ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАЪВАТИ РАИСИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО АЗ МАРДУМ: БЕ ҲЕҶ ИСТИҲОЛА АЗ КОРОНАВИРУС ЭМ ШАВЕД!

Абдухалил Холиқзода, раиси Бемористони Ибни Сино аз тариқи саҳифааш дар Фейсбук аз мардум даъват кардааст, баробари пайдо кардани имкони эмшавӣ аз коронавирус “бе ҳеҷ истиҳола эм шаванд.”

Абдухалил Холиқзода навишт, ки худи ӯ рӯзи 19 июн яке аз охирин корманди бемористони Ибни Сино буд, ки ба зидди коронавирус эм шуд.

“Барои эм шудан ман чанд омилро ба ҳисоб гирифтам. Якум, воксанҳои ба бемористони мо дода шуда ба ҳама кормандон ва ба инҷониб ҳам расид. Дуввум, подтанҳои ман дар тӯли ин муддат поён омад ва ба 1,5 расид”, навиштааст Холиқзода.

Вале, меафзояд ӯ,  нуктаи муҳимми дигар ин ки коршиносони ғарбӣ пас аз он сарусадоҳои қаблӣ ба чунин хулоса омаданд,  ин будааст, ки “оризаҳои эмкунӣ бамаротиб камтар аз оризаҳои бемории Кувид-19 ва қобили контроланд.”

Ҳамчунин менависад Холиқзода, “ба эътимоди коршиносони эпидемиолог ягона роҳи пешгирии пандемӣ эмкунист. Як нафар эмшуда метавонад садди роҳи сироят ёфтани даҳҳо нафар наздиконаш гардад. Ёдамон наравад, ки панҷ дарсади мубталошудагон ба бемории мазкур онро вазнин мегузаронанд!

Даъвати Абдухалил Холиқзода аз мардум ба эмшавӣ ба зидди коронавирус дар ҳолест, ки бино ба гузориши Fortune.com, Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи фарогирии мардумаш бо ваксинаи зидди коронавирус дар яке аз зинаҳои пойин қарор дорад. То кунун дар Тоҷикистон 132 ҳазор нафар, ё тақрибан 1,4 фоизи аҳолӣ аз коронавирус эм шудаанд. Барои муқоиса ин рақам дар Амрико 51 фоиз, дар Канадаву Исроилу Бритониё 62 фоиз, дар Русия 12 фоиз  ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя 3,6 фоиз будааст.

Тоҷикистон моҳи март тавассути Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Чин 192 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека” ворид кард. Рӯзи 20 июн Хитой 300 ҳазор ваксинаи дигари зидди коронавирусро ба Тоҷикистон ройгон дод. Бино ба иттилои Холиқзода, қарор аст рӯзҳои наздик қисми дуввуми воксан аз тариқи барномаи Ковакс низ ворид шавад. Ковакс як барномаест, ки мақсадаш таъмини дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои фақир, ба ваксинаи зидди коронавирус аст.

Хабаргузории “Спутник” хабар дод, ки Русия низ нақша дорад, то  ба таври ройгон ба Тоҷикистон 100 ҳазор воя ваксинаи “Спутник” бидиҳад.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=4018761251534348&id=100002015388293

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button