ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАЗО БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТ ВА МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА БО ҲАЙВОНОТУ ПАРРАНДАҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ШАДИДТАР ШУД

Парлумони Тоҷикистон дар ин ҳафта бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоро барои азобу уқубат ва шиканҷаи ҳайвонот ва паррандагон ва барои тарғиби чунин муносибати бераҳмона шадидтар кард. Аз ин ба баъд барои чунин муносибати бераҳмона шаҳрвандонро метавонанд ба маблағи аз 180 сомонӣ то 600 сомонӣ ҷарима банданд.

Тағйирот ба моддаи 277 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар бобати шадидтар кардани ҷазо барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва паррандагонро ҳамчун ташаббуси қонунгузорӣ се вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Рустам Латифзода, Рустам Шоҳмурод ва Ҷамшед Муртазозода пешниҳод кардаанд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ рӯзи 16 июн, зимни муаррифии тағйироти пешниҳодшуда гуфт, “мақсад аз таҳияи он танзими оқибати ҳуқуқӣ вобаста ба  кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо, аз ҷумла, ҳайвоноти бесоҳиб, яъне мавриди шиканҷа, латукӯб, азобу уқубат қарор додан ё содир намудани ҳаракатҳои дигари зӯроварӣ, ки боис ба маъюбӣ ё ҳалокати онҳо нагардидааст, ҳамчунин тарғиби муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ва парандаҳо мебошад.”

 Баҳриддин Зиёӣ гуфт, аз ҷумла бар асоси қисми якуми моддаи 277 барои чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи  аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (аз 180 то 300 сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад.

 Ҳамин тавр,  афзуд Зиёӣ, тибқи қисми 2 моддаи 277 ҷавобгарии маъмурӣ барои кирдорҳои бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо, ки агар онҳо аз ҳиссиёти авбошӣ, бо бераҳмии махсус, садизм, бо мақсади ғаразнок ва дигар нияти нопоку паст, ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла, интернет, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати онҳо гардидаанд ва ё дар ҳузури шахсони баръало хурдсол содир шуда бошанд, пешбинӣ гардида, ҷазои ҷаримавӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 300 то 600 сомонӣ)  таъин мешавад.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди дар Кодекси амалкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд будани ҷавобгарии маъмурӣ барои  муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот “дар амалия чунин кирдорҳо содир гардида, онҳо бе оқибати ҳуқуқӣ ва ҷазо боқӣ мемонанд.”

 Ҳангоми баррасии лоиҳа Ғайрат Азиззода, раиси собиқи ноҳияи Мастчоҳ суол дод, ки “ҳар сол  дар фасли баҳор дар ноҳияи Мастчоҳ селаи парандагони мавсимӣ, аз ҷумла, турнаю лаклакҳо дар иншооти барқу обтаъминкунӣ маскун шуда, ба фаъолияти насос­ҳои обкашӣ халал мерасонанд. Баъзан барои кумак аз хизмати шикорчиҳо истифода мешавад. Баъд аз ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оё дар мавриди зикршуда низ ҷарима пешбинӣ шудааст?

Дар посух ба ӯ раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, “дар ҳудуди фуруд­гоҳ, симчӯби хатҳои баландшиддати барқ ва ғайра, бо дарназардошти таъмини бехатарӣ, халалдор накардани фаъолияти онҳо ҳолати истисноии тарс додану рондани парандаҳо ҷой дорад.”

Рустам Шоҳмурод, яке аз муаллифони ташаббуси шадидтар кардани ҷазо барои муносибати бераҳмона бо ҳайвоноту паррандагон гуфт, тағйироти ворида ба Кодекс ҷазо барои кирдорҳои ғаразнок ва аз ҳиссиёти авбошӣ содиршударо дар назар дорад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button