ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ФАВРӢ! ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ҲОЛАТҲОИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ КАРД

Рӯзи 21 июн таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус доир шуд. Ситод дар пайи ин ҷаласа бидуни овардани кадом рақами мушаххас ба мардум хабар дод, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Ситод гуфт, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда шудаааст.

Дар ҷаласа зикр кардаанд, ки мутаасифона, “вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин метавонад ҳолати манфиро ба миён орад.”

Дар хабар гуфта мешавад, ки ситоди ҷумҳуриявӣ қарорҳои дахлдор, аз ҷумла,  пурзур намудани ҳамоҳангии  фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ,  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус андешидани  чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд. Мушаххасоти қарорҳои қабулшуда нашр нашудааст. Вале ишора мешавад, ки бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд,  қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд гардида, вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст.

Эътирофи хуруҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазорати тандурустӣ аз аввали январ ҳар рӯз пойфишорона гузориш медод, ки дар кишвар ягон ҳолати нави коронавирус ошкор нашудааст. Ин ниҳод гузоришҳо дар бораи ба ин вирус гирифтор шудан ва ҳатто фавтидани сокинонро рад мекард ва мегуфт, онҳое, ки гӯё бо гумони коронавирус бистарӣ шудаанд, дар асли ба иллати истеъмоли яхмос ва оби хунук гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли илтиҳоби шуш ё зуком шудаанд, на коронавирус. Вале ба ин афсонаи “яхмосу оби хунук” дигар касе бовар намекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button