ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

МУҲОҶИРОНРО МЕХОҲАНД БО ҚАТОРҲОИ РОҲИ ОҲАН БА РУСИЯ БАРАНД

Вазорати кишоварзӣ ва ширкати роҳи оҳани Русия масъалаи ташкили хатсайрҳои чартерӣ барои тавассути қаторҳои роҳи оҳан ба Русия овардани коргарон аз кишварҳои ҳамсояро баррасӣ мекунанд,  хабар додааст нашрияи “Коммерсант”. Ин тадбир бояд масъалаи камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи кишоварзии Русияро бахусус дар ин шабу рӯз, ки айни авҷи мавсими  корҳои кишоварзист, ҳал кунад.  Феълан муҳоҷирони корӣ ба Русия танҳо тавассути ҳавопаймо метавонанд сафар кунанд, вале нархи ҳавопаймо хеле баланд буда, онҳое, ки барои мардикорӣ дар саҳро ба Русия меоянд, тавони пардохти пули чиптаро надоранд. Дар Тоҷикистон ҳам, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳоро хеле боло бурдаанд, хоҳишмандони сафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия аз мақомот талаб доранд, ки интиқоли муҳоҷирон бо роҳи оҳанро, ки назар ба ҳавопаймо бамаротиб арзонтар аст, ташкил кунанд.

 Манбаи «Коммерсант» гуфтааст, ки масъалаи ташкили қаторҳои чартерӣ барои овардани муҳоҷирон ҳафтаи гузашта дар вазорати кишоварзӣ баррасӣ шудааст. Дар ин вазорат тасдиқ кардаанд, ки бо минтақаҳои кишоварзии Русия масъалаи таҳияи дархостҳои дастаҷамъӣ барои ташкили қаторҳои роҳи оҳан бо мақсади овардани муҳоҷиронро баррасӣ доранд. Дар соли 2021 барои корҳои саҳроӣ ба Русия ҳудуди 38 ҳазору 200 муҳоҷир лозим будааст.

Қарори маълум, Русия моҳи марти соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус вуруди муҳоҷирони хориҷиро манъ кард. Моҳи марти соли 2021 ҳукумати Русия ба ширкатҳои бузурге, ки беш аз 250 коргар доранд ва ҳаҷми гардишашон беш аз 2,5 миллиард рубл аст, иҷозат дод, ки аз хориҷ коргар ворид кунанд.

Вале Ягодный союз, яке аз иттиҳодияҳои бузурги кишоварзии Русия он вақт вазири кишоварзӣ Дмитрий Патрушевро ҳушдор дода буд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ маъмулан хеле хурдтаранд ва ҷавобгӯи ин талабот нестанд. Моҳи май  ин маҳдудият  дар мавриди ҷалби нирӯи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор карда шуд.

Феълан муҳоҷирони корӣ ба Русия танҳо тавассути ҳавопаймо метавонанд сафар кунанд, вале, мегӯянд дар вазорати кишоварзии Русия, нархи ҳавопаймо  назар ба хароҷоти онҳое, ки барои мардикорӣ дар саҳро ба Русия меоянд, хеле баландтар аст. Дар вазорат гуфтаанд, ки ташкили қаторҳои роҳи оҳан барои овардани муҳоҷирон пешниҳоди минтақаҳои кишоварзист ва вазорат аз ин минтақаҳо хостааст, ки дар бораи ба чӣ миқдор нирӯи корӣ эҳтиёҷ доштани худ дархост бинависанд.

Моҳи июн муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин гуфт, ҳукумат масъалаи сода кардани тартиби вуруди муҳоҷирон ва таъмини онҳо бо ваксинаи зидди коронавирусро меомӯзад. Ҳуснуллин инро бахусус барои соҳаи сохтмони Русия фавқулодда муҳим номид ва гуфт, дар ҳоле ки муҳоҷирон омодаанд барои 50 ҳазор рубл маош ҳар рӯз 12 соат кор кунанд, сокинони худи Русия бо чунин маошу чунин шароит кор карданӣ нестанд. Ӯ афзуд, ки Русия ҳамчунон ба нирӯи кории арзони муҳоҷирон ниёз дорад.

Дар даврони пандемияи коронавирус ба сабаби баста шудани роҳи вуруди муҳоҷирон Русия ба камбуди нирӯи корӣ дучор шуд. Танҳо дар Маскав, ба ҳисоби мақомот, ҳудуди 300 ҳазор коргар намерасад, ки ин боиси кунд шудани раванди кор бахусус дар соҳаи сохтмон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button