ВарзишВидео

УСМОН ТОШЕВ АЗ МАҚОМИ САРМУРАББИИ ТИМИ ЯККАЧИНИ ТОҶИКИСТОН РАФТ

Мураббии ӯзбек Усмон Тошев ба сабаби анҷоми муҳлати қарордодаш тарки мақоми сармураббии тими миллии Тоҷикистон кард. Дар ин бора рӯзи 18 июн Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод ва гуфт, Федератсия ба Усмон Қудратович ”барои кори пурсамари муштарак изҳори ташаккур намуда, ба ӯ дар фаъолияти мураббигии минбаъда барору комёбӣ орзу мекунад.”

Усмон Тошев аз соли 2018, се сол роҳбарии тими яккачини Тоҷикистонро дар даст дошт. Таҳти раҳбарии ӯ тими миллии Тоҷикистон тавонист бори аввал дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бозӣ карда, дар гурӯҳи “F”  ҷои дувумро ба даст биорад. Тоҷикистон дар ин гуруҳ танҳо аз Япония, яке аз дастаҳои аз ҳама қавии қораи Осиё ақиб монд ва танҳо як хол камӣ кард, ки ба марҳалаи баъдии рақобатҳо барои роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол Қатар роҳ биёбад.  Зоҳиран дар марҳалаи дуюми дармондан ва аз гуруҳ баромада натавонистани тими миллӣ боис шуд, ки қардододи Усмон Тошев дигар тамдид нашуд.

Усмон Тошев дар паёми хайрбодиаш барои пуштибонии пайвастаи тайи се соли сармурабигиаш ба ФФТ, аъзои тими миллии Тоҷикистон ва ба мухлисони тоҷик изҳори сипос кард  ва гуфт: “Ин марҳилаи фаъолияти мураббигии ман ва зиндагии ман ҳамеша дар қалби ман боқӣ хоҳад монд. Ман ҳамеша бо гармиву хушнудӣ Тоҷикистонро ба ёд меорам, ки хонаи дуввуми ман шудааст. Боварӣ дорам, ки мунтахаби Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мегардад. Ман ҳамеша ва самимона ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мухлисӣ хоҳам кард”.

Усмон Тошев, футболбози собиқи ӯзбек ва ҳоло мураббӣ, 55 сол дорад. Ӯ қаблан чанд дастаи Ӯзбекистон, аз ҷумла «Бухоро», «Насаф», «Шӯртан», «Андиҷон» ва тими миллии футболбозони то 16солаи Ӯзбекистонро машқ дода, як муддат сармураббии дастаи “Тӯфон”, қаҳрамони футболи Афғонистон ҳам буд. Соли 2018 Усмон Тошевро ба мақоми сармураббии тими миллии Тоҷикистон даъват кардандд.

Tajikistan Football Federation 

ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БА УСМОН ТОШЕВ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ЯКҶОЯ ИЗҲОРИ СИПОСГУЗОРӢ МЕНАМОЯД

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев бинобар ба итмом расидани шартнома, аз вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон меравад. Таҳти роҳбарии ӯ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бозӣ карда, дар гурӯҳи “F” дар ҷои дуввум қарор гирифт.

“Ман мехоҳам ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгирии гарме, ки дар тӯли се соли кор ба ҳайси сармураббии тими миллӣ эҳсос кардам, ташаккур бигӯям. Ин марҳилаи фаъолияти мураббигии ман ва зиндагии ман ҳамеша дар қалби ман боқӣ хоҳад монд. Ман ҳамеша бо гармиву хушнудӣ Тоҷикистонро ба ёд меорам, ки хонаи дуввуми ман шудааст. Мехоҳам ба ҳамаи футболбозоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштам, ба ҳамаи кормандони тими миллӣ, ки ба ман кумак карданд, ташаккур гӯям. Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки моро дастгирӣ карданд. Аз тими мунтахаби Тоҷикистон рафтан, ман бо итминон гуфта метавонам, ки мо дар тими миллӣ оилаи хубе ба вуҷуд овардем. Боварӣ дорам, ки мунтахаби Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мегардад. Ман ҳамеша ва самимона ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мухлисӣ хоҳам кард. Барори кор ба ҳама ва ташаккур ба ҳама барои дастгирии бузург!”, – гуфт Усмон Тошев ҳангоми хайрухуш.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Усмон Қудратович Тошев барои кори пурсамари муштарак изҳори ташаккур намуда, ба ӯ дар фаъолияти мураббигии минбаъда барору комёбӣ орзу мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button