ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН 300 ҲАЗОР ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ДОД (4 АКС)

Ҷумҳурии мардумии Хитой (Чин) ба Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор воя ваксинаи “CoronaVaс” дод. Ин 300 ҳазор адад вояҳои тамғаи «CoronaVaс»-и  истеҳсоли ширкати хитоии «Sinovac Research & DevelopmentCo. Ltd» ва 300 800 адад сӯзандору шоми 20 июн бо кумаки “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ба Душанбе оварда ва ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуданд. Вояҳои фиристодаи Хитой бояд дудафъаӣ гузаронда шавад ва барои эмгузаронии 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кифоят мекунад.

Дар маросими қабули ваксинаҳо дар фурудгоҳи Душанбе сафири Хитой дар Душанбе Лу Бин, ҳамчунин муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ мудири кулли “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Анвар Зиёев ва хабарнигорон ҳузур доштанд.

Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин маросим Хитойро шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номид ва таъкид кард, ки илми имрӯза собит намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинатсия пеши роҳи бемории коронавирус гирифта мешавад.

Кумаки Хитой дар чорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо номи COVAX , ки таъмини одилонаи кишварҳо бо ваксинаи зидди коронавирусро ба ҳадаф дорад, расонда шуд.

Тоҷикистон моҳи март бо шарофати ин барнома аз Деҳлии Ҳиндустон 192 ҳазор вояи истеҳсоли ширкати “AstraZeneca” ворид карда буд, вале баъдан ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Ҳиндустон Душанбе дигар натавонист аз онҷо ваксинаи бештар бигирад.

Мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, Душанбе ҷиҳати гирифтани ваксинаи русии “Спутник” низ музокирот пеш мебарад, вале ҳанӯз маълум нест, ки тавофуқи мушаххасе дар ин бобат бо Маскав ба даст овардааст ё хайр?

То имрӯз дар Тоҷикистон 116 ҳазору 341 нафар вояи якум ва 15 ҳазору 34 нафар вояи дуюмро қабул намуда, дар умум 132 ҳазору 75 нафар бо ваксина фаро гирифта шудаанд. Тоҷикистон, мутаассифона, аз лиҳози фарогирӣ бо ваксинаи зидди коронавирус дар ҷаҳон дар яке аз зинаҳои аз ҳама пойин қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button