ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ САРДОРИ ШУЪБАИ КДАМ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ БО МУОВИН ВА ЯК КОРМАНДАШ

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамроҳи муовинаш ва боз як корманди ин идора дастгир кардаанд. Як манбаи “Бомдод” гуфт, ки ин се корманди амният ҳангоми аз як соҳибкор  гирифтани маблағи бузург ҳамчун пора боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, боздошти ин се мансабдорон аз ҷониби хадамоти СБ, яъне  амнияти дохилии худи КДАМ сурат гирифтааст ва мудири шуъбаи амнияти ноҳияи Ҳамадонӣ, муовини ӯ ва кормандаш ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз мақомҳояшон бо ҷурми “паст задани шаъну эътибори корманди КДАМ” барканор карда шудаанд.

“Ростӣ, барои чӣ кори мушаххасе аз соҳибкор пул талаб кардани ин се мақоми амниятӣ ҳанӯз рӯшан нест, вале сухан дар бораи маблағи бузург меравад. Онҳоро тақрибан як ҳафта пеш дастгир карданд”, –  гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”, ки ба далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ифшои тафсилоти бештар дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунад.

Ӯ хабар дод, ки се афсари дастгиршударо аз Ҳамадонӣ ба шаҳри Кӯлоб бурдаанд, вале маълум нест, ки онҳо дар боздоштгоҳи Кӯлоб қарор доранд ваё ба Душанбе бурда шудаанд?

Як манбаи дигари “Бомдод” аз ноҳияи Ҳамадонӣ боздошти кормандони амниятро тасдиқ кард ва гуфт, муовин ва корманди боздоштшудаи КДАМ Толиб ва Раббонӣ ном дошта, яке зодаи Ванҷ ва якеи дигараш аз Кӯлоб мебошанд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, сардори шуъбаи КДАМ ноҳияи Ҳамадонӣ аз вилояти Суғд буд, вале ӯ номашро намедонад.

Тафсилоти дигари қазия ҳанӯз ба даст нарасидааст. Мақомоти КДАМ то кунун хабари боздоштр се афсари ин ниҳодро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button