӯш гирифтааст.
Як манбаъ аз Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохила ба шарти зикр накардани номаш рӯзи 21-уми июн бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Сипеҳр Сафаров ба тафтишоти пешакии парванда шурӯъ кардааст. Аз Сафаров ин манбаъ, ҳамчун муфаттиши собиқадор ном бурд.
Сабабҳои аслии иваз кардани муфаттишро дар Вазорати корҳои дохилӣ шарҳ надоданд, вале қаблан наздикони Иззат Амон нисбат ба шеваи кори ӯ ба ин ниҳод ариза навишта буданд.
Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Русия ғайб зад ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд, бо гумони “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи наздикони Иззат Амон, вақте ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ буд, муфаттиши пешина ҳозир намешуд ва тафтиш ба кундӣ пеш мерафт.
Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замоне ки падарашро ба боздоштгоҳи Вазорати адлия гузаронданд, муфаттиш ҳеч кори амалие намекард. “Ман бо муфаттиши нав мулоқот кардам. Ӯ ваъда дод, ки рӯзи 21-уми июн барои мулоқот бо падараш дар СИЗО санадҳоро дуруст хоҳад кард. Умедворам, ки ҳаракатҳои тафтишотии қазия тезонида мешавад ва ҳоло масъалаи аслӣ рӯ ба рӯ кардани афроде мебошад, ки падарам аз онҳо гӯё қарздор аст”,–гуфт Муҳаммадюсуф.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 25-уми май муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амонро барои ду моҳи дигар дароз кард.
Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия буд ва ба муҳоҷирон машварати ҳуқуқӣ медод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард. Бисёриҳо парвандаи ӯро сиёсӣ ва як навъ фишор ба дигарандешон меноманд.
хххххххххххххххххх
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ки ҳамзамон сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 низ мебошад, рӯзи 18 июн дар як ҷаласаи муштарак бо аъзои ситоди ин минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо ва идораву муассисаҳои зидахлро дар бар мегирад, таъкид кард, ки вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз – Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки тибқи маълумоти расмӣ, феълан вазъият дар вулусволиҳои Бораку Зебок ва Моҳи Майи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, гурўҳҳои тундрав аксари минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд ва ба зербинои кишвари ҳамсоя хисороти моливу ҷонӣ ворид кардаанд.
“Ёдгор Файзов дар ин шароит тақвият додани захираи моддиву техникӣ ва инсониро дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади ВМКБ вазифаи муҳими кори аъзои ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 номид ва муайян ва мушаххас намудани ҷойҳои амн, захираи маводи сўзишвориву хўрок ва либосвориву нақлиёти заруриро дар ҳолатҳои эҳтимолии қабули гурезаҳои иҷборӣ аз хоки кишвари ҳаммарз муҳим маънидод намуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.
Бино ба ин манбаъ, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оиди ҳамоҳангсозии нақшаи амал бо аҳолӣ ва кўмаку дастгирии сарҳадбонон ибрози назар намуда, гуфт, ҳамкории сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ бо сарҳадбононро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, онро тақвият бояд дод. Ҳамчунин, роҳбари вилоят бобати ҳарчӣ бештар тавсеа ва таҳким додани фаъолияти минтақаи мудофиаи ҳудудӣ ва гузарондани машқҳои муштарак ибрози назар намуда, афзуд, азбаски ВМКБ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон марзи тўлонӣ дорад, пурзўр намудани фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба таври доимӣ ва дар ҳолати омодабош қарор доштани аъзои он зарур аст.
Баррасии вазъи Афғонистон дар ҷаласаи мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон дар ин авохир ҳудуди 30 вулусволиро, аз ҷумла чандин минтақа дар марз бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд. Ин нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то моҳи сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар пасманзари пешрафтҳои ахири Толибон маҷбур шуд, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, яке аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъудро ахиран вазири дифоъ таъйин кунад. Ашраф Ғанӣ тайи 7 соли раёсаташ ягон бор намояндагони қавмҳои ғайрипаштунро ба роҳбарии ин вазорати калидӣ дар ҳукуматаш таъйин накарда буд.
ххххххххххххххххх
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи табрикӣ Иброҳим Раисиро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии Эронро табрик кардааст.
Дар барқия аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.
Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.
Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».
Иброҳим Раисӣ дар интихоботи 13-уми президентии Эрон, ки рӯзи 18 июн доир шуд, аз байни 7 номзади аксар аз ҷиноҳи муҳофизакорони тундрав бо касби 62 фоизи овозҳо ғолиб омад. Раисӣ, ки 60 сол дорад ва то кунун раҳбари қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломӣ буд, низ намояндаи ҷиноҳи муҳофизакорони тундрав ва нафари таҳти ҳимояти роҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дониста мешавад. Раисӣ дар мақоми президент Ҳасани Рӯҳониро, ки аз соли 2013 раисиҷумҳури Эрон буд ва инак, баъди адои ҳарду давраи мумкини раёсаташ канор меравад, иваз мекунад.
Президент дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон нақши роҳбари ҳукумати иҷроияро иҷро мекунад. Нақши аввалро дар таъйини сиёсати дохиливу хориҷии Эрон роҳбари рӯҳорниаш оятулло Алии Хоманаӣ бозӣ мекунад.
Душанбе ҳеҷ натавонист бо президенти қаблии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ забон биёбад ва дар натиҷа, даврони раёсати ӯ пуртаништарин даврон дар таърихи муносибатҳои Эрону Тоҷикистон шуд. Теҳрон Душанберо ба пинҳон кардани миллиардҳо доллари аз фурӯши нафт пинҳон кардаи миллардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки дар Эрон ба қатл маҳкум шудааст, гунаҳкор мекард. Душанбе ба навбати худ Теҳронро ба қатли шахсиятҳои саршинос дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90 ва пуштибонӣ аз оппозитсияи исломии тоҷик айбдор мекард. Ихтилофи ду кишвар ба ҳадде рафт, ки Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои муассии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳатто ба тасмими ба узвияти ин созмон пазируфтани Эрон вето гузошт.
ххххххххххххххххх
Рӯзи 20 июн рӯҳонии тоҷик Абдураҳмон Боқизода дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Домулло Абдураҳмонро дар деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд. Гуфта мешавад, ки Домулло Абдураҳмон қурбони коронавирус шудааст. Журналисти тоҷик Олим Сафолов дар Фейсбук навишт: “Абдураҳмон Боқизода дар муқобили беморие, ки айни замон аксари мардуми сайёра бар зидди он мубориза мебаранд, танҳо ду ҳафта истодагарӣ карду халос.”
Чанд ҳафтаи охир аз Тоҷикистон хабарҳои пуртаҳлука дар бораи омадани мавҷи нави коронавирус ба ин кишвар ба даст мерасанд.
Рӯзи 19 июн Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар бемористони маҳаллаи Якум Советский баъди ду ҳафтаи зери дастгоҳи сунъии нафаскашӣ қарор доштанаш вафот кард. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки Абдураҳимзода бо зану писараш бо аломатҳои коронавирус дар ин бемористон бистарӣ шуда буданд. Вале як манбаи “Спутник” гуфтааст, Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва зану фарзандаш моҳи майи соли 2020 бемории коронавирусро пушти сар карда буданд ва ин дафъа бар асари истеъмоли оби сард бистарӣ шуда буд.
ххххххххххххххххх
Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.
Ҷумҳурии мардумии Хитой (Чин) ба Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор воя ваксинаи “CoronaVaс” дод. Ин 300 ҳазор адад вояҳои тамғаи «CoronaVaс»-и истеҳсоли ширкати хитоии «Sinovac Research & DevelopmentCo. Ltd» ва 300 800 адад сӯзандору шоми 20 июн бо кумаки “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ба Душанбе оварда ва ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуданд. Вояҳои фиристодаи Хитой бояд дудафъаӣ гузаронда шавад ва барои эмгузаронии 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кифоят мекунад.
Дар маросими қабули ваксинаҳо дар фурудгоҳи Душанбе вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид кард, ки илми имрӯза собит намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинатсия пеши роҳи бемории коронавирус гирифта мешавад.
Кумаки Хитой дар чорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо номи COVAX , ки таъмини одилонаи кишварҳо бо ваксинаи зидди коронавирусро ба ҳадаф дорад, расонда шуд.
Тоҷикистон моҳи март бо шарофати ин барнома аз Деҳлии Ҳиндустон 192 ҳазор вояи истеҳсоли ширкати “AstraZeneca” ворид карда буд, вале баъдан ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Ҳиндустон Душанбе дигар натавонист аз онҷо ваксинаи бештар бигирад.
Мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, Душанбе ҷиҳати гирифтани ваксинаи русии “Спутник” низ музокирот пеш мебарад, вале ҳанӯз маълум нест, ки тавофуқи мушаххасе дар ин бобат бо Маскав ба даст овардааст ё хайр?
То имрӯз дар Тоҷикистон 116 ҳазору 341 нафар вояи якум ва 15 ҳазору 34 нафар вояи дуюмро қабул намуда, дар умум 132 ҳазору 75 нафар бо ваксина фаро гирифта шудаанд.
xxxxxxxxxxxxxxxxx
Абдухалил Холиқзода, раиси Бемористони Ибни Сино аз тариқи саҳифааш дар Фейсбук аз мардум даъват кардааст, баробари пайдо кардани имкони эмшавӣ аз коронавирус “бе ҳеҷ истиҳола эм шаванд.”
Абдухалил Холиқзода навишт, ки худи ӯ рӯзи 19 июн яке аз охирин корманди бемористони Ибни Сино буд, ки ба зидди коронавирус эм шуд.
“Барои эм шудан ман чанд омилро ба ҳисоб гирифтам. Якум, воксанҳои ба бемористони мо дода шуда ба ҳама кормандон ва ба инҷониб ҳам расид. Дуввум, подтанҳои ман дар тӯли ин муддат поён омад ва ба 1,5 расид”, навиштааст Холиқзода.
Вале, меафзояд ӯ, нуктаи муҳимми дигар ин ки коршиносони ғарбӣ пас аз он сарусадоҳои қаблӣ ба чунин хулоса омаданд, ин будааст, ки “оризаҳои эмкунӣ бамаротиб камтар аз оризаҳои бемории Кувид-19 ва қобили контроланд.”
Ҳамчунин менависад Холиқзода, “ба эътимоди коршиносони эпидемиолог ягона роҳи пешгирии пандемӣ эмкунист. Як нафар эмшуда метавонад садди роҳи сироят ёфтани даҳҳо нафар наздиконаш гардад. Ёдамон наравад, ки панҷ дарсади мубталошудагон ба бемории мазкур онро вазнин мегузаронанд!”
Даъвати Абдухалил Холиқзода аз мардум ба эмшавӣ ба зидди коронавирус дар ҳолест, ки бино ба гузориши Fortune.com, Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи фарогирии мардумаш бо ваксинаи зидди коронавирус дар яке аз зинаҳои пойин қарор дорад. То кунун дар Тоҷикистон 132 ҳазор нафар, ё тақрибан 1,4 фоизи аҳолӣ аз коронавирус эм шудаанд. Барои муқоиса ин рақам дар Амрико 51 фоиз, дар Канадаву Исроилу Бритониё 62 фоиз, дар Русия 12 фоиз ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя 3,6 фоиз будааст.
ххххххххххххххххх
Абдуҳафиз Азизов, падари овозхони тоҷик Валиҷон Азизов дар синни 76 аз олам чашм пӯшид.
Ҷанозаи ӯро зӯҳри 20 июн дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба хок супурдаанд.
Хабаргузории “Спутник” хабар дод, ки падари Валиҷон Азизиов аз бемории дил ранҷ мекашид ва субҳи 20 июн вафот кардааст.
Абдуҳафиз Азизов соли 1945 дар деҳаи Сангистон ба дунё омада, солҳои зиёд дар корхонаи нонпазӣ кор мекард. Аз марҳум чор фарзанд: се писар Валиҷон, Абдуҷамил ва Бадалбой ва як духтар боқӣ монд.
Валиҷон танҳо фарзанди ин хонавода аст, ки пешаи овозхониро интихоб кардааст. Исми ӯ дар даҳаи аввали солҳои 2000-ум, дар даврони ҳунарнамоияш ҳамроҳи Ғолибҷон Юсупов дар гуруҳи “Эҳсон”, бахусус баъди таронаи “Гиря макун, азизи ман” машҳур шуд. Баъди пароканда шудани гуруҳи “Эҳсон” Валиҷон Азизов ба фаъолияти овозхониаш мустақилона идома дод ва ҳоло яке аз ситораҳои матраҳи эстрадаи муосир дар вилояти Суғд ва саросари Тоҷикистон ба шумор меравад.
ххххххххххххххххх
Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе рӯзи 20 июн гурбаеро, ки дар лаби боми бинои чорқабата дармонда буд, наҷот доданд ва беозор пойин оварданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 июн, соати 14:18 як зани сокини Душанбе ба хадамоти ягонаи навбатдориву диспетчерии КҲФ занг зада, хабар дод, ки як гурба дар лаби боми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Айнӣ, 18 ноҳияи Шоҳмансур дармондааст. Зан гуфт, сокинони бино талош кардаанд, ки мустақилона ба ҳайвони бечора кумак расонанд, вале талошҳояшон натиҷа надод: Гурба, ки сахт тарсида буд, аз ҷояш намеҷунбид ва мияв-мияв-гӯён нолиш мекард.
Наҷотбахшони КҲФ ба ҷои ҳодиса омада, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ аз бом ба самти карниз поёин фаромаданд ва гурбаи бечораро гирифта, ба соҳибаш супурданд.
Дар аксҳои нашркардаи КҲФ дида мешавад, ки гурба баъди наҷот ёфтанаш дар дасти наҷотбахшаш қарор дорад ва ӯ гурбаро бо меҳрубонӣ навозиш мекунад.
КҲФ гуфт, “наҷотбахшон на як бору ду бор қаҳрамони қиссаҳои наҷоти ҳайвонот шудаанд. Ҳарчанд вазифаи асосии наҷотбахшон наҷоти одамон аз фалокатҳост, вале аз рӯи одамгарӣ нест, агар ба кумаки инҳо ҳам нарасем.”
ххххххххххххххххх
Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:
Келини 19-солаи як оилаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони дуздии пулҳои хусураш дастгир шудааст. Марди 54-солаи сокини Душанбе қаблан ба мақомот хабар дода буд, ки моҳи феврали соли 2021, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 250 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. ВКД гуфт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро келини ин мард, ҷавонзани 19-сола содир кардааст. Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба келин барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
хххххххххххх
Рӯзи 20 июн, соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Султонов Қосимҷон, с.т. 1986, сокини ҷамоати Калинини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи-поён, дар ҳудуди ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Ҷ.Балхӣ дучархарон Ишмуродов Абдуҷаббор, с.т. 1968, сокини ҷамоати Фрунзеро, ки аз канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш кардааст. Дар натиҷа, дучархарон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, ронандаи “Опел” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
ххххххххххххххххх
Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com