ВидеоИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

КОРМАНДОНИ КОНИ ТИЛЛОИ ПОКРӮДРО ДАР ДАРАИ РОМИТ КАРАНТИН КАРДААНД

Коргарони кони тиллои Покрӯд дар дараи Ромит ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки дар пайи бо гумони олудашавӣ ба коронавирус бистарӣ шудани чанд коргари ин кон, ҳамаи онҳоро таҳти карантин қарор додаанд ва иҷозати тарки қаламрави корхона намедиҳанд.

Яке аз коргарони кони Покрӯд гуфт, басти кории онҳо маъмулан аз ним моҳ иборат буд ва онҳое, ки аз 1 июн ба кор баромада буданд, бояд баъди 15 июн идомаи корро ба дасти дигар супурда, аз 16 июн ба хонаҳояшон мерафтанд.

“Вале ҳамаамонро маҳкам карданд дар дохили корхона. Гуфтанд, ки агар хона ба хона биравем, метавонем манбаи паҳншавии вирус шавем. Чанд коргар бо аломатҳои монанд ба коронавирус бистарӣ карда шудаанд ва бақия низ бояд ҳама аз муоина ва ташхис бигузаранд. Ҳамаи онҳое, ки басти кориашон 15 июн тамом шуд, дар карантин қарор доранд. Ба ягон нафар иҷозат дода нашуд, ки берун биравад. Ҳоло намедонем, ки карантин чанд рӯз давом мекунад. Соли гузашта ҳам баъди ба коронавирус гирифтор шудани чанд коргар ҳамаро ягон ду ҳафта карантин карда буданд дар кони Покрӯд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Тафсилоти дигар дастрас нест. Маъмурияти кони тиллои Покрӯд хабари бистарӣ шудани коргаронаш бо гумони олудашавӣ ба коронавирусро ҳанӯз расман шарҳ надодааст.

Кони Покрӯд

Кони тилои «Покрӯд», воқеъ дар  дараи Ромит, дар тақрибан 120-километрии шарҳи Душанбе, аввалин кони маъданҳои гаронбаҳои Тоҷикистон аст, ки ба таври пурра ба ихтиёри ширкати хориҷӣ дода шуд. Ҳамаи саҳмияҳои ин кон ҳоло дар дасти корпоратсияи хитоии China Nonferrous Gold Limited қарор дорад. Захираи тиллои холис дар кони Покрӯд, бино ба ҳисобҳои идораи “Геологияи тоҷик”, беш аз 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳоло аксари конҳои тиллои Тоҷикистон дар дасти ширкатҳои Хитой қарор доранд.

Хабари карантин шудани коргарони кони тиллои Покрӯд дар ҳолест, ки чанд ҳафта боз аз Тоҷикистон хабарҳои пуртаҳлука дар бораи омадани мавҷи нави коронавирус ба ин кишвар ба даст мерасанд.

Рӯзи 19 июн Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар бемористони маҳаллаи Якум Советский баъди ду ҳафтаи зери дастгоҳи сунъии нафаскашӣ қарор доштанаш вафот кард. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки Абдураҳимзода бо зану писараш бо аломатҳои коронавирус дар ин бемористон бистарӣ шуда буданд. Вале як манбаи “Спутник” гуфтааст, Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва зану фарзандаш моҳи майи соли 2020 бемории коронавирусро пушти сар карда буданд ва ин дафъа бар асари истеъмоли оби сард бистарӣ шуда буд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021 инак қариб ним сол боз ҳар рӯз бо исрор ҳисобот медиҳад, ки “дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор карда нашуд.” Хадамоти матбуоти ин вазорат низ мавридҳои афзояндаи бо аломатҳои коронавирус ба бемористонҳо афтодани сокинонро асароти истеъмоли яхмосу оби сард ва оббозӣ дар оби хунук номида, пойфишорӣ дорад, ки онҳо ба бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас, ба мисли зуком ё пневмония дучор шудаанд, на ба коронавирус. Вале бисёриҳо ба ин қиссаҳои “яхмосу оби сард” торафт камтар бовар мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button