ВидеоИқтисодНуқтаи назар

НАРХИ ЯК КИЛО САБЗӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ БА 12 СОМОНӢ РАСИД (ВИДЕО)

Шоҳин Облоқулзода, журналисти муқими Панҷакент дар як матлаб бо номи “ПАНҶАКЕНТ:РЕКОРДИ ГИНЕСРО БА ЯК НӮЛ ЗАДАНД!” дар гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам! ” хабар дод, ки рӯзи 18 июн дар бозори марказии Панҷакент нархи як кило сабзиро то ба 12 сомонӣ боло баровардаанд ва дар пайи ин нархи як кило сабзӣ дар мағозаҳо ба 13 сомонӣ расидааст. “Ёбеду гиред!” – навиштааст ӯ.

Шоҳин Облоқулзода роҳбарони бозорро айбдор кардааст, ки бо ҳаннотон, ё ба қавли журналист, “деҳқонони асили Панҷакент”, ки дар бозор 366 рӯз маводи тамомнашавандаашонро як ҷо бо кормандони бозор забон як карда ба савдо мезананд”, забон як кардаанд.

“Мо маъмурияти бозорро бо сарварии раиси он РАҲИМОВУ шербачаҳояшон ва куллияи ҷаллобони бозорро бо ин дастоварди “бузургашон”метабрикему мегӯем,ки ба пеш барои боз ҳам боло бурдани нархи ҲАЗРАТИ САБЗӢ”!” – навиштааст бо киноя Шоҳин Облоқулзода.

Шоҳин Облоқулзода

Шоҳин ОблоқулзодаI ❤ Panjakent! Панҷакентро медорам! Я Пенджикент!

ПАНҶАКЕНТ:РЕКОРДИ ГИНЕСРО БА ЯК НӮЛ ЗАДАНД!

Сабзӣ дар баробари биринҷ, гӯшт ва равған яке аз масолеҳи асосӣ барои пухтани ош, як таоми аз ҳама дӯстдоштаи мардум дар Тоҷикистон мебошад. Пештар дар Тоҷикистон нархи гӯшту равған башиддат боло рафт ва ахиран, дар поёни моҳи май нархи сабзӣ каму ғам не, якбора то 5-6 маротиба ба осмон хеста, аз 2 сомонӣ то ба 10 ва инак ба 12 сомонӣ расид.

Ин дасти бисёриҳоро аз пухтани оши дӯстдоштаашон кӯтоҳ кардааст. Бархе бо киноя менависанд, ки бояд ба “оши парҳезӣ” гузашт: оше, ки бидуни гӯшту равғану сабзӣ пухта шавад…

Ахиран Дӯстмурод Шарипов, маъруф ба “Дон Жуан”, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, дар клипи наваш бо номи “Лоло, лоло, лоло, нархи сабзӣ рафт боло” мавзӯи имрӯз дар Тоҷикистон хеле доғи болоравии нархҳоро ба риштаи ҳаҷв кашид. Ин таронаро дар байни чанд рӯз танҳо дар канали “Дон Жуан” дар Ютуб алакай қарим ним миллион нафар тамошо карда, даҳҳо нафари дигар дар дигар шабакаҳои интернетӣ бознашр кардаанд.

Акс аз “Спутник”
Бозори “Панҷшанбе”. 24.05.2021
Сурат: Ҳалим Ҷӯраев / Азия-Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button