ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 18 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 18 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

МУҲОҶИРОНРО МЕХОҲАНД БО ҚАТОРҲОИ РОҲИ ОҲАН БА РУСИЯ БАРАНД

ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ БА ҚАТЛИ МОДАРУ ДУХТАР АЙБДОР МЕШАВАД

Ӯ ГУЛЕ БУД… ФОҶИА ДАР ХОНАВОДАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР СУРГУТИ РУСИЯ

НАРХИ ЯК КИЛО САБЗӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ БА 12 СОМОНӢ РАСИД

ҲИЗБИ ҲОКИМ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ ДАР 2 ГЕКТАР ШОЛӢ КИШТААСТ

ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК, КИ МЕХОСТ БА ПУЛИСИ РУС 60 ҲАЗОР РУБЛ ПОРА ДИҲАД

ГУЗОРИШ АЗ БЕМОРХОНАИ “ЯКУМ СОВЕТСКИЙ”: КОРОНАВИРУС ҲАСТ Ё НЕСТ?

БОЗДОШТИ СОКИНИ ИСТАРАВШАН БО 180 ТАНГАИ ҚАДИМА ДАР ФУРУДГОҲ

ВА ИЗДИВОҶИ ПИСАРИ ВАН ДАММ БА ЯК ПИАНИНОНАВОЗ АЗ ОЗАРБОЙҶОН

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Вазорати кишоварзӣ ва ширкати роҳи оҳани Русия масъалаи ташкили хатсайрҳои чартерӣ барои тавассути қаторҳои роҳи оҳан ба Русия овардани коргарон аз кишварҳои ҳамсояро баррасӣ мекунанд,  хабар додааст нашрияи “Коммерсант”. Ин тадбир бояд масъалаи камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи кишоварзии Русияро бахусус дар ин шабу рӯз, ки айни авҷи мавсими  корҳои кишоварзист, ҳал кунад.  Феълан муҳоҷирони корӣ ба Русия танҳо тавассути ҳавопаймо метавонанд сафар кунанд, вале нархи ҳавопаймо хеле баланд буда, онҳое, ки барои мардикорӣ дар саҳро ба Русия меоянд, тавони пардохти пули чиптаро надоранд. Дар Тоҷикистон ҳам, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳоро хеле боло бурдаанд, хоҳишмандони сафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия аз мақомот талаб доранд, ки интиқоли муҳоҷирон бо роҳи оҳанро, ки назар ба ҳавопаймо бамаротиб арзонтар аст, ташкил кунанд.

 Манбаи «Коммерсант» гуфтааст, ки масъалаи ташкили қаторҳои чартерӣ барои овардани муҳоҷирон ҳафтаи гузашта дар вазорати кишоварзӣ баррасӣ шудааст. Дар ин вазорат тасдиқ кардаанд, ки бо минтақаҳои кишоварзии Русия масъалаи таҳияи дархостҳои дастаҷамъӣ барои ташкили қаторҳои роҳи оҳан бо мақсади овардани муҳоҷиронро баррасӣ доранд. Дар соли 2021 барои корҳои саҳроӣ ба Русия ҳудуди 38 ҳазору 200 муҳоҷир лозим будааст.

Қарори маълум, Русия моҳи марти соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус вуруди муҳоҷирони хориҷиро манъ кард. Моҳи марти соли 2021 ҳукумати Русия ба ширкатҳои бузурге, ки беш аз 250 коргар доранд ва ҳаҷми гардишашон беш аз 2,5 миллиард рубл аст, иҷозат дод, ки аз хориҷ коргар ворид кунанд.

Вале Ягодный союз, яке аз иттиҳодияҳои бузурги кишоварзии Русия он вақт вазири кишоварзӣ Дмитрий Патрушевро ҳушдор дода буд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ маъмулан хеле хурдтаранд ва ҷавобгӯи ин талабот нестанд. Моҳи май  ин маҳдудият  дар мавриди ҷалби нирӯи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор карда шуд.

Моҳи июн муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин гуфт, ҳукумат масъалаи сода кардани тартиби вуруди муҳоҷирон ва таъмини онҳо бо ваксинаи зидди коронавирусро меомӯзад. Дар даврони пандемияи коронавирус ба сабаби баста шудани роҳи вуруди муҳоҷирон Русия ба камбуди нирӯи корӣ дучор шуд. Танҳо дар Маскав, ба ҳисоби мақомот, ҳудуди 300 ҳазор коргар намерасад, ки ин боиси кунд шудани раванди кор бахусус дар соҳаи сохтмон шудааст.

ххххххххххххххххх

Рӯзи 17 июн додгоҳи Маскав як марди 27-соларо бо ҷурми куштори модару духтар ва саги онҳо дар минтақаи Новая Москва ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ба зидди марди дастгиршуда бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ исми гумонбаршаванда ва қурбониёнашро нашр накардаанд, вале нашрияи “Комсомольская правда” хабар дод, ки ӯ  зодаи Тоҷикистон Наврӯз Ҷумъаев ном дошта, субҳи 15 июн зани 44-солаи ҳамзисташ Екатерина Сергиевская, духтари 22-солаи вай Елизавета ва саги навъи такса бо лақаби Тотошкаро кушта, сипас хонаро оташ задааст, то изи ҷинояти худро бипӯшонад, вале хеле зуд дастгираш кардаанд.

Раёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки бар асоси фарзияи тафтишот, субҳи барвақти 15 июн дар як манзил дар кӯчаи Дзержинскийи шаҳраки Кокошкино дар минтақаи Новая Москва марди дастгиршуда зани 44-солаи ҳамзисташ ва духтари 22-солаи ӯро ба қатл расонда, сипас санадҳо, телефонҳои мобил, ноутбук ва ҷавоҳироти ин ду занро гирифта, хонаро оташ зада, фирор кардааст. Ба гуфтаи тафтишот, гумонбаршавандаро зуд дастгир карданд ва ӯ ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки дар натиҷаи ҷанҷоли маишӣ даст ба куштори модару духтар задааст.

Бино ба иттилои “Комсомольская правда”, Наврӯз Ҷумъаев 5 сол пеш ба Русия омада, қаблан такси мезад ва солҳои ахир дар метро рӯбучин мекарду ҳамзамон ғоибона дар риштаи забонҳои РУДН (Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба)  таҳсил дошт.

Ба гуфтаи як дугонаи зани кушташуда, Екатерина бо Наврӯз дар ҷои кор шинос шудаанд, чунки Екатерина ҳам дар метро кор мекард.

Барои куштори ду нафар ба Ҷумъаев ҳукми сангин, ҳатто ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи “Комсомольская правда”, вақтҳои охир муносибатҳои қаблан ошиқонаи Екатерина ва Наврӯз рӯ ба харобӣ оварда, байни онҳо зуд-зуд ҷанҷол мешуд. Ва субҳи 15 июн гӯё зан аз Ҷумъаев талаб кардааст, ки хонаи ӯро тарк кунад. Наврӯз сари қаҳр ба зан ҳамла кардааст. Садои фарёди модарашро шунида, Елизавета аз хонаи худ берун ҷастааст, то модарашро ҳимоят кунад. Вале зӯри онҳо ба Ҷумъаев нарасидааст. Саги соҳибхона Тотошка низ ба ҳимояти Екатерина ва Елизавета садо баланд кардааст, вале Ҷумъаев ӯро низ бо корд куштааст.

“Баъди ин ҳама хунрезӣ, Наврӯз дар ванна дастонашро шуста, аз хун тоза кард, либосашро иваз кард ва ҳамаи чизҳои арзишманди соҳибони хона, аз ҷумла ҷавоҳирот, телефонҳои мобил ва ноутбукро ба як сумка андохт ва сипас хонаро оташ зад. Ӯ фикр дошт, ки сӯхтор ҷасадҳоро чунон вайрон мекунад, ки ҳама фикр мекунанд, ки модару духтар дар сӯхтор ҷон бохтаанд”, – хабар додааст Комсомольская правда”.

хххххххххххххххххх

Ҷунайдулло Худоёров, блогнависи тоҷики муқими Русия дар матлаби хеле пуралам дар Фейсбук аз марги фоҷиавии Осия, духтари бародараш Ҷумъабой хабар додааст.

 Ҷунайдулло менависад, ки ӯ ҳамроҳи Осияву модари ӯ ва як ҷияни дигараш рӯзи 8 июн барои иштирок дар ду тӯйи ҳамватанон  аз Берёзово ба шаҳри Сургут сафар карданд.

Онҷо дар як ҳафта ду тӯй буд, дар тӯйи якум Осия куртаи хоси тӯёна ба бар дошт, ки барояш хеле зебанда буд, хурсандиаш ҳаду канор надошт. Рӯзи 12.06.2021 ба шодӣ ва хурсандӣ тӯйи аввалро гузаронидем, ва дар рӯзи 16.06.2021 дар тӯйи дувум ошу таомро омода намудем, чаҳор навраси боақл вобаста буданд ва Осияро нигоҳубин мекарданд, ки нағалтаду намонад”,  – менависад Ҷунайдулло Худоёров.

Тӯякиҳо ба омадан шурӯъ карда буданду Ҷунайдулло бо Шаҳбача барои харидории дастаи гул барои Арӯс ва ороиши мошини Шаҳ ба маркази шаҳр рафтанд. Соате пас дастаи гули рангоранг дар дасти домод дар мошини пурзиннат баргаштанд, ки Ҷунайдулло дар сари кӯча мардуми зиёдро дид, ки ҷамъ шудаанд.

“Мани бехабар хушҳол фаромадам ва пурсидам, ки инҷо чӣ истодаед? Дӯсте аз ман пурсид, ки аз хона зангат назадаанд? Гуфтам, на. Чаро? Бароям гуфт, сабур бошам, ки мусибате рух додааст.. Пурсидам: Чӣ мусибат? Гуфт: Духтари Ҷумъабой ба об ғарқ шуда, дунёро падруд гуфтааст. Бо шунидани ин хабар хаёл кардам, ки ҳарду дастонам аз бозу қатъ гардиданд. Бовар кардан намехостам, вале чун ба тӯйхонае, ки як соат пеш ҳама шоду хушҳол буданд расидам, онҷо мотамхона буд.

Ҳама мегиристанд...

Пир мегирист...

Ҷавон мегирист...

Кӯдак мегирист

Ҷиянам Саида 11 сол дорад, ҳавай ҷасади кӯдакро аз об берун карда будааст. Ӯро дидам, чунон мегирист, ки гӯё мори заҳрноке газида бошадаш, фарёдаш ба фалак мепечид.

Модари Осия заминро ба чанголҳояш меканд.

Арӯс худро гунаҳкори марги Осия мехонд, ки дар рӯзи тӯйи ӯ ин ҳодисаи шум рух додааст.

Дар ин ҳодиса ҳама наздикон худро гунаҳкор медонистанд, ки чигуна Осия ба лаби об рафтаасту онҳо надиданд ва дар 5 дақиқа ин ҳолат рух додааст? ” – менависад Ҷунайдулло

Баъди 3 соат ҷасади Осияро ба сардхона бурданд, ҳамаи тӯякиҳо гуруснаву ташна ба хонаҳояшон рафтанд. Дастархонҳои пур аз нозу неъмат ҳайрон буданд, дегҳои пур аз хӯроки тоҷикона хунук шуда дар гӯшае аз ҳавлӣ истода буданд ва касе тарафашон намерафт.

Осияро дар Сургут ба хок супурданду Ҷунайдулло ба Берёзово баргашт. Ба хонае, ки дар будани Осия пур менамуд ва садои хандаю шодияш хонаро мегирифт ва ҳоло хомӯшу холӣ шуда буд.

“Каме дар хона истодам, ва баъдан набудани Осияро эҳсос кардаму гиря гулӯямро гирифт, ва аз алам мехостам, ки чунин садое бардорам, ки гӯши фалакро кар кунад, вале садо намебаромад.

Эҳсос кардам, ки он гули ноёфт дигар нест...

Осия моро тарк гуфт..

Ӯ гуле буд, ки ношукуфта ба гулзори ҶаннатулФирдавс пайваст!– навиштааст амаки ғамзада дар хатми ин марсияи пургудоз мотами ҷияни ғӯррамаргаш Осия.

Худованд раҳмату мағфираташ кунад ва шоистаи Ҷаннаташ гардонад!

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Хабарнигорони “Азия Плюс” Мазҳаб Ҷумъа ва Абдулло Ғурбатӣ дар пасманзари сарусадоҳо бораи эҳтимоли хуруҷи дигарбораи бемории коронавирус дар Тоҷикистон барои таҳқиқи воқеъият ба яке аз маконҳои асосии табобати коронавирус дар Душанбе: Маркази тиббии №1, ки бештар бо номи маҳалли ҷойгиршавиаш ҳамчун беморхонаи Якум Советский маъруф аст,  рафта, гузориши аксдореро аз инҷо таҳия кардаанд.

Хабарнигорон дар назди шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва шуъбаи эҳёи  беморхона мардуми зиёдеро мушоҳида кардаанд, ки барои аёдати наздиконашон омадаанд. Чанде аз онҳо гуфтаанд,  хешу таборашон бо аломатҳои монанд ба коронавирус дар инҷо бистарианд, вале табибон онҳоро таскин медиҳанд, ки ин на коронавирус, балки илтиҳоби шуш(пневмония)  ё бемориҳои дигари мавсимии шуш аст.

Аз ҷумла Мирдадо ном нафар гуфтааст, яке аз наздиконаши солмандаш, ки синнаш 58 будааст, инак 10 рӯз боз дар шуъбаи эҳёст. “Духтурон мегӯянд, ҳолаш вазнин аст, намедонем чӣ мешавад”, -гуфтааст Мирдадо. Духтурон ба онҳо ҳам гуфтаанд, ки хешашон пневмония шудааст, на коронавирус, вале Мирдадо ба ин гапи табибон шубҳа дорад.

Вале бештари сокиноне, ки барои аёдати беморони худ омада буданд, аз суҳбат бо хабарнигорон парҳез карда, гуфтаанд, ки “иҷозати суҳбат карданро надоранд”. Ба ин суол, ки кӣ шуморо иҷозат намедиҳад?,  онҳо посухе надодаанд.

Муовини сардори Маркази тиббии шаҳрии №1 Анвар Нурализода бо баҳонаи набудани роҳбарияти беморхона хабари бистарӣ шудани беморонро бо нишонаҳои коронавирус дар беморхона рад ё тасдиқ накарда, танҳо гуфтааст, бемороне, ки дар шуъбаи эҳё ва шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарианд, дар натиҷаи истеъмоли оби хунук, яхмос, оббозӣ дар оби хунук ва таъсири боду ҳаво гирифтори беморҳои сироятии мавсимӣ  шудаанд. Ӯ гуфт, ки дар беморхонаи онҳо ягон маризи коронавирус нест.

Ӯ гуфт, маризе, ки чанде пеш фавтид, низ гирифтори пневмония буд, на коронавирус.

Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо инак чанд ҳафта боз дар бораи хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон суҳбат меравад ва дар шабакаҳо нусхаҳои дастикам ду натиҷаи мусбати ташхиси коронавирус нашр шуд. Қаблан як манбаъ аз озмоишгоҳи “Диамед” хабар дод, ки танҳо дар як рӯзи 8 июн дар ин озмоишгоҳ 100 ташхиси коронавирус мусбат баромадааст.

Чанд хонандаи “Бомдод” низ хабар доданд, ки хешовандонашон бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шудаанд, вале табибон исрор меварзанд, ки онҳо ба илтиҳоби шуш дучор шудаанд.

Дар баҳори соли 2020 низ мақомоти Тоҷикистон вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад карда, исрор меварзиданд, ки сухан дар бораи хуруҷи пнвмония меравад. Танҳо ба ин иддаои мақомот шубҳа кардани Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Душанберо маҷбур кард, ки 30 апрели соли 2020, дар арафаи сафари ҳайъати он созмон билохира аввалин мавридҳои гирифторӣ ба коронавирусро тасдиқ кунад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021 инак панҷуним моҳ боз ошкор шудани мавридҳои нави коронавирусро дар кишвар инкор мекунад. Вале ба ин ҳисоботҳои вазорати тандурустӣ  кам касе бовар мекунад. Аз ҷумла дар худи мақомоти раҳбарии Тоҷикистон.

ххххххххххххххххх

Аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон(ҲХДТ)  дар вилояти Хатлон ба хабаргузории давлатии “Ховар” хабар додаанд,  ки кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон якҷо бо кумитаҳои зертобеи худ дар хоҷагии ёрирасони кумита дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав дар майдони ду гектар кишти шолиро ба роҳ мондаанд.  

Дар хабар таъкид шудааст, ки “майдони кишти шолие, ки айни замон кормандони кумитаи вилоятии ҳизб дар он сарукор доранд, бинобар сабаби шӯршавӣ аз гардиш дур монда буд.”

“Мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расидан ба зиндагии шоиста, дар баробари иҷрои корҳои таблиғотӣ, ҳамчунин ба таври амалӣ дар самти истифодабарии мақсадноки замин ташаббускорӣ нишон додан” аз мақсадҳои аслии ин ташаббуси кормандони ҳизби ҳоким дар вилояти Хатлон ном бурда мешавад.

Роҳбарияти кумита ният доштаанд, ки дар сурати ба даст овардани ҳосили хуб кормандон ва як қатор ниёзмандонро аз ҳосили худ кумак намоянд.

“Ховар” менависад, ки чунин ташаббус алакай аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ роҳандозӣ гардида истодааст.

Ҳизби ҳокими ҲХДТ, ки соли 1995 таъсис ёфтааст, ҳоло бо ҳудуди ним миллион узв бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Раҳбари ҳизб президент Эмомалӣ Раҳмон буда, аксарияти кулли мансабҳои давлатиро дар ҷумҳурӣ намояндагони ҲХДТ дар даст доранд.

ххххххххххххххххх

Шоҳин Облоқулзода, журналисти муқими Панҷакент дар як матлаб бо номи “ПАНҶАКЕНТ:РЕКОРДИ ГИНЕСРО БА ЯК НӮЛ ЗАДАНД!” дар гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам! ” хабар дод, ки рӯзи 18 июн дар бозори марказии Панҷакент нархи як кило сабзиро то ба 12 сомонӣ боло баровардаанд ва дар пайи ин нархи як кило сабзӣ дар мағозаҳо ба 13 сомонӣ расидааст. “Ёбеду гиред!” – навиштааст ӯ.

Шоҳин Облоқулзода роҳбарони бозорро айбдор кардааст, ки бо ҳаннотон, ё ба қавли журналист, “деҳқонони асили Панҷакент”, ки дар бозор 366 рӯз маводи тамомнашавандаашонро як ҷо бо кормандони бозор забон як карда ба савдо мезананд”, забон як кардаанд.

Мо маъмурияти бозорро бо сарварии раиси он РАҲИМОВУ шербачаҳояшон ва куллияи ҷаллобони бозорро бо ин дастоварди “бузургашон”метабрикему мегӯем,ки ба пеш барои боз ҳам боло бурдани нархи ҲАЗРАТИ САБЗӢ”!” – навиштааст бо киноя Шоҳин Облоқулзода.

Сабзӣ дар баробари биринҷ, гӯшт ва равған яке аз масолеҳи асосӣ барои пухтани ош, як таоми аз ҳама дӯстдоштаи мардум дар Тоҷикистон мебошад. Пештар дар Тоҷикистон нархи гӯшту равған башиддат боло рафт ва ахиран, дар поёни моҳи май нархи сабзӣ каму ғам не, якбора то 5-6 маротиба ба осмон хеста, аз 2 сомонӣ то ба 10 ва инак ба 12 сомонӣ расид.

Ин дасти бисёриҳоро аз пухтани оши дӯстдоштаашон кӯтоҳ кардааст. Бархе бо киноя менависанд, ки бояд ба “оши парҳезӣ” гузашт: оше, ки бидуни гӯшту равғану сабзӣ пухта шавад…

Ахиран Дӯстмурод Шарипов, маъруф ба “Дон Жуан”, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, дар клипи наваш бо номи “Лоло, лоло, лоло, нархи сабзӣ рафт боло” мавзӯи имрӯз дар Тоҷикистон хеле доғи болоравии нархҳоро ба риштаи ҳаҷв кашид. Ин таронаро дар байни чанд рӯз танҳо дар канали “Дон Жуан” дар Ютуб алакай қарим ним миллион нафар тамошо карда, даҳҳо нафари дигар дар дигар шабакаҳои интернетӣ бознашр кардаанд.

ххххххххххххххххх

Дар ноҳияи Мокшани вилояти Пензаи Русия як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми қасди пора додан ба корманди пулис бо қарори додгоҳ 200 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Пенза рӯзи 17  июн хабар дод, ки ҳукми муҳоҷири тоҷик алакай ба иҷро даромадааст.

Бар асоси фарзияи тафтишот, ки додгоҳ низ аз он пуштибонӣ кард, як корманди пулиси ноҳияи Мокшан рӯзи 4 феврали соли 2021 мағозаи марбут ба як шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳраки Мокшан тафтиш карда,  бори дуюм ҳолатҳои дар ин мағоза фурӯхтани маҳсулоти контрафакт, яъне ҳамчун маҳсулоти ширкатҳо ва брендҳои машҳур фурӯхтани молҳои қалбакиро ошкор кардааст.

 “Дӯсти соҳиби мағоза, ки он вақт онҷо буд, хост, то ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос кунад. Ба ин мақсад вай 60 ҳазор рублро дар дохили папка гузошта, хост дар ивази беамалиаш, яъне чшм тартиб надодани протокол ва нагузарондани тафтиши ҳолатҳои фурӯши маҳсулоти контрафакт ҳамчун пора ба нозири пулис бидиҳад. Нозири пулис аз гирифтани пора даст кашид”,  – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми сеюми моддаи 30, қисми сеюми моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттизоми қасди додани пора ба мансабдор барои беамалии ғайриқонунӣ)  парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Марди 48-солаи сокини ҷамоати Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, рӯзи 4 июн дар фурудгоҳи Хуҷанд ҳангоми нишастан бо хатсайри №2092 самти “Хуҷанд-Иркутск” бо гумони кочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ боздошт шуд. ВКД гуфт, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи номбурда, 180-адад тангаҳои қадима ёфт ва мусодира шудааст. Бар асоси хулосаи шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда, дар ҳолати хуб қарор дошта, сиккаҳои сериявианд ва арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.
Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
ВКД гуфт, дар кирдори гумонбаршаванда аломатҳои таркиби ҷинояти  дар моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад.

хххххххххххх

Марди 28-солаи сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои дуздӣ ва авбошӣ суд шудааст, ин дафъа ҳам бо гумони дуздӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 31 май  бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории марди 32-солаи сокини пойтахт шуда, аз он ҷо 706 сомонӣ ва  ба маблағи 3 ҳазору 585 сомонӣ маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ххххххххххххххххх

Ва дар анҷоми барнома як хабари ҷолиб аз ҳаёти ситораҳо:

Кристофер Ван Варенберг (Крис Ван Дамм), писари 34-солаи ситораи машҳури Ҳолливуд Жан-Клод Ван Дамм, бо пианинонавози 21-сола аз Озарбойҷон Суада Ҳоҷизода дар саҳифааш дар Инстаграм  бо нашри ду акс аз маросими ақди никоҳи ӯ бо Крис Ван Дамм  дар консулгарии Озарбойҷон дар шаҳри Истанбули Туркия хабар дод.

Дар аксҳо Суодаву Крис ва ҳамин тавр, худи Жан-Клод Ван Дамм, ки ба маросими ақди никоҳи писараш омада буд, дар дохили консулгарии Озарбойҷон дар Истанбул дар зери акси бузурги президентҳои қаблӣ ва кунунии Озарбойҷон падару писар Ҳайдар ва Илҳом Алиев сабт шудаанд.

Домоду арӯс ба далели пандемияи коронавирус бо маросими ақди никоҳашон дар консулгарӣ иктифо карда, аз баргузории тӯйи муҳташам худдорӣ кардаанд.

Дар Интернет видеоҳое пайдо шуд, ки дар онҳо дар ҳавои кушод ва танҳо дар ҳалқаи оила ҷашн гирифтани ақди никоҳи Крис ва Суода сабт шудаанд. Дар яке аз ин видеоҳо дида мешавад, ки Жан Клод Ван Дамм бо келинаш рақс мекунад.

Продюсер Кристофер Ван Варенберг,  ки ҳамчунин бо номи Крис Ван Дамм ҳам маъруф аст,  фарзанди Жан-Клод Ван Дамм ва бадансоз ё културисткаи собиқ Глэдис Португез мебошад. Арӯси ӯ Суода Ҳоҷизода ғолиби 7 озмуни байналмилалии мусиқӣ буда, номаш дар “Китоби тиллоии истеъдодҳои ҷавони Озарбойҷон” дарҷ  шудааст.

Дар Озарбойҷон, ин кишвари собиқ шӯравиии ҷануби Қафқоз то кунун ба ҳунарпешаи амрикоии зодаи Белгия Жан-Клоду Ван Дамм алоқаву муҳаббати хосае доранд. Ду сол пеш дар деҳаи Вандами Озарбойҷон, ки номаш ба исми ситораи амрикоӣ монанд аст, ҳайкали Ван Дамм пардабардорӣ шуд. Ин иқдом ва ҳайкали сохтаи озариҳо ба Ван Дамм ҳам чунон хуш омад, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук ба мардуми Озарбойҷон хеле бо ҳарорат изҳори сипос кард.

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button