ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

СЕ АФСАРИ МИЛИТСИЯ БАРОИ ШИКАНҶАИ ҲАСАН ЁДГОРОВ БА 10, 12 ВА 13 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17 июни соли 2021 ба баррасии парвандаи пурсарусадои шикаҷаи сокини Турсунзода Ҳасан Ёдгоров билохира нуқта гузошт ва се афсари милитсияро бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 316 (берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ), 323 (сохтакории хидматӣ) ва 143.1 (шиканҷа) гунаҳкор шинохта, ба муҳлати 10, 12 ва 13 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки ҳуқуқдонҳояш дар ин парванда аз манфиатҳои ҷониби ҷабрдида ҳимоят мекарданд, хабар дод.

Додгоҳи олӣ Шералӣ Азизов, сарваколатдори шуъбачаи милитсияи Пахтаободро ба 13 соли зиндон, Саъдӣ  Давлатмуродзода– сарваколатдори бахши кофтукови ҷиноятии ШВКД шаҳри Турсунзодаро ба 12 соли зиндон ва Эраҷ Наимов – сарваколатдор оид ба парвандаҳои хеле муҳими раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистонро ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.

Аз замони дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон илова шудани моддаи махсуси шиканҷа ин шадидтарин ҷазоест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми шиканҷа содир мекунанд.

Ёдовар мешавем, ин се афсари милится ба шиканҷаи сокини Турсунзода Ҳасан Ёдгоров айбдор мешуданд. Ҳасан Ёдгоров моҳи ноябри соли 2017 бо гумони даст доштан дар қатли пешхидмати як тарабхона дар шаҳри Турсунзода Дмитрий Каримов дастгир шуда, то моҳи майи соли 2018 ним солро дар пушти панҷара ба сар бурд. Ӯро танҳо баъди ёфт шудани қотили воқеии Дмитрий Каримов аз ҳабс ҷавоб доданд. Вале вақте ки дар боздошт буд, Ҳасан Ёдгоров ба шиканҷаи кормандони милитсия тоб наоварда, куштани пешхидматро ба гардан гирифт. Гузориш дар бораи чӣ гуна Дмитрий Каримовро куштани Ҳасан Ёдгоров бо эътирофи ӯ дар поёни соли 2017  ҳатто дар телевизиони давлатии Тоҷикистон  дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуда буд.

Баъди боздошти қотили воқеъӣ ва озод шуданаш, Ҳасан Ёдгоров ба ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти расмӣ муроҷиат кард  ва хостори ба ҷавобгарӣ кашондани онҳое шуд, ки ӯро шиканҷа доданд.

Мақомот ба зидди ин се афсари милитсия ҳанӯз дар соли 2018 парванда кушоданд, вале тафтиши пешакӣ ва баррасии додгоҳии ин парванда дар умум беш аз 3 сол тӯл кашид. Парванда бори аввал ҳанӯз моҳи августи соли 2019 ба Додгоҳи олӣ супурда шуд, вале Додгоҳи олӣ моҳи январи соли 2020 онро барои тафтиши дубора баргардонд. Муҳокимаи дубораи парвандаи пурсарусадои шиканҷа дар Додгоҳи олӣ моҳи марти соли 2021 аз сар гирифта шуд ва ин дафъа бо ҳукмҳои сангин нисбат ба афсарони гунаҳкор дар бадрафторӣ нисбат ба Ҳасан Ёдгоров анҷом ёфт.

“Бомдод” қаблан гузориши муфассалеро дар бораи ин парванда нашр карда буд, ки метавонед дар зер мутолиа кунед:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button