ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЗАНУ ШАВҲАРИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОН БАРОИ БА СУРИЯ ФИРИСТОДАНИ 700$

Додгоҳи ноҳияи Воҳидов (Вахитов)-и шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия  зану шавҳар аз Тоҷикистонро бо ҷурми кумаки молиявӣ ба як узви созмони террористии мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1963 ва 1968,  баъди қариб 6 соли ирсоли маблағ ба Сурия дастгир шудаанд.

Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт, тибқи фарзияи тафтишот, ин зану шавҳар рӯзи 11 сентябри соли 2015 ба яке аз бонкҳои шаҳри Қазон рафта, аз тариқи ширкати пулфиристии “Золотая корона” ба як узви ДОИШ аз ҳисоби маблағҳои худ 700 доллар, ё 47 ҳазору 947 рублу 27 тин бо қурби 6 соли пеш пул фиристодаанд.

“Қобили зикр аст, ки ин зану шавҳар хабар доштанд, ки он нафаре, ки барояш пул фиристоданд, дар  қаламрави Ҷумҳурии Сурияи Араб дар фаъолияти созмони байналмилалии  террористии “Давлати исломӣ” иштирок мекунад”, – таъкид шудааст дар иттилоияи расмии  хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Воҳидов.

Тафтишот ин амали зану шавҳарро “амали муштарак, бо маслиҳат ва бо мақсади маблағгузории фаъолияти созмони террористӣ” таъбир карда, ба зидди онҳо бар асоси қисми якуми моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми мусоидат ба фаъолияти террористӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун аз 5 то 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то ним миллион рубл таҳдид мекунад.

Додгоҳ ёдовар шудааст, ки Додгоҳи олии Русия ҳанӯз 29 декабри соли 2014 “Давлати исломӣ” –ро созмони террористӣ эътироф карда, фаъолияташро дар қаламрави Русия манъ кардааст.

Ду рӯз қабл раёсати ФСБ дар ҷумҳурии Хакасияи Русия хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро дар инҷо  бо иттиҳоми даъват ба фаъолиятҳои террористӣ ва дар маҳзари ом тавҷеҳ, яъне сафед кардани терроризм дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои ФСБ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар байни муҳоҷирон фаъолияти як созмони байналмилалии террористии дар Русия мамнӯъ бо номи “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод”-ро таблиғ мекард. Ӯ ба ин мақсад дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи махсус кушода, алакай беш аз 5 ҳазор корбар (“подписчик”) ҷамъ оварда будааст.

Шаҳрванди Тоҷикистонро феълан барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 205.2 барои таблиғу тавҷеҳи терроризм ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 1 миллион рубл ваё аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

 “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод” як созмони ифротии аз лиҳози ақида наздик ба ДОИШ аст, ки ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ дар Сурия ва Ироқ таъсис додаанд. Таҳти парчами он асосан ҷангҷӯён аз Ӯзбекистон меҷангиданд. Ин гуруҳ бо қарори додгоҳи ҳарбии ҳавзаи Маскав аз 5 июни соли 2019  № 2-63/2019 созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар Русия манъ карда шудааст.

Дар солҳои охир даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт ва чанд нафараш ҳатто ҳангоми боздошт кушта шуданд. Наздикони бархеи онҳо иддао доранд, ки мақомоти амниятии Русия онҳоро беасос бо далелҳои бофтаю сохта ба терроризм айбдор кардаанд.

В Вахитовском районном суде г. Казани избрана мера пресечения в виде заключения под стражу обвиняемым по ч.1 ст.205.1 УК РФ

В Вахитовском районном суде г. Казани избрана мера пресечения в виде заключения под стражу двоим гражданам Республики Таджикистан, 1963 и 1968 г.г. рождения, которым органами предварительного расследования предъявлено обвинение в совершении преступления, предусмотренного ч. 1 ст. 205.1 УК РФ (в редакции Федерального закона от 5 мая 2014 года № 130-ФЗ, а именно в том, что обвиняемые, являющиеся супругами, 11 сентября 2015 года в офисе одного из банков г. Казани, действуя совместно и согласованно, с целью финансирования деятельности членов международной террористической организации «Исламское государство», с помощью платежной системы «Золотая Корона» перевели собственные денежные средства в размере 700 долларов США, что составляет 47 947 рублей 27 копеек, гражданину, являющемуся членом указанной террористической организации. При этом супруги были осведомлены, что мужчина принимает участие в деятельности международной террористической организации «Исламское государство» на территории Сирийской Арабской Республики.

Вступившим в законную силу решением Верховного Суда Российской Федерации от 29 декабря 2014 года международная организация «Исламское государство» признана террористической организацией и её деятельность запрещена на территории Российской Федерации.

При решении вопроса об избрании меры пресечения в виде заключения под стражу  судом учтены тяжесть, характер и конкретные обстоятельства преступления, данные о личности обвиняемых, а также доводы следователя о том, что находясь на свободе, обвиняемые могут скрыться от органов предварительного следствия и суда, оказать давление на участников уголовного судопроизводства, либо иным образом воспрепятствовать производству по уголовному делу.

Пресс-служба Вахитовского районного суда г. Казани

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button