ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: АМАЛИЁТИ НАҶОТИ ЯК ГУРБА ДАР ДУШАНБЕ

Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе рӯзи 20 июн гурбаеро, ки дар лаби боми бинои чорқабата дармонда буд, наҷот доданд ва беозор пойин оварданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 июн, соати 14:18 як зани сокини Душанбе ба хадамоти ягонаи навбатдориву диспетчерии КҲФ занг зада, хабар дод, ки як гурба дар лаби боми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Айнӣ, 18 ноҳияи Шоҳмансур дармондааст.  Зан гуфт, сокинони бино талош кардаанд, ки мустақилона ба ҳайвони бечора кумак расонанд, вале талошҳояшон натиҷа надод: Гурба, ки сахт тарсида буд, аз ҷояш намеҷунбид ва мияв-мияв-гӯён нолиш мекард.

Наҷотбахшони КҲФ ба ҷои ҳодиса омада, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ аз бом ба самти карниз поёин фаромаданд ва гурбаи бечораро гирифта, ба соҳибаш супурданд.

Дар аксҳои нашркардаи КҲФ дида мешавад, ки гурба баъди наҷот ёфтанаш дар дасти наҷотбахшаш қарор дорад ва ӯ гурбаро бо меҳрубонӣ навозиш мекунад.

КҲФ гуфт, “наҷотбахшон на як бору ду бор қаҳрамони қиссаҳои наҷоти ҳайвонот шудаанд. Ҳарчанд вазифаи асосии наҷотбахшон наҷоти одамон аз фалокатҳост, вале аз рӯи одамгарӣ нест, агар ба кумаки инҳо ҳам нарасем.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button