ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 19 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 19 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

МУОВИНИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС ҶОН ДОД

БОЗДОШТИ ЗАНУ ШАВҲАРИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОН БАРОИ БА СУРИЯ ФИРИСТОДАНИ 700$

ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 40 КУШТОР ВА ҚАСДИ КУШТОР, 16 ТАҶОВУЗ  ВА 3203 ДУЗДӢ СОДИР ШУДААСТ

ЯКЕ АЗ ЁРОНИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД БА МАҚОМИ ВАЗИРИ ДИФОИ АФҒОНИСТОН ТАЪЙИН ШУД

ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БОЗ БА ЯК ОИЛАИ МУҲТОҶ ХОНА ТУҲФА КАРД

ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ЭРОН НОМЗАДИ ТУНДРАВҲО ИБРОҲИМ РАИСӢ ҒАЛАБА КАРД АВВАЛИН ПАРВОЗИ МУСТАҚИЛОНАИ НАХУСТИН ЗАНИ ХАЛАБОНИ “СОМОН ЭЙР”

УСМОН ТОШЕВ АЗ МАҚОМИ САРМУРАББИИ ТИМИ ЯККАЧИНИ ТОҶИКИСТОН РАФТ

ҲУШДОР: ЭҲТИЁТ КУНЕД! 20-21 ИЮН ДАР ТОҶИКИСТОН ШАМОЛИ САХТ МЕВАЗАД

ЯК ЗАН ДАР НОҲИЯИ АШТ БА ГОВДУЗДӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Субҳи 19 июни соли равон муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор дар Маркази тиббии №1, маъруф ба беморхонаи Якум Советский дар синни 56 аз бемории COVID-19 фавтид. Дар ин бора манобеи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд.

 Ба гуфтаи онҳо, Абдураҳимзода ду ҳафтаи охир дар беморхона бистарӣ буд ва духтурон ба ӯ нафаси сунъӣ медоданд. Нафаскашиаш хело танг буд. Як духтури бемористон, ки аз гуфтани номи худ ба сабабҳои маълум худдорӣ кард,  рӯзи 19 июн дар суҳбат бо “Бомдод” тасдиқ кард, ки Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор дар ҳақиқат аз бемории COVID-19 фавтидааст.

“То ҳол ҷасадаш дар бемористон аст. Шояд имрӯз нисфирӯзӣ ҷасади беморро ба соҳибонаш супоранд”, – хабар дод ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Дар ҳамин ҳол, “Спутник” аз қавли мақомоти вазорати тандурустӣ ва бемористони “Якум Советский” марги муовини вазирро тасдиқ карда, хабар дод, ки Абдураҳимзода бо зану писараш дар инҷо бистарӣ шуда буд. Вале ҳамсуҳбатони “Спутник” гуфтаанд, ки Қурбоналӣ Абдураҳимзода моҳи майи соли 2020 гирифтори коронавирус шуда буд ва ҳоло аз асароти он беморӣ баъди истеъмоли оби сард ҷон бохтааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар 10 рӯзи охир танҳо дар беморхонаи Якум Советский алакай се бемор аз коронвирус ҷон бохтаанд. Вале мақомоти ин бемористон исрор меварзанд, ки ягон маризи коронавирус надоранд ва онҳое, ки дар шуъбаи эҳё ва дигар бахшҳои беморхона дар ҳолати вазнин қарор доранд, аз истеъмоли яхмос ё оби хунук гирифтори бемориҳои мавсимие, чун илтиҳоби шуш (пневмония) шудаанд, на коронавирус.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ аз аввали соли 2021 ҳар рӯз пойфишорона гузориш медиҳад, ки дар кишвар ягон ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор нашуд. Вале рӯз то рӯз шумори торафт камтари мардум ба ин ҳисоботҳо бовар мекунанд.

Қурбоналӣ Абдураҳимзода ҳамагӣ як соли охир, аз 18 июни соли 2020 дар мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон кор мекард. Ӯ 20 ноябри соли 1964 дар ноҳияи Рўдакӣ ба дунё омада, соли 1988 риштаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав ва соли 2007  Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

ххххххххххххххх

Додгоҳи ноҳияи Воҳидов (Вахитов)-и шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия  зану шавҳар аз Тоҷикистонро бо ҷурми кумаки молиявӣ ба як узви созмони террористии мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1963 ва 1968,  баъди қариб 6 соли ирсоли маблағ ба Сурия дастгир шудаанд.

Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт, тибқи фарзияи тафтишот, ин зану шавҳар рӯзи 11 сентябри соли 2015 ба яке аз бонкҳои шаҳри Қазон рафта, аз тариқи ширкати пулфиристии “Золотая корона” ба як узви ДОИШ аз ҳисоби маблағҳои худ 700 доллар, ё 47 ҳазору 947 рублу 27 тин бо қурби 6 соли пеш пул фиристодаанд.

“Қобили зикр аст, ки ин зану шавҳар хабар доштанд, ки он нафаре, ки барояш пул фиристоданд, дар  қаламрави Ҷумҳурии Сурияи Араб дар фаъолияти созмони байналмилалии  террористии “Давлати исломӣ” иштирок мекунад”, – таъкид шудааст дар иттилоияи додгоҳ.

Тафтишот ин амали зану шавҳарро “амали муштарак, бо маслиҳат ва бо мақсади маблағгузории фаъолияти созмони террористӣ” таъбир карда, ба зидди онҳо бар асоси қисми якуми моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми мусоидат ба фаъолияти террористӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун аз 5 то 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то ним миллион рубл таҳдид мекунад.

Ду рӯз қабл раёсати ФСБ дар ҷумҳурии Хакасияи Русия хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро дар инҷо  бо иттиҳоми даъват ба фаъолиятҳои террористӣ ва дар маҳзари ом тавҷеҳ, яъне сафед кардани терроризм дастгир кардаанд.  Бино ба иттилои ФСБ, ин шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади дар байни муҳоҷирон таблиғ кардани як созмони террористии дар Русия мамнӯъ бо номи “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод”  дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи махсус кушода, алакай беш аз 5 ҳазор корбар (“подписчик”) ҷамъ овардааст.

Дар солҳои охир даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт ва чанд нафараш ҳатто ҳангоми боздошт кушта шуданд. Наздикони бархеи онҳо иддао доранд, ки мақомоти амниятии Русия онҳоро беасос бо далелҳои бофтаю сохта ба терроризм айбдор кардаанд.

ххххххххххххххххх

Соҳибкори шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил» боз ба як оилаи муҳтоҷ хонаи нав туҳфа кард. Малика Қувватова сокини шаҳри Турсунзода 25 сол боз бо  фарзандони маъюбаш Ҳасану Ҳусейн дар як хобгоҳи умумӣ зиндагӣ доштанд. Кӯдакони ӯ ҳамагӣ 3 сол доштанд, ки шавҳараш аз саратон вафот кард. Аз як тараф бемории фарзандон, аз ҷониби дигар алами бехонагӣ ин занро маҷбур намуд, ки ба барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи “Оила” муроҷиат кунад.

Пас аз пахши навори видеоӣ аз аз соҳибкорони муваффақи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба аёдати ин оилаи ниёзманд рафта, бо вазъи зиндагии эшон аз наздик ошно гашт ва ваъда дод, ки ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, мушкили онҳоро ҳал ва Ҳасану Ҳусейнро хонадор ҳам мекунад.

“Оила” менависад, сароғоз қарор буд, ки барои ин оилаи камбизоат аз биноҳои баландошёна хона мехаранд, вале бо дарназардошти он ки Ҳасан ва Ҳусейн ҷавонанду фардо оиладор шуда, соҳиби фарзанд мешаванд, соҳибкори дурандеш барои ин оила як ҳавлии хеле калон ва зебову замонавиро пайдо кард. Манзиле, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ин оилаи камбизоат туҳфа кардааст, аз 5 дар хонаи калону барҳаво, ду ҳамом ва ошхонаю дигар иншоотҳои зарурии рӯзгор иборат буда, бо қолину палос низ таъмин карда шудаст. Соҳибкори хайрхоҳ ҳамчунин ба Малика Қувватова барои харидани ҷевон, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ, чангкашак ва дигар таҷҳизоти рӯзгор иловатан 20 ҳазор сомонӣ додааст.

“Апаи Малика ва писаронаш Ҳасану Хусейн он рӯз аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, охир онҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки рӯзе соҳиби чунин манзили зебо хоҳанд гашт”,  – менависад “Оила”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бо амалҳои хайраш машҳур буда, соли гузашта ба дастикам 5 оилаи муҳтоҷу маъюб дар кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Айнии Душанбе манзилҳои нав  бо тамоми шароит ва ҷиҳози лозим туҳфа карда буд.

ххххххххххххххххх

Дар 5 моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои сангине, чун куштор, расондани осеб ба саломатӣ ва таҷовуз ба номус  ба андозаи қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. “Азия Плюс” бо такя ба омори Агентии омор хабар дод, ки имсол шумори дуздиҳо, аз ҷумла дузд задани хонаҳо ва ҳамин тавр, порахӯрӣ ва дуздии моликияти давлатӣ низ афзудааст.

Дар умум дар моҳҳои январ – майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 2283 ҷиноят сабт шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2020  8,4 фоиз бештар аст.

Имсол дар муқоиса бо 5 моҳи аввали соли гузашта бахусус ҳолатҳои куштор ва сӯиқасд ба куштор ба таври қобили мулоҳиза – 29,0% – зиёд шудааст. Ҳамчунин шумораи ҳолатҳои расондани осеби вазнин ба саломатӣ назар ба як соли пеш 27,8%, шумораи ҳолатҳои таҷовуз ба номус ва кӯшиши таҷовуз 23,1%, дуздӣ 12,7% ва ғоратгарӣ 16,1% афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар 5 моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 40 ҳолати  куштор ва сӯиқасд ба куштор, 46 ҳолати расондани осеби вазнин ба саломатӣ, 16 ҳолати таҷовуз ба номус ва кӯшиши таҷовуз  ва 3203 ҳолати дуздӣ, аз ҷумла 716 ҳолати дузд задани хонаҳо ошкор шудааст.

Имсол шумори ҷиноятҳои иқтисодӣ, бо шумули порахӯрӣ, дуздии моликияти давлатӣ ба маблағи бузург ва амсоли ин, низ 8,2% афзоиш ёфтааст.

Дар айни замон, шумораи ҳолатҳои роҳзанӣ 12,5%, савдои инсон 40,0%  ва дуздии силоҳу муҳимот 6 маротиба кам шудааст. Агар дар моҳҳои январ-майи  соли 2020 дар Тоҷикистон 6 ҳолати дуздии силоҳ ошкор шуда буд, имсол ҳамагӣ як чунин ҳолат ошкор шудааст.

Шумораи ҷиноятҳо дар вилояти Суғд имсол 11,7%, дар вилояти Хатлон – 30%, дар ВМКБ – 14,5% ва дар ноҳияҳои тобеи марказ  -12,3% афзоиш ёфта, танҳо дар пойтахт, шаҳри Душанбе, имсол шумораи ҷиноятҳо баракс 16,4% камтар шудааст.

ххххххххххххххххх

Chief of Staff of the Afghan National Army (ANA) Gen. Bismillah Khan Mohammadi congratulates ANA commando 1st Lt. Mumtaz, with the 6th Kandak, on his reception of an achievement medal during a commando graduation ceremony in Kabul, Afghanistan, Jan. 21, 2010. Mumtaz received the medal for bravery while fighting the Taliban in Kabul Jan. 18, 2010. (DoD photo by Staff Sgt. Sarah Brown, U.S. Air Force/Released)

Дар идомаи барнома ду хабари муҳим аз кишварҳои ҳамзабони мо: Афғонистон ва Эрон.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидин ва намояндаи тоҷикҳои Афғонистон, ки чанд рӯз пеш фармони сарпарастии вазорати корҳои дохилиро ба даст оварда буд, дар пайи файсалаҳои раҳбарони он кишвар  ба мақоми вазири дифоъ – яке аз мақомҳои калидӣ дар ҳукумати Афғонистон таъйин шудааст.

Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба ин мақоми калидӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки  ҷунбиши Толибон дар ин авохир пойгоҳу мавқеъи Урдуи миллии Афғонистонро дар вилоятҳо танг карда, ҳудуди 30 вулусволиро забт кардаанд. Ин ба оташи нигарониҳо дар бораи эҳтимоли суқути ҳукумати кунунии Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ равғани бештар мерезад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосӣ дар таркиби эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон, то 11 сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Муҳибуллоҳ Нурӣ, мушовири Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи мариз шудани вазири қаблӣ, ташдид ёфтани ҷанг бо Толибон ва суқут кардани чандин вулусволӣ ба дасти онҳо раҳбарони кишвар ба ин натиҷа расидаанд, ки ин генерали таҷрибадор вазири дифоъ таъйин шавад.

“Номзадии ӯро Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд. Ҳоло ду раҳбар файсала кардаанд, ки бори ҷанги кунуниро маҳз мисли ӯ як фармондеҳи муҷарраб ва зиддитолиб ба дӯш дошта бошад”, – гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд,дар ин вазифа Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро иваз мекунад. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифоъи Афғонистон буд ва гуфта мешавад, ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надорад.

Тибқи созише, ки дар пайи интихоботи ду соли пеш миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба вуҷуд омад, вазифаи вазири дифоъ саҳми аввалӣ ба ҳисоб меравад. Ашраф Ғанӣ дар замони президентиаш (аз соли 2014 ба ин сӯ) ҳеҷ гоҳ як тоҷик ё ғайрипаштунро ба ин вазифаи калидӣ дар ҳукумати Афғонистон таъйин накарда буд.

Бисмиллоҳхон 60 сол дошта, мисли Аҳмадшоҳи Масъуд зодаи Панҷшер аст ва аз синни 18 ба саффи муҷоҳидини таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд, пайвастааст. Бисмиллоҳхон аз соли 2012 то 2015 низ вазири дифои Афғонистон буд, вале дар замони раёсати Ашраф Ғанӣ ба гӯша рафт ва дар ҳеҷ симати давлатӣ таъйин нашуд, то ин ки шароити хоси кунунӣ ба миён наомад.

хххххххххххххххххх

Дар интихоботи рӯзи 18 июни раёсатҷумҳурии Эрон раҳбари қувваи қазоияи Эрон, номзади ҷиноҳи муҳофизакорони тундрав Иброҳим Раисӣ ғалаба кардааст.

Раиси ситоди баргузории интихобот Ҷамол Урфӣ гуфт, аз 28 миллиону 600 ҳазор нафаре, ки дар овоздиҳӣ иштирок карданд, 17,8 миллионаш ба Раисӣ раъй додаанд.

Ба интихобот аз байни  беш аз 50 довталаб танҳо 7 номзади аксаран аз ҷиноҳи тундравон роҳ ёфта, Маҷлиси ташхиси маслиҳати низом  номзадҳои ислоҳтараб ва ҳатто тундравони муътадилро сабти ном накард. Ба ин далел ҳам ба нишони эътироз ба мушкилоти иқтисодии кишвар аз 59 миллион мардуми соҳиби ҳаққи овоз дар овоздиҳӣ танҳо камтар аз нисфи онҳо, яъне 28,6 миллион нафар иштирок карданду халос.

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, рақиби асосии Раисӣ  –  раҳбари Маҷлиси ташхиси маслиҳати низом  ва фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳсин Ризоӣ 3,3 миллион овоз ба даст оварда, аз раҳбари собиқи Бонки марказии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ, ки ягона номзади нисбатан муътадилгаро ба назар мерасид, 2,4 миллион нафар ҳимоят кардаанд. Ба тарафдорӣ аз Амир ҳусейн Қозизода Ҳошимӣ, муовини раиси парлумони Эрон як каме беш аз як миллион нафар овоз додаанд.

Иброҳим Раисӣ, ки 60 сол дорад, соли 2019 аз ҷониби Амрико ба далели поймол кардани ҳуқуқи инсон ва қатли норозиён таҳти таҳрим қарор дода шудааст.

Президенти кунунии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ, ки баъди адои ҳарду давраи мумкини раёсаташ тарки мақом мекунад, алакай ба дафтари Раисӣ рафта, ӯро бо пирӯзӣ табрик гуфтааст. Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф низ изҳори умедворӣ кардааст, ки Раисӣ “раиси хубе барои Эрон шавад.”

Интихоби Раисӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Эрон ва 6 қудрати бузурги дунё мехоҳанд муомилаи соли 2015 пиромуни барномаи ҳастаии Эронро аз нав зинда кунанд.

Президент дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон нақши роҳбари ҳукумати иҷроияро иҷро мекунад. Нақши аввалро дар таъйини сиёсати дохиливу хориҷии Эрон роҳбари рӯҳорниаш оятулло Алии Хоманаӣ бозӣ мекунад. Раисӣ як нафари хеле наздик ба Хоманаист ва бисёриҳо бар инанд, ки оянда ӯ ба ҷои Хоманаӣ, ки 82 сол дорад, раҳбари рӯҳонии Эрон хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон низ мунтазири натиҷаҳои интихоботи президентии Эрон ҳастанд. Душанбе ҳеҷ натавонист бо президенти қаблии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ забон биёбад ва дар натиҷа, даврони раёсати ӯ пуртаништарин даврон дар таърихи муносибатҳои Эрону Тоҷикистон шуд. Теҳрон Душанберо ба пинҳон кардани миллиардҳо доллари аз фурӯши нафт пинҳон кардаи миллардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки дар Эрон ба қатл маҳкум шудааст, гунаҳкор мекард. Душанбе ба навбати худ Теҳронро ба қатли шахсиятҳои саршинос дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90 ва пуштибонӣ аз оппозитсияи исломии тоҷик айбдор мекард. Ихтилофи ду кишвар ба ҳадде рафт, ки Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои муассии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳатто ба тасмими ба узвияти ин созмон пазируфтани Эрон вето гузошт.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро бо гузоришҳо аз Тоҷикистон идома медиҳем.

Рӯзи 18 июн нахустие парвози мустақилонаи ягона зани халабони ширкати ҳавопаймоии “Somon Air” Татяня Афентева доир шуд. Хадамоти матбуоти ширкат хабар дод, ки Татяна бо муваффақият ба ҳайси ҳамхалабон парвоз дар масири Душанбе-Тошканд-Душанберо анҷом дод. Раҳбари хатсайр капитан Шуҳрат Раҳимов ба кори Татяна Афентева баҳои хуб додааст.

Татяна Афентева собиқаи кориашро дар  “Somon Air”  соли 2011 ба ҳайси меҳмондор (стюардесса) оғоз карда, соли 2020 ба саффи халабонҳои ширкат пайвас. Ӯ то имрӯз ба ҳайси коромӯз парвоз анҷом медод ва рӯзи 18 июн нахустин парвози мустақилонаашонро анҷом дод.

Татяна Афентева барои ин нозукиҳои касби халабониро дар мактаби авиатсионии Сасовская омӯхта, имрӯз алакай халабони соҳибтахассусест, ки ҳавопаймои Boeing 737 / NG-ро идора мекунад.

Татяна Афентева таассуроташ аз нахустин парвози мустақилонаашро чунин баён дошт:

′′Кадом ҳассосияте ҳис накардам аз нахустин парвози мустақилонаам. Ин парвоз ҳам мисли ҳама парвозҳои интернатурӣ, яъне омӯзишиам хуб гузашт. Ҳоло вазифаи аз ҳама муқим сайқал додани сатҳи касбиам аст.”

“Somon Air” феълан ягона ширкати ҳавопаймоии фаъол дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” аз аввали соли 2019 ба ин тараф ба далели мушкилоти молиявӣ аз имкони анҷоми парвозҳо маҳрум шудааст.

ххххххххххххххххх

Мураббии ӯзбек Усмон Тошев ба сабаби анҷоми муҳлати қарордодаш тарки мақоми сармураббии тими миллии Тоҷикистон кард. Дар ин бора рӯзи 18 июн Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод ва гуфт, Федератсия ба Усмон Қудратович барои кори пурсамари муштарак изҳори ташаккур намуда, ба ӯ дар фаъолияти мураббигии минбаъда барору комёбӣ орзу мекунад.”

Усмон Тошев аз соли 2018, се сол роҳбарии тими яккачини Тоҷикистонро дар даст дошт. Таҳти раҳбарии ӯ тими миллии Тоҷикистон тавонист бори аввал дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бозӣ карда, дар гурӯҳи “F”  ҷои дувумро ба даст биорад. Тоҷикистон дар ин гуруҳ танҳо аз Япония, яке аз дастаҳои аз ҳама қавии қораи Осиё ақиб монд ва танҳо як хол камӣ кард, ки ба марҳалаи баъдии рақобатҳо барои роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол Қатар роҳ биёбад.  Зоҳиран дар марҳалаи дуюми дармондан ва аз гуруҳ баромада натавонистани тими миллӣ боис шуд, ки қардододи Усмон Тошев дигар тамдид нашуд.

Усмон Тошев дар паёми хайрбодиаш барои пуштибонии пайвастаи тайи се соли сармурабигиаш ба ФФТ, аъзои тими миллии Тоҷикистон ва ба мухлисони тоҷик изҳори сипос кард  ва гуфт: “Ин марҳилаи фаъолияти мураббигии ман ва зиндагии ман ҳамеша дар қалби ман боқӣ хоҳад монд. Ман ҳамеша бо гармиву хушнудӣ Тоҷикистонро ба ёд меорам, ки хонаи дуввуми ман шудааст. Боварӣ дорам, ки мунтахаби Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мегардад. Ман ҳамеша ва самимона ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мухлисӣ хоҳам кард”.

Усмон Тошев, футболбози собиқи ӯзбек ва ҳоло мураббӣ, 55 сол дорад. Ӯ қаблан чанд дастаи Ӯзбекистон, аз ҷумла «Бухоро», «Насаф», «Шӯртан», «Андиҷон» ва тими миллии футболбозони то 16солаи Ӯзбекистонро машқ дода, сармураббии дастаи “Тӯфон”, қаҳрамони футболи Афғонистон ҳам буд. Соли 2018 ӯро ба мақоми сармураббии тими миллии Тоҷикистон даъват кардандд.

ххххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии Агентии обуҳавошиносӣ  хабар дод, ки рӯзҳои 20-21 июни соли 2021 дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Гулистон, Кӯлоб, Ҳисор, ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш, Ёвон, деҳти Панҷи поён, Афваҷ, Эсанбой, Санглох, Бӯстонобод, ағбаҳои Чормағзак, Анзоб ва Шаҳристон то ба ҳадди 20-25 м/сония шиддат гирифтани суръати шамол пешбинӣ мешавад. Бино ба пешбинии ҳавошиносон,  эҳтимоли хокбориш низ хеле зиёд аст.

КҲФ ба маълумоти сокинон мерасонад, ки ҳангоми шамолҳои шадид ин ҳодисаҳо метавонанд омили хатар шаванд:

Канда шудани хатҳои алоқа ва нирӯи барқ,

Аз кор мондани зеристгоҳҳои нирӯи барқ,

Қатъи интиқоли барқ дар манотиқи аҳолинишин,

Хароб шудани иншооти пойдеворашон заиф,

Канда шудани боми хонаҳо,

Шикастану чаппа шудани дарахтон.

КҲФ дар ин робита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад ки:

– чизу чораи хоҷагиатонро аз ҳавлӣ ва балкон ба даруни хона ё ба таҳхона дарорезд, шохаҳои хушки дарахтонеро, ки метавонанд ба хонаи шумо осеб бирасонанд, бибуред;

-воситаҳои нақлиётро дар гараж бимонед, агар гараж надошта бошед, пас мошинро бояд аз дарахтҳо ва иншооти пойдеворашон заиф дуртар бигузоред;

-дар кӯча аз биноҳои фарсуда ва хонаҳое, ки боми ноустувор доранд, дурӣ биҷӯед;

-аз дарахтон ва иншооти рискашон зиёд, ба мисли пулҳо, эстакадаҳо, лӯлаҳои обу газ, хатҳои нирӯи барқ ва иншооти саноатии хатарнок дурӣ биҷӯед;

– ҳангоми чаррондани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳистонӣ  ҳадди аксари эҳтиётро ба кор баред;

– сайругашт дар манотиқи кӯҳдоман ва лаби обҳои кӯҳиро маҳдуд кунед;

-ронандагон дар роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо  суръати ҳаракат ва масофаи байни мошинҳоро бояд риоя кунанд.

Дар ҳолати пеш омадани ҳолатҳои ғайриқобилипешбинӣ ё ҳолати фавқулодда ба рақами 112 ваё бо ин рақамҳо ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг занед: 223 13 11, 93 880 28 19.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Як зани 34-сола дар ноҳияи Ашт ба он гумонбар мешавад, ки шаби 26 май бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, ба соҳиби чорво, марди 25-солаи сокини ноҳияи Ашт ба маблағи 4500 сомонӣ зарар расондааст. Нисбат ба ин зан бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххх

Сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Н.Махсум бо роҳи фиреб ба боварии марди 24-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 2 мошини тамғаҳои «Мерседес Бенс” ва “Тойота-Королла»-ро ба маблағи 225-ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтаааст. Вале аз ин маблағ танҳо 110-ҳазор сомониашро пардохт карда, боқимондаашро то ҳол барнагардондааст.
хххххххххххххх

Рӯзи 18 июн муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо намояндаи Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна Дитмар Эрфурт, ки муҳлати фаъолияташ ба анҷом расид, ва ҷойгузини ӯ хонум Бербэл Энгерер  мулоқот  кард. Полковник Раҳмонзода ба Дитмар Эрфурт барои ҳамкориҳои судманд дар муддати фаъолияташ дар мақоми намояндаи пулиси Олмон дар Осиёи Миёна изҳори сипос ва ба намояндаи нави ин ниҳод Бербэл Энгерер комёбӣ таманно кардааст. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button