ТоҷикистонҶомеа

ВИДЕО: ТАҲҚИҚИ КУШТОРИ 4 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ҶАЙҲУН БА КУҶО РАСИД?

Хабарнигори Радиои Озодӣ Амриддин Олимов дар пайи сафараш ба ноҳияи Ҷайҳун гузориш дод, ки мақомот дар таҳқиқи қатли  Аҳлиддин Маҳмадов, сокини деҳаи Меҳнатобод ва се фарзанди ӯ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Субҳи барвақти 12 июн ҷасади 4 узви ин оиларо бо нишонаҳои зоҳиран зарбаи корду дос аз манзили зисташ пайдо карданд ва ҳамсарашро бо як писараш дар ҳолати беҳушӣ ба бахши эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун бурданд.

Ҳоло писараш ба ҳуш омадааст, вале ҳанӯз ҳамсараш аз кома берун нашудааст. “Писараш ба гап даромадааст, вале ба суолҳо ҷавоб намегӯяд. Фақат хоҳиш мекунад, ки падарашро ба наздаш биоранд”,-гуфтааст яке аз наздикони ин оила.

Сокинон деҳа ба такрор аз ҷониби муфаттишон бозпурсӣ мешаванд, вале то ҳол ин куштор як муаммои сарбамуҳр ва нокушода боқӣ мемонад.

Пас аз ҳамла ҳамлагар ё ҳамлагарон хонаро оташ задаанд. Вақте ҳамсояҳо аз ҳодиса хабардор шуданд, хонаи Маҳмадовҳо месӯхт. Лочинбек Маҳмадҷонов, раиси маҳаллаи Меҳнатобод гуфт, онҳо соати панҷи субҳ аз ҳодиса хабардор шуданд.

“Маро занг заданд ва омадам. Ҳодисаро дидам, ки се фарзандаш мурдааст ва худашро бо ҳамсарашу як писараш ба беморхона бурданд. Дар беморхона худаш пас аз ним соат гузашт. Ҳозир ҳамсару писараш вазнин дар беморхона хобанд”,–гуфт ӯ.

Зикриё Маҳмадов, бародари Аҳлиддин мегӯяд, шаби ҳодиса бародараш бо ҳамсар ва як фарзандаш дар як хона хоб буданд ва се фарзандаш дар хонаи дигар қарор доштанд.

Ба қавли ӯ, Аҳлиддин бо касе хусумат надошт ва далеле ҳам барои қатли ӯ вуҷуд надошт.

“Бегоҳии рӯзи 11-ум дар сари заминаш дида будамаш. Салом кардему рафтем. Муносибаташ бо мардуми деҳа хуб буд. Аз ягон чиз шикоят надошт”,–гуфт Зикриё Маҳмадов.

Ҳамсояҳо низ мегӯянд, шоҳиди ҷанг ё муносибати дағали Аҳлиддин бо касе нашуда буданд ва ӯ ҳам ба ҳаде доро набуд, ки барои дороияш ӯро қатл кунанд.

“ 4-5 моҳ пеш модараш аз дунё гузашта буд. Дигар бо ҳамсараш сари замин мерафтанд, кор мекарданду меомаданд хона. Ягон ҷои дигар намерафт”,–гуфт раиси маҳаллаи Меҳнатобод.

Наздиконаш мегӯянд, Аҳлиддин Маҳмадов асосан ба кишоварзӣ машғул буд. Ӯ дар масоҳати се гектар замин хоҷагии деҳқонӣ доштааст. Имсол дар заминҳояш гандум, картошка, пиёз, тарбузу харбуза ва офтобпараст коридааст. Ҳодиса баъди ҷамъоварии ҳосили гандумаш рух додааст. Тарбузу харбузааш ҳанӯз напухтааст.

Ошкор нашудани қотил ё қотилон дар ин ҳодиса сокинони деҳаро дар ҳолати тарс қарор додааст. Кӣ онҳоро кушт? Барои чӣ кушт? Оё хатаре нест, ки дар нисфи шаб ба хонаи онҳо низ ҳамла шавад? Суолҳоеанд, ки беш аз як ҳафта боз сокинони деҳаи Меҳнатобод ва ноҳияи Ҷайҳун ба онҳо посух меҷӯянд.

Таҳқиқи куштори чор узви як хонавода дар Ҷайҳун то куҷо расид? ВИДЕО

Амриддин Олимов, Радиои  Озодӣ


Мақомот дар таҳқиқи қатли Аҳлиддин Маҳмадов, сокини ноҳияи Ҷайҳун ва се фарзандаш ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд.

Субҳи рӯзи 12-уми июн сокинон ҷасади Аҳлиддин Маҳмадовро бо се фарзандаш бо нишонаҳои зоҳиран зарбаи корду дос аз манзили зисташ пайдо карданд ва ҳамсарашро бо як писараш дар ҳолати беҳӯшӣ ба беморхона бурданд. Ҳоло писараш ба ҳӯш омадааст, вале ҳанӯз ҳамсараш аз кома берун нашудааст.

Ашёи нимсӯхта дар ҳавлии Аҳлиддин

Сокинон деҳа ба такрор аз ҷониби муфаттишон бозпурсӣ мешаванд, вале ҳанӯз ин куштор як муаммост ва суоле, ки чӣ кас ё касоне ин хонаводаро бо кадом сабаб қатл кардааст, номаълум аст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун сафар кард. Дар ҳавлии Аҳлиддин Маҳмадов ашёи нимсӯхта аз шаби ҳодиса ҳанӯз ба чашм мерасид. Мақомот чанд сокини ноҳияро бозпурсӣ мекарданд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

“Писараш ба гап даромадааст ва падарашро мепурсад”

Лочинбек Маҳмадҷонов, раиси маҳаллаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ҷиддӣ ҳодисаро тафтиш доранд, вале ҳанӯз натиҷае ба даст наомадааст.

Ҳамсар ва як писари Аҳлиддин Маҳмадов, ки зинда мондаанд, дар бахши эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун қарор доранд. Онҳо зери назорати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд ва ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозат надоданд, ки назди онҳо равад. Табибон ва наздикони онҳо гуфтанд, ки ҳамсараш ҳанӯз ба ҳуш наомадааст, вале писараш чанд рӯз боз суҳбат мекунад.

“Писараш ба гап даромадааст, вале ба суолҳо ҷавоб намегӯяд. Фақат хоҳиш мекунад, ки падарашро ба наздаш биоранд”,–гуфт як тан аз наздиконаш.

Ҳамлагарон хонаро оташ задаанд

Пас аз ҳамла ба ин хонавода зоҳиран ҳамлагар ё ҳамлагарон хонаро оташ задаанд. Вақте ҳамсояҳо аз ҳодиса хабардор шуданд, хона месӯхт. Лочинбек Маҳмадҷонов, раиси маҳаллаи Меҳнатобод гуфт, вақте соати 5-и субҳ ӯро аз ҳодиса хабардор карданд, зуд ба назди ин хона рафт.

“Маро занг заданд ва омадам. Ҳодисаро дидам, ки се фарзандаш мурдааст ва худашро бо ҳамсарашу як писараш ба беморхона бурданд. Дар Беморхона худаш пас аз ним соат гузашт. Ҳозир ҳамсару писараш вазнин дар беморхона хобанд”,–гуфт ӯ.

Зикриё Маҳмадов бародари Аҳлиддин мегӯяд, вақте ҷасадҳоро аз хона мебароварданд, баданашон аз дуд сиёҳ шуда буд, аммо насӯхта буданд. Ӯ гуфт, шаби ҳодиса бародараш бо ҳамсар ва як фарзандаш дар як хона хоб буданд ва се фарзандаш дар хонаи дигар қарор доштанд.

Зикриё намедонад, ки ба хоҳиши писари бародараш чӣ посух гӯяд. Ӯ ҳатто ҳайрон аст, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод ва бародари ӯро бо фарзандонаш кӣ ба қатл расонд. Ба қавли ӯ, Аҳлиддин бо касе хусумат надошт ва далеле ҳам барои қатли ӯ вуҷуд надошт.

“Бегоҳии рӯзи 11-ум дар сари заминаш дида будамаш. Салом кардему рафтем. Ягон гап намегуфт, ягон шикоят намекард. Муносибаташ бо мардуми деҳа хуб буд. Аз ягон чиз шикоят надошт”,–гуфт Зикриё Маҳмадов.

Аҳлиддин кӣ буд?

Ҳамсояҳо низ мегӯянд, шоҳиди ҷанг ё муносибати дағали Аҳлиддин бо касе нашуда буданд ва ӯ ҳам ба ҳаде доро набуд, ки барои дороиаш ӯро қатл кунанд.

“Бо ягон ҳамсоя ё хешу табор ягон муносибати бад надошт. Бачаи нағз буд. Зиндагиаш хуб буд. 4-5 моҳ пеш модараш аз дунё гузашта буд. Дигар бо ҳамсараш сари замин мерафтанд, кор мекарданду меомаданд хона. Ягон ҷои дигар намерафт”,–гуфт Лочинбек Маҳмадҷонов, раиси маҳаллаи Меҳнатобод.

Наздиконаш мегӯянд, Аҳлиддин Маҳмадов асосан ба кишоварзӣ машғул буд. Ӯ дар масоҳати се гектар замин хоҷагии деҳқонӣ доштааст. Имсол дар заминҳояш гандум, картошка, пиёз, тарбузу харбуза ва офтобпараст коридааст. Ҳодиса баъди ҷамъоварии ҳосили гандумаш рух додааст. Тарбузу харбузааш ҳанӯз напухтааст.

Ошкор нашудани қотил ё қотилон дар ин ҳодиса сокинони деҳаро дар ҳолати тарс қарор додааст. Кӣ онҳоро кушт? Барои чӣ кушт? Оё хатаре нест, ки дар нисфи шаб ба хонаи онҳо низ ҳамла шавад? Суолҳоеанд, ки беш аз як ҳафта боз сокинони деҳаи Меҳнатобод ва ноҳияи Ҷайҳун ба онҳо посух меҷӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button