ВидеоФарҳанг

ОВОЗХОНИ ХОРИҶӢ ОЧЕ БО ТАРОНАИ “МУ КАБУТАР” ҲАМАРО БА ВАҶД ОВАРД (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои таронаи машҳури “Му кабутар”-и Нобовар Чаноров ва гуруҳи овозадори “Шамс” дар иҷрои овозхонҳо Раҳмон ва Осче ва саксофоннавоз Алсу дар як консерт дар Русия нашр шудааст.

Ҳамаро ба хусус бо чӣ қадар ҳарорат бо забони мардуми Бадахшон ин  таронаро хондани овозхони хориҷӣ Оче ва рақсидану каф кӯфтани ӯ дар ҳавои оҳанги дилнишини ин тарона ба ваҷд овард.

Ин кавери таронаи Нобовар билофосила тамошобини зиёд пайдо кард ва корбарони тоҷик онро дар дигар платформаҳои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда, бахусус аз чӣ қадар тоҷикона ҳунарнамоӣ кардани Оче ситоиш мекунанд.

Нобовар Чаноров, овозхони гуруҳи овозадори “Шамс” 50 сол дорад. Ӯ 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба дунё омада, дар зодгоҳи волидонаш – рустои Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба воя расидааст.  Нобовар мактаби №6-и Деҳрӯшон ва риштаи актёриву коргардонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.

 Ӯ соли 2000 гуруҳи “Шамс”-ро таъсис дод, ки яке аз машҳуртарин гуруҳҳои эстрадаи тоҷик ба шумор меравад.  Ин гуруҳ асосан таронаҳои мардумиро дар қолаби эстрада  дар сабки маъруф ба номи “сабки Бадахшон” иҷро мекунад.

Таронаи “Ба лолазор”-и Нобовар Чаноров соли 2017 сазовори ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017″ шуд. Дар тақрибан ҳар озмуни таронаҳои эстрадӣ Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” ҳатман бо ягон шоҳкори худ ҷоиза ба даст меоранд. “Ба лолазор”, “Ту гули лола”, “Бачагиям бекасу танҳо гузашт”, “Миҷгонсиёҳ” ва чандин тарона ба забонҳои Бадахшон аз ҷумлаи таронаҳои мондагорест, ки Нобовар ва гуруҳи “Шамс” иҷро кардаанд.

Нобовар Чаноров бо вуҷуди шуҳрату маҳбубияте, ки дорад, аз овозхонҳоест, ки ҳеҷ гоҳ ба ин шуҳраташ дода нашуд ва ҳамеша ҳамчун як инсони хоксор, самимӣ, хушсуҳбат ва ба хосу ом як боқӣ монд.

“Му кабутар” охирин шоҳкор аз Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” буда, соли гузашта ба бозор даромадааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button