ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 20 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 20 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

АЗ 10 ТО 13 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СЕ АФСАРИ МИЛИТСИЯ БАРОИ ШИКАНҶАИ ҲАСАН ЁДГОРОВ

БОЗДОШТИ МАВЛАВӢ АБДУЛЛОҲИ ЯЗГУЛОМӢ ВА БАРОДАРАШ БО ГУМОНИ ҲАМКОРӢ БО ҲНИТ

КОРМАНДОНИ КОНИ ТИЛЛОИ ПОКРӮДРО ДАР ДАРАИ РОМИТ КАРАНТИН КАРДААНД

ТАҲҚИҚИ КУШТОРИ 4 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ҶАЙҲУН БА КУҶО РАСИД?

ҶАЗО БАРОИ МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА БО ҲАЙВОНОТУ ПАРРАНДАҲО ШАДИДТАР ШУД

СУРАЙЁ ҚОСИМОВАРО 15 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТААНД

ДАР РОҒУН ЯК МАРДИ САХӢ 3 ҲАЗОР КИТОБРО ХАРИДА, БА МАРДУМ БЕПУЛ ТАҚСИМ КАРДААСТ

BA ОВОЗХОНИ ХОРИҶӢ ОЧЕ БО ТАРОНАИ “МУ КАБУТАР” ҲАМАРО БА ВАҶД ОВАРД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17 июни соли 2021 ба баррасии парвандаи пурсарусадои шикаҷаи сокини Турсунзода Ҳасан Ёдгоров билохира нуқта гузошт ва се афсари милитсияро бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 316 (берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ), 323 (сохтакории хидматӣ) ва 143.1 (шиканҷа) гунаҳкор шинохт.  Додгоҳи олӣ Шералӣ Азизов, сарваколатдори шуъбачаи милитсияи Пахтаободро ба 13 соли зиндон,  Саъдӣ  Давлатмуродзода– сарваколатдори бахши кофтукови ҷиноятии ШВКД шаҳри Турсунзодаро ба 12 соли зиндон ва Эраҷ Наимов – сарваколатдор оид ба парвандаҳои хеле муҳими раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистонро ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.

Аз замони дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон илова шудани моддаи махсуси шиканҷа ин шадидтарин ҷазоест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми шиканҷа содир мекунанд.

Ёдовар мешавем, ин се афсари милится ба шиканҷаи сокини Турсунзода Ҳасан Ёдгоров айбдор мешуданд. Ҳасан Ёдгоров моҳи ноябри соли 2017 бо гумони даст доштан дар қатли пешхидмати як тарабхона дар шаҳри Турсунзода Дмитрий Каримов дастгир шуда, то моҳи майи соли 2018 ним солро дар пушти панҷара ба сар бурд. Ӯро танҳо баъди ёфт шудани қотили воқеии Дмитрий Каримов аз ҳабс ҷавоб доданд. Вале вақте ки дар боздошт буд, Ҳасан Ёдгоров ба шиканҷаи кормандони милитсия тоб наоварда, куштани пешхидматро ба гардан гирифт. Гузориш дар бораи чӣ гуна Дмитрий Каримовро куштани Ҳасан Ёдгоров бо эътирофи ӯ дар поёни соли 2017  ҳатто дар телевизиони давлатии Тоҷикистон  дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуда буд.

Баъди боздошти қотили воқеъӣ ва озод шуданаш, Ҳасан Ёдгоров ба ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти расмӣ муроҷиат кард  ва хостори ба ҷавобгарӣ кашондани онҳое шуд, ки ӯро шиканҷа доданд.

ххххххххххххххххх

Рӯҳонӣ Абдуллобек Қувватбеков, маъруф бо номи Мавлавӣ Абдуллоҳи Язгуломӣ ва бародараш Иззатуллоҳ Қувватбеков рӯзи 18 июн дар манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Наздикони боздоштшудаҳо ва ҳам як манбаи наздик ба мақомоти давлатӣ рӯзи 19 июн ин хабарро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд.

Мавлавӣ Абдуллоҳ зодаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  буда, наворҳои мавъизаҳои пурҳарораташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуд ва ҳаводорони зиёд дошт.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек Қувватбеков гуфт, субҳи 18 июн як нафар ба манзилашон омад ва худро писари Диловар – паҳлавони язгуломӣ муаррифӣ кард ва гуфт, нисбат ба Мавлавӣ шикоятҳо расидааст ва мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд таҳқиқ кунанд.

“Пас аз як соат чаҳор нафар ҳамроҳи писари Диловар-паҳлавон омаданд, худро муаррифӣ накарда гуфтанд, ки дар нисбати Мавлавӣ ва бародараш мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тафтишотро оғоз кардаанд ва ҳардуро барои пурсиш мебарем. Баъд гуфтанд, ки ин ҳарду ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) иртибот доштааанд”, – гуфтааст Қувватбек Қувватбеков.

Ба гуфтаи Қувватбеков, мақомот Мавлавӣ Абдуллоҳ ва бародари  дигараш Иззатуллоҳро дастгир карда, хонаашонро кофтукоб кардаанд ва як теъдод китобҳои динӣ ва ҳам 80 ҳазор доллар пули нақдро бо худ бурдаанд. Ӯ гуфтааст, ин маблағи бузург пули се мошини “КамАЗ” себ аст, ки бародараш аз Ванҷ  оварда, дар Душанбе фурӯхтааст.

Манбаи Озодӣ гуфтааст, ки Мавлавӣ Абдуллоҳи Язгуломӣ ва бародарашро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт кардаанд.

Боздошти ин рӯҳонӣ дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар бораи ихтилофи назар байни рӯҳониёни суннатгаро ва муллоҳои ба истилоҳ “навбаромад” дар Язгулом сарусадоҳои зиёд ба гӯш мерасид. Вале маълум нест, ки оё “шикоятҳо нисбати Мавлавӣ”, ки писари Диловар – паҳлавони язгуломӣ дар борааш суҳбат мекард, ба он ихтилофи назарҳо байни муллоҳои наву кӯҳна дар Язгулом рабт доранд ё инҷо сирри дигаре пинҳон аст?

ххххххххххххххххх

Кони Покрӯд

Коргарони кони тиллои Покрӯд дар дараи Ромит ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки дар пайи бо гумони олудашвӣ ба коронавирус бистарӣ шудани чанд коргари ин кон, ҳамаи онҳоро таҳти карантин қарор додаанд ва иҷозати тарки қаламрави корхона намедиҳанд.

Яке аз коргарони кони Покрӯд гуфт, басти кории онҳо маъмулан аз ним моҳ иборат буд ва онҳое, ки аз 1 июн ба кор баромада буданд, бояд баъди 15 июн идомаи корро ба дасти дигар супурда, аз 16 июн ба хонаҳояшон мерафтанд. “Вале ҳамаамонро маҳкам карданд дар дохили корхона. Гуфтанд, ки агар хона ба хона биравем, метавонем манбаи паҳншавии вирус шавем. Соли гузашта ҳам баъди ба коронавирус гирифтор шудани чанд коргар ҳамаро ягон ду ҳафта карантин карда буданд дар кони Покрӯд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Маъмурияти кони тиллои Покрӯд ин хабарро ҳанӯз расман шарҳ надодааст.

Кони тилои «Покрӯд», воқеъ дар  дараи Ромит аввалин кони маъданҳои гаронбаҳои Тоҷикистон аст, ки ба таври пурра ба ихтиёри ширкати хориҷӣ дода шуд. Ҳамаи саҳмияҳои ин кон ҳоло дар дасти корпоратсияи хитоии China Nonferrous Gold Limited қарор дорад. Захираи тиллои холис дар кони Покрӯд, бино ба ҳисобҳои идораи “Геологияи тоҷик”, беш аз 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳоло аксари конҳои тиллои Тоҷикистон дар дасти ширкатҳои Хитой қарор доранд.

Хабари карантин шудани коргарони кони тиллои Покрӯд дар ҳолест, ки чанд ҳафта боз аз Тоҷикистон хабарҳои пуртаҳлука дар бораи омадани мавҷи нави коронавирус ба ин кишвар ба даст мерасанд.

Рӯзи 19 июн Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар бемористони маҳаллаи Якум Советский баъди ду ҳафтаи зери дастгоҳи сунъии нафаскашӣ қарор доштанаш вафот кард. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки Абдураҳимзода бо зану писараш бо аломатҳои коронавирус дар ин бемористон бистарӣ шуда буданд. Вале як манбаи “Спутник” гуфтааст, Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва зану фарзандаш моҳи майи соли 2020 бемории коронавирусро пушти сар карда буданд ва ин дафъа бар асари истеъмоли оби сард бистарӣ шуда буд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021 инак қариб ним сол боз ҳар рӯз бо исрор ҳисобот медиҳад, ки “дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор карда нашуд.” Хадамоти матбуоти ин вазорат низ мавридҳои афзояндаи бо аломатҳои коронавирус ба бемористонҳо афтодани сокинонро асароти истеъмоли яхмосу оби сард ва оббозӣ дар оби хунук номида, пойфишорӣ дорад, ки онҳо ба бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас, ба мисли зуком ё пневмония дучор шудаанд, на ба коронавирус. Вале мардум ба ин қиссаҳои “яхмосу оби сард” торафт камтар бовар мекун

ххххххххххххххххххх

Хабарнигори Радиои Озодӣ Амриддин Олимов дар пайи сафараш ба ноҳияи Ҷайҳун гузориш дод, ки мақомот дар таҳқиқи қатли  Аҳлиддин Маҳмадов, сокини деҳаи деҳаи Меҳнатобод ва се фарзанди ӯ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Субҳи барвақти 12 июн ҷасади 4 узви ин оиларо бо нишонаҳои зоҳиран зарбаи корду дос аз манзили зисташ пайдо карданд ва ҳамсарашро бо як писараш дар ҳолати беҳушӣ ба бахши эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун бурданд.

Ҳоло писараш ба ҳуш омадааст, вале ҳанӯз ҳамсараш аз кома берун нашудааст. “Писараш ба гап даромадааст, вале ба суолҳо ҷавоб намегӯяд. Фақат хоҳиш мекунад, ки падарашро ба наздаш биоранд”,-гуфтааст яке аз наздикони ин оила.

Сокинон деҳа ба такрор аз ҷониби муфаттишон бозпурсӣ мешаванд, вале то ҳол ин куштор як муаммои сарбамуҳр ва нокушода боқӣ мемонад.

Пас аз ҳамла ҳамлагар ё ҳамлагарон хонаро оташ задаанд. Вақте ҳамсояҳо аз ҳодиса хабардор шуданд, хонаи Маҳмадовҳо месӯхт. Лочинбек Маҳмадҷонов, раиси маҳаллаи Меҳнатобод гуфт, онҳо соати панҷи субҳ аз ҳодиса хабардор шуданд.

“Маро занг заданд ва омадам. Ҳодисаро дидам, ки се фарзандаш мурдааст ва худашро бо ҳамсарашу як писараш ба беморхона бурданд. Дар беморхона худаш пас аз ним соат гузашт. Ҳозир ҳамсару писараш вазнин дар беморхона хобанд”,–гуфт ӯ.

Зикриё Маҳмадов, бародари Аҳлиддин мегӯяд, шаби ҳодиса бародараш бо ҳамсар ва як фарзандаш дар як хона хоб буданд ва се фарзандаш дар хонаи дигар қарор доштанд.

Ба қавли ӯ, Аҳлиддин бо касе хусумат надошт ва далеле ҳам барои қатли ӯ вуҷуд надошт.

Ҳамсояҳо низ мегӯянд, шоҳиди ҷанг ё муносибати дағали Аҳлиддин бо касе нашуда буданд ва ӯ ҳам ба ҳаде доро набуд, ки барои дороияш ӯро қатл кунанд.

“ 4-5 моҳ пеш модараш аз дунё гузашта буд. Дигар бо ҳамсараш сари замин мерафтанд, кор мекарданду меомаданд хона. Ягон ҷои дигар намерафт”,–гуфт раиси маҳаллаи Меҳнатобод.

Наздиконаш мегӯянд, Аҳлиддин Маҳмадов дар масоҳати се гектар замин хоҷагии деҳқонӣ дошта, имсол дар заминҳояш гандум, картошка, пиёз, тарбузу харбуза ва офтобпараст коридааст. Ҳодиса баъди ҷамъоварии ҳосили гандумаш рух додааст. Тарбузу харбузааш ҳанӯз напухтааст.

Ошкор нашудани қотил ё қотилон дар ин ҳодиса сокинони деҳаро дар ҳолати тарс қарор додааст. Кӣ онҳоро кушт? Барои чӣ кушт? Оё хатаре нест, ки дар нисфи шаб ба хонаи онҳо низ ҳамла шавад? Суолҳоеанд, ки беш аз як ҳафта боз сокинони деҳаи Меҳнатобод ба онҳо посух меҷӯянд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Нашрияи “Пайк” хабар дод, ки Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозхони шинохта Сурайё Қосимоваро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Примадоннаи тоҷикро ба он гунаҳкор кардаанд, ки дар Кўлоб зиндагӣ намекунад, аммо аз идораи фарҳанг моҳона мегирад. “Пайк” навишт,  рӯзи 19 июн Сурайё Қосимова маблағи ҷаримаро дарёфт карда пардохт кард, яъне кормандони Агентӣ 15 000 сомонӣ ба давлат фоида оварданд. Ба саволи он, ки ин кормандон чӣ қадар зарар ба обрўйи давлат оварданд, гумон дорам, ҳар як фарди солимақл посух дода метавонад. Ин зарар нарх надорад, чунки болотар аз ҳисоби маблағ аст.

Абдураҳим Одинаев, мудири бахши Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб  дар суҳбат бо нашрияи “Пайк” аз ин идора маош гирифтани Сурайё Қосимоваро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ӯ дар ивази ин маоши ночиз “хидмат мекард”: «Апаи Сурайёро дар ҳар чорабиние, ки даъват мекунем, бе ягон инҷиқӣ қабул мекунад,сари вақт меояд ва аз сидқи дил хизмат мекунад. Дар ҳоле, ки дигар ҳунармандон барои иштирок дар як чорабинӣ то 10 000 сомонӣ талаб мекунанд. Моҳонаи каме, ки дар инҷо мегирифт маҳз барои ҳамин хизматҳояш буд.»

Сурайё Қосимова 63 сол дошта, беш аз 50 сол боз дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунад.  Ӯ 5 фарзанд дорад. Ду фарзанди ӯ: Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед низ касби модарро пеша кардаанд ва ҳоло аз овозхонҳои маъруфи кишвар ба шумор мераванд. Соли гузашта издивоҷи Сурайё Қосим бо як варзишгари аз худаш 18 сол ҷавонтар шӯру шарри зиёде ба по карда буд.

Вале бисёриҳо аз интихоби овозхон пуштибонӣ карданд ва гуфтанд, ҳар як зан сарфи назар аз синну солаш ҳаққи хушбахт будан дорад.

ххххххххххххххххх

Парлумони Тоҷикистон дар ин ҳафта бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоро барои азобу уқубат ва шиканҷаи ҳайвонот ва паррандагон ва барои тарғиби чунин муносибати бераҳмона шадидтар кард. Аз ин ба баъд барои чунин муносибати бераҳмона шаҳрвандонро метавонанд ба маблағи аз 180 сомонӣ то 600 сомонӣ ҷарима банданд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ гуфт,

аз ҷумла бар асоси қисми якуми моддаи 277 барои чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи  аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (аз 180 то 300 сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад.

 Ҳамин тавр,  афзуд Зиёӣ, тибқи қисми 2 моддаи 277 барои кирдорҳои бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо, ки агар онҳо аз ҳиссиёти авбошӣ, бо бераҳмии махсус, садизм, бо мақсади ғаразнок ва дигар нияти нопоку паст, ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла, интернет, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати онҳо гардидаанд ва ё дар ҳузури шахсони баръало хурдсол содир шуда бошанд, ҷазои ҷаримавӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 300 то 600 сомонӣ)  таъин мешавад.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди дар Кодекси амалкунанда мавҷуд будани ҷавобгарии маъмурӣ барои  муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот “дар амалия чунин кирдорҳо содир гардида, онҳо бе оқибати ҳуқуқӣ ва ҷазо боқӣ мемонанд.”

 Ҳангоми баррасии лоиҳа Ғайрат Азиззода, раиси собиқи ноҳияи Мастчоҳ суол дод, ки “ҳар сол  дар фасли баҳор дар ноҳияи Мастчоҳ селаи парандагони мавсимӣ, аз ҷумла, турнаю лаклакҳо дар иншооти барқу обтаъминкунӣ маскун шуда, ба фаъолияти насос­ҳои обкашӣ халал мерасонанд. Баъзан барои кумак аз хизмати шикорчиҳо истифода мешавад. Баъд аз ворид намудани тағйир ба Кодекс оё дар мавриди зикршуда низ ҷарима пешбинӣ шудааст?”

Дар посух ба ӯ раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, “дар ҳудуди фуруд­гоҳ, симчӯби хатҳои баландшиддати барқ ва ғайра, бо дарназардошти таъмини бехатарӣ, халалдор накардани фаъолияти онҳо ҳолати истисноии тарс додану рондани парандаҳо ҷой дорад.”

Рустам Шоҳмурод, яке аз муаллифони ташаббуси шадидтар кардани ҷазо барои муносибати бераҳмона бо ҳайвоноту паррандагон гуфт, тағйироти ворида ба Кодекс  ҷазо танҳо барои кирдорҳои ғаразнок ва аз ҳиссиёти авбошӣ содиршударо дар назар дорад.

ххххххххххххххххх

Давлат Сафар, шоир ва раҳбари нашриёти “Адиб” бо нашри як видео хабар дод, ки як марди саховатпеша 3 ҳазор адад китоби нашриёти “Адиб”-ро харидорӣ карда, ба мардуми китобдӯст тақдим кардааст.  “Ҳаводорони сухан озодона китобҳои дилхоҳашонро аз рӯи мизи хайрия интихоб карданд”, хабар додааст Давлат Сафар. Дар видео дида мешавад, ки мардуми зиёде барои гирифтани китобҳои ройгон навбат истода, аз рӯи миз китобҳои хостаашон интихоб карда истодаанд.

Давлат Сафар ин амали хайрро “ташаббуси ибратомӯз” номида, даҳҳо нафар ба ҳиммати он марди саховатпеша ва маҳз китоб тақсим карданаш ба мардумро офарин хондаанд.

Дар посух ба суоли хонандагон ки ин кор дар куҷо сурат гирифтааст?, Давлат Сафар бо як байт посух додааст, ки дар шаҳри Роғун:

Ҳарчӣ дидем аз саховатпешагон он рӯз мо,

Боварат нояд агар, бархез бар Роғун биё!

Нашриёти “Адиб” баъди ба роҳбариаш омадани Давлат Сафар дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо мақсади тарғиби китобу китобхонӣ корвонҳои фурӯши китобҳояшро ташкил мекунад. Бисёриҳо аз ин ташаббуси Давлат Сафар тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ӯ тавонист бозори чанд даҳсола боз сардшудаи китобро дар Тоҷикистон аз нав гарм кунад ва мутолиаи китобро аз нав ба мӯд табдил диҳад.

ххххххххххххххххх

Дар Интернет видеои таронаи машҳури “Му кабутар”-и Нобовар Чаноров ва гуруҳи овозадори “Шамс” дар иҷрои овозхонҳо Раҳмон ва Осче ва саксофоннавоз Алсу дар як консерт дар Русия нашр шудааст.

Ҳамаро ба хусус бо чӣ қадар ҳарорат бо забони мардуми Бадахшон ин  таронаро хондани овозхони хориҷӣ Оче ва рақсидану каф кӯфтани ӯ дар ҳавои оҳанги дилнишини ин тарона ба ваҷд овард. Ин кавери таронаи Нобовар билофосила тамошобини зиёд пайдо кард ва корбарони тоҷик онро дар дигар платформаҳои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда, бахусус аз чӣ қадар тоҷикона ҳунарнамоӣ кардани Оче ситоиш мекунанд.

Нобовар Чаноров, овозхони гуруҳи овозадори “Шамс” 50 сол дорад. Ӯ 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба дунё омада, дар зодгоҳи волидонаш – рустои Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба воя расидааст.  Нобовар мактаби №6-и Деҳрӯшон ва риштаи актёриву коргардонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.

 Ӯ соли 2000 гуруҳи “Шамс”-ро таъсис дод, ки яке аз машҳуртарин гуруҳҳои эстрадаи тоҷик ба шумор меравад.  Ин гуруҳ асосан таронаҳои мардумиро дар қолаби эстрада  дар сабки маъруф ба номи “сабки Бадахшон” иҷро мекунад.

Таронаи “Ба лолазор”-и Нобовар Чаноров соли 2017 сазовори ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017″ шуд. Дар тақрибан ҳар озмуни таронаҳои эстрадӣ Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” ҳатман бо ягон шоҳкори худ ҷоиза ба даст меоранд. “Ба лолазор”, “Ту гули лола”, “Бачагиям бекасу танҳо гузашт”, “Миҷгонсиёҳ” ва чандин тарона ба забонҳои Бадахшон аз ҷумлаи таронаҳои мондагорест, ки Нобовар ва гуруҳи “Шамс” иҷро кардаанд.

Нобовар Чаноров бо вуҷуди шуҳрату маҳбубияте, ки дорад, аз овозхонҳоест, ки ҳеҷ гоҳ ба ин шуҳраташ дода нашуд ва ҳамеша ҳамчун як инсони хоксор, самимӣ, хушсуҳбат ва ба хосу ом як боқӣ монд.

“Му кабутар” охирин шоҳкор аз Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” буда, соли гузашта ба бозор даромадааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button