ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЯКЕ АЗ ЁРОНИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД БА МАҚОМИ ВАЗИРИ ДИФОИ АФҒОНИСТОН ТАЪЙИН ШУД

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидин ва намояндаи тоҷикҳои Афғонистон, ки чанд рӯз пеш фармони сарпарастии вазорати корҳои дохилиро ба даст оварда буд, дар пайи файсалаҳои раҳбарони он кишвар  ба мақоми вазири дифоъ – яке аз мақомҳои калидӣ дар ҳукумати Афғонистон таъйин шудааст.

Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба ин мақоми калидӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки  ҷунбиши Толибон дар ин авохир боз чанд вулусволиро ба даст овард ва ин ба оташи нигарониҳо дар бораи эҳтимоли суқути ҳукумати кунунии Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ равғани бештар мерезад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосӣ дар таркиби эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон, то 11 сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Бисмиллоҳхон 60 сол дошта, мисли Аҳмадшоҳи Масъуд зодаи Панҷшер аст ва аз синни 18 ба саффи муҷоҳидини таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд, пайвастааст. Бисмиллоҳхон аз соли 2012 то 2015 низ вазири дифои Афғонистон буд, вале дар замони раёсати Ашраф Ғанӣ ба гӯша рафт ва дар ҳеҷ симати давлатӣ таъйин нашуд, то ин ки шароити хоси кунунӣ ба миён наомад.

Муҳибуллоҳ Нурӣ, мушовири Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи мариз шудани вазири қаблӣ, ташдид ёфтани ҷанг бо Толибон ва суқут кардани чандин вулусволӣ ба дасти онҳо раҳбарони кишвар ба ин натиҷа расидаанд, ки ин генерали таҷрибадор вазири дифоъ таъйин шавад.

“Номзадии ӯро Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд. Ҳоло ду раҳбар файсала кардаанд, ки бори ҷанги кунуниро маҳз мисли ӯ як фармондеҳи муҷарраб ва зиддитолиб ба дӯш дошта бошад”, – гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Вазъи хос

Генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд,дар ин вазифа Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро иваз мекунад. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифоъи Афғонистон буд ва гуфта мешавад, ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надорад.

Таъйиноти Муҳаммадӣ дар ҳолест, ки рӯзҳои ахир Толибон бо тамоми қувват пойгоҳу мавқеъи Урдуи миллии Афғонистонро дар вилоятҳо танг карда, то ба ҳол дар саросари кишвар ҳудуди 30 вулусволиро забт кардаанд.

Тибқи созише, ки дар пайи интихоботи ду соли пеш миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба вуҷуд омад, вазифаи вазири дифоъ саҳми аввалӣ ба ҳисоб меравад. Ашраф Ғанӣ дар замони президентиаш (аз соли 2014 ба ин сӯ) ҳеҷ гоҳ як тоҷик ё ғайрипаштунро ба ин вазифаи калидӣ дар ҳукумати Афғонистон таъйин накардааст.

Таъйини Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд, бузургтарин муборизи зидди терроризму Толибон, ба ин маънист, ки вазъ дар Афғонистон воқеан ба вахомат гароида, эҳтимоли суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба дасти Толибон пас аз комилан хориҷ шудани нерӯҳои Амрико ва НАТО то 11 сентябри соли равон ба вуҷуд омадааст.

 Аз ин хотир, таъйини Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар ин мақтаъи таърихӣ аҳамияти хосе хоҳад дошт. Аммо то куҷо ӯ муваффақ дар майдонҳои ҷанг мешавад ва Афғонистонро наҷот медиҳад, суолест, ки то чанд моҳи дигар посухи худро ёфт.

Kabul, Afghanistan — General Bismillah Khan Mohammadi,Afghan National Army Chief of Staff,speaks to afghan aircrew members before their flight Mar 24. The first afghan C-27 aircrew flew their first operational mission to supply Kandahar Air Field with medical and personal care items. .(U.S. Air Force photo/Senior Airman Matt Davis)

Бисмиллоҳхон кист?

Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ соли 1961 дар деҳаи Рухаи вулусволӣ (ҳоло вилоят) – и Панҷшери вилояти Парвон ба дунё омада, аз ёрон ва афроди мавриди эътимоди Аҳмадшоҳ Масъуд – Қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки дар синни 18–солагӣ ба сафи муҷоҳидини ӯ пайвастааст.

Дар замони ҳукумати муҷоҳидин дар Кобул (1992 – 1996) фармондеҳи лашкари 40-и пиёда ва дар замони муқовимат алайҳи Толибон фармондеҳи умумии Горди миллии Давлати исломии Афғонистон таъйин шуд.

Ӯ яке аз фармондеҳони боризи Ҷаҳбаи Муттаҳиди Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони муқовимат бо Толибон буд ва нерӯҳои ҷабҳаро дар саросари шимоли Кобул фармондеҳӣ мекард.

Пас аз суқути Иморати исломии Толибон дар ҳукумати Ҳомид Карзай (2001-2014) ӯ фармондеҳи пулиси шаҳри Кобул (2001 – 2002), луидиристиз (сардори ситод) – и Урдуи миллӣ (2002 – 2010), вазири корҳои дохилӣ (2010-2012) ва вазири дифоъи Афғонистон (2012 – 2015) буд.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба гӯша рафт ва дар ҳеҷ симати давлатӣ таъйин нашуд, то ин ки шароити хоси кунунӣ ба миён наомад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button