ВидеоМуҳоҷирон

Ӯ ГУЛЕ БУД… ФОҶИА ДАР ХОНАВОДАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР СУРГУТИ РУСИЯ

Ҷунайдулло Худоёров, блогнависи тоҷики муқими Русия дар матлаби хеле пуралам дар Фейсбук аз марги фоҷиавии Осия, духтари бародараш Ҷумъабой хабар додааст.

Ҷунайдулло менависад, ки ӯ ҳамроҳи Осияву модари ӯ ва як ҷияни дигараш рӯзи 8 июн барои иштирок дар ду тӯйи ҳамватанон  аз Берёзово ба шаҳри Сургут сафар карданд.

“Онҷо дар як ҳафта ду тӯй буд, дар тӯйи якум Осия куртаи хоси тӯёна ба бар дошт, ки барояш хеле зебанда буд, хурсандиаш ҳаду канор надошт. Рӯзи 12.06.2021 ба шоди ва хурсандӣ тӯйи аввалро гузаронидем, ва дар рӯзи 16.06.2021 дар тӯйи дувум ошу таомро омода намудем, чаҳор навраси боақл вобаста буданд ва Осияро нигоҳубин мекарданд, ки нағалтаду намонад”,  – менависад Ҷунайдулло Худоёров.

Тӯякиҳо ба омадан шурӯъ карда буданду Ҷунайдулло бо Шаҳбача барои харидории дастаи гул барои Арӯс ва ороиши мошини Шаҳ ба маркази шаҳр рафтанд. Соате пас дастаи гули рангоранг дар дасти домод дар мошини пурзиннат баргаштанд, ки Ҷунайдулло дар сари кӯча мардуми зиёдро дид, ки ҷамъ шудаанд.

“Мани бехабар хушҳол фаромадам ва пурсидам, ки инҷо чӣ истодаед? Дӯсте аз ман пурсид, ки аз хона зангат назадаанд? Гуфтам, на. Чаро? Бароям гуфт, сабур бошам, ки мусибате рух додааст.. Пурсидам: Чӣ мусибат? Гуфт: Духтари Ҷумъабой ба об ғарқ шуда, дунёро падруд гуфтааст. Бо шунидани ин хабар хаёл кардам, ки ҳарду дастонам аз бозу қатъ гардиданд. Бовар кардан намехостам, вале чун ба тӯйхонае, ки як соат пеш ҳама шоду хушҳол буданд расидам, онҷо мотамхона буд.

Ҳама мегиристанд...

Пир мегирист...

Ҷавон мегирист...

Кӯдак мегирист

Ҷиянам Саида 11 сол дорад, ҳавай ҷасади кӯдакро аз об берун карда будааст. Ӯро дидам, чунон мегирист, ки гӯё мори заҳрноке газида бошадаш, фарёдаш ба фалак мепечид.

Модари Осия заминро ба чанголҳояш меканд.

Арӯс худро гунаҳкори марги Осия мехонд, ки дар рӯзи тӯйи ӯ ин ҳодисаи шум рух додааст.

Дар ин ҳодиса ҳама наздикон худро гунаҳкор медонистанд, ки чигуна Осия ба лаби об рафтаасту онҳо надиданд ва дар 5 дақиқа ин ҳолат рух додааст? ” – менависад Ҷунайдулло.

Ва касе пайдо намешуд, ки ҷуръат карда, аввалин шуда ба Ҷумъабой хабар расонад, ки он гули нозанине, ки ҳамаи ҳастияш буд, ғарқ шуда ба шаҳодат расидааст.

Баъди 3 соат ҷасади Осияро ба сардхона бурданд, ҳамаи тӯякиҳо гуруснаву ташна ба хонаҳояшон рафтанд. Дастархонҳои пур аз нозу неъмат ҳайрон буданд, дегҳои пур аз хӯроки тоҷикона хунук шуда дар гӯшае аз ҳавлӣ истода буданд ва касе тарафашон намерафт.

“Хабар ба падари Осия расид, ва ӯ ба самти Сургут ҳаракат кард, ман бошам фақат дар фикр будам, ки агар бародарам ягон чиз пурсад, ман чӣ мегӯям?! Хулас Ҷумъабой омад, ва ман аз забони ӯ барои даргузашти ҷигарбандаш ба ҷуз ҳамду санои Холиқи якто ва шукргузорӣ дигар калимае нашунидам ва чизе ҳам напурсид, гӯё медонист, ки ман посух надорам”, – менависад Ҷунайдулло Худоёров дар идома.

Осияро дар Сургут ба хок супурданду Ҷунайдулло ба Берёзово баргашт. Ба хонае, ки дар будани Осия пур менамуд ва садои хандаю шодияш хонаро мегирифт ва ҳоло хомӯшу холӣ шуда буд.

“Каме дар хона истодам, ва баъдан набудани Осияро эҳсос кардаму гиря гулӯямро гирифт, ва аз алам мехостам, ки чунин садое бардорам, ки гӯши фалакро кар кунад, вале садо намебаромад.

Эҳсос кардам, ки он гули ноёфт дигар нест...

Дигар касе дар ин муҳоҷират аз кор бар гаштани манро дар хона интизор намешавад.

Дигар касе ба дохил шудани ман аз дар ба қадам худро кашол намекунад.

Дигар касе манро бо ишора намегӯяд, ки манро ба боло ҳаво деҳ.

Дигар тифле аз дасти ман маҷбур намекашад, ки барои ман дар телефон “мултфильм” мон.

Дигар касе дар вақи намоз болои ҷойнамози ман саҷда кунам гуфта дароз намекашад.

Дигар касе нест, ки дар вақти саҷда худро ба гардани ман овезон кунад.

Дигар Осия нест, ки ба ҷои корам омада даводав кунаду ину он чизро канаду ғалтонад.

Осия моро тарк гуфт..

Ӯ гуле буд, ки ношукуфта ба гулзори ҶаннатулФирдавс пайваст!– навиштааст амаки ғамзада дар хатми ин марсияи пургудоз мотами ҷияни ғӯррамаргаш Осия.

Худованд раҳмату мағфираташ кунад ва шоистаи Ҷаннаташ гардонад!

Junaydulloh Khudoyorov

Ӯ Гуле буд...

Осия духтари бародарам Ҷумъабой духтараки дуструяк бомеҳр, ва шӯху чаққоне буд. Ин кӯдак дар 5- моҳагӣ аз модар норасид ба дунё омада буд. Табибон дар таваллудхонаи ш.Сургут вайро гирифта бо заҳмати зиёд то 10-моҳагӣ расониданд, яъне 5 моҳ нигоҳубин карда сипас ба дасти волидонаш супурданд. Дар тӯли ин 5 моҳ модари меҳрубонаш ҳамарӯза ду маротиба ба таваллудхона ба аёдати Осия мерафт ва хеле ранҷу заҳмат кашида буд то ӯ ба пой хезад. Ва ҳамин гуна калонак шуда буд..

Осия нафаре буд, ки дар тӯли 1,5 соли муҳоҷиратам Ӯ бо ман буд, ҳамроҳаш бозӣ мекардем, баъзан ҷанҷоламон ҳам мешуд, бисёр кӯдаки бекина буд..

Гоҳо ба ҷои кор меомад, кову чов карда ғам медод, ва ман коҳишаш мекардам, Ӯ аксар вақт дар хона интизори омадани ман ва падараш мемонд, ҳар гоҳ хона медаромадем у пешвозамон мегирифт бо даҳони пур аз ханда ва садои баланд бо лафзи худаш ба қади ман мечаспид, ҳар бегоҳ вазифаи хонагии ман аз 10 то 15 маротиба ба боло ҳаво додани Осия буд, ва баъдан вайро аз ҳуҷраи ҷои хобам иҷборан берун мекардам, ки рав пеши волидонат.😢

Рӯзи 06.06.2021 моро ба ш.Сургут ба тӯй даъват намуданд, ман дар маслиҳат бо бародарам Ҷумъабой рафта чипта харидорӣ намуда, рӯзи 08.06.2021 ҳамроҳи Осия ва модарашу як ҷиянчаи дигарам рафтем ба Сургут, ҳама аз омадани мо, ва ба хусус барои Осия хурсандӣ мекарданд. Вай ҳам аз шодӣ ба ҷояш наменишаст.

Онҷо дар як ҳафта ду тӯй буд, дар тӯйи якум Осия куртаи хоси тӯёна ба бар дошт, ки барояш хеле зебанда буд, хурсандиаш ҳаду канор надошт. Рӯзи 12.06.2021 ба шоди ва хурсандӣ тӯйи аввалро гузаронидем, ва дар рӯзи 16.06.2021 дар тӯйи дувум ошу таомро омода намудем, чаҳор навраси боақл вобаста буданд ва Осияро нигоҳубин мекарданд, ки нағалтаду намонад. Тӯякиҳо ба омадан шурӯъ намуданд ва ману Шаҳбача барои харидорӣ намудани дастаи гул барои Арӯс ва ороиш додани мошини Шаҳ ба маркази шаҳр рафтем. Дар зарфи як соат ҳамаро омода намудем ва Шаҳ бо дастаи гулҳои рангоранг дар барам нишасту барои никоҳ бар гаштем. Дар роҳи сари кӯча омадем, ки яке аз бародаронам бо мошин ҳамроҳи дӯстон истодаанд, мани бехабар хушҳол фаромадам ва пурсидам, ки инҷо чӣ истодаед? Дӯсте аз ман пурсид, ки аз хона зангат назадаанд? Гуфтам, на. Чаро? Бароям гуфт, сабур бошам, ки мусибате рух додааст.. Пурсидам: Чӣ мусибат? Гуфт: Духтари Ҷумъабой ба об ғарқ шуда, дунёро падруд гуфтааст.😢

Ба шунидани ин хабар хаёл кардам, ки ҳарду дастонам аз бозу қатъ гардиданд. Бовар кардан намехостам, вале чун ба тӯйхонае, ки як соат пеш ҳама шоду хушҳол буданд расидам , онҷо мотамхона буд.

Ҳама мегиристанд…

Пир мегирист…

Ҷавон мегирист…

Кӯдак мегирист…

Ҷиянам Саида 11 сол дорад, ҳавай ҷасади кӯдакро аз об берун карда будааст. Ӯро дидам, чунон мегирист, ки гӯё мори заҳрноке газида бошадаш, фарёдаш ба фалак мепечид.

Модари Осия заминро ба чанголҳояш меканд.

Арӯс худро гунаҳкори марги Осия мехонд, ки дар рӯзи тӯйи ӯ ин ҳодисаи шум рух додааст.

Дар ин ҳодиса ҳама наздикон худро гунаҳкор медонистанд, ки чигуна Осия ба лаби об рафтаасту онҳо надиданд ва дар 5 дақиқа ин ҳолат рух додааст?

Ягон нафаре пайдо намешуд, ки ҷуръат карда ба бародарам Ҷумъабой хабар расонад, ки он гули нозанине, ки ҳамаи ҳастияш буд, ғарқ шуда ба шаҳодат расидааст.😢

Аз тамоми мақомоти дахлдори ФР дар ш.Сургут ба ҷои ҳодиса бориданд, тамоми асли ҳодисаро пурсу ҷу намуданд, ва шоҳиди асосии ҳодиса ҷияни 11солаам Саида буд, ба саволҳои мақомот бо як оҳу фиғон посух гардонд, ки кормандони мақомот ҳаракат мекарданд тезтар аз ҷои ҳодиса раванду вайро набинанд.

Баъди 3 соат ҷасади Осияро ба сардхона бурданд, ҳамаи тӯякиҳо гуруснаву ташна ба хонаҳояшон рафтанд. Дастархонҳои пур аз нозу неъмат ҳайрон буданд, дегҳои пур аз хӯроки тоҷикона хунук шуда дар гӯшае аз ҳавлӣ истода буданд ва касе тарафашон намерафт.

Хабар ба падари Осия расид, ва ӯ ба самти Сургут ҳаракат кард, ман бошам фақат дар фикр будам, ки агар бародарам ягон чиз пурсад, ман чӣ мегӯям?! Хулас Ҷумъабой омад, ва ман аз забони ӯ барои даргузашти ҷигарбандаш ба ҷуз ҳамду санои Холиқи якто ва шукргузорӣ дигар калимае нашунидам ва чизе ҳам напурсид, гӯё медонист, ки ман посух надорам.

Хулоса Осияро дар ш.Сургут ба хок супурданду ман ба шаҳраки Берёзово бар гаштам, ва вақте, ки ба хона даромадам, хонаи сехонагие, ки дар будани Осия пур менамуд ва ҳамеша садои пои ӯ аз ин дару он дар ба гӯш мерасиду овози хандаву шодияш хонаро мегирифт, ҳама хомӯш буд, бозичаҳояш дар пеши тиреза ҳайрон буданду ғизоҳояш дар яхдон.😢

Каме дар хона истодам, ва баъдан набудани Осияро эҳсос кардаму гиря гулӯямро гирифт, ва аз алам мехостам, ки чунин садое бардорам, ки гӯши фалакро кар кунад, вале садо намебаромад.

Эҳсос кардам, ки он гули ноёфт дигар нест…

Дигар касе дар ин муҳоҷират аз кор бар гаштани манро дар хона интизор намешавад.

Дигар касе ба дохил шудани ман аз дар ба қадам худро кашол намекунад.

Дигар касе манро бо ишора намегӯяд, ки манро ба боло ҳаво деҳ.

Дигар тифле аз дасти ман маҷбур намекашад, ки барои ман дар телефон “мултфильм” мон.

Дигар касе дар вақи намоз болои ҷойнамози ман саҷда кунам гуфта дароз намекашад.

Дигар касе нест, ки дар вақти саҷда худро ба гардани ман овезон кунад.

Дигар Осия нест, ки ба ҷои корам омада даводав кунаду ину он чизро канаду ғалтонад.

Осия моро тарк гуфт..😢

Ӯ гуле буд, ки ношукуфта ба гулзори ҶаннатулФирдавс пайваст!

Худовандро шукр мегӯям ва дуъо мекунам, ки ба падару модараш сабри ҷамил иноят фармояд, ва ба ҷои Осия боз фарзандони бо умри дарозу тани сиҳат насибашон гардонад.

Омин!

Ҷ.Х.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button