ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ СОКИНИ ИСТАРАВШАН БО 180 ТАНГАИ ҚАДИМА ДАР ФУРУДГОҲ

Марди 48-солаи сокини ҷамоати Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, рӯзи 4 июн дар фурудгоҳи Хуҷанд ҳангоми нишастан бо хатсайри №2092 самти “Хуҷанд-Иркутск” бо гумони кочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ боздошт шуд. ВКД гуфт, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи номбурда, 180-адад тангаҳои қадима ёфт ва мусодира шудааст. Бар асоси хулосаи шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда, дар ҳолати хуб қарор дошта, сиккаҳои сериявианд ва арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.
Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
ВКД гуфт, дар кирдори гумонбаршаванда аломатҳои таркиби ҷинояти  дар моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад.

хххххххххххх

Марди 28-солаи сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои дуздӣ ва авбошӣ суд шудааст, ин дафъа ҳам бо гумони дуздӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 31 май  бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории марди 32-солаи сокини пойтахт шуда, аз он ҷо 706 сомонӣ ва  ба маблағи 3 ҳазору 585 сомонӣ маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 48-сола бо гумони кочоқ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, санаи 4-уми июни соли 2021, дар вақти сафар намудан бо хатсайри №2092 самти “Хуҷанд-Иркутск” бо гумони кочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи номбурда, 180-адад тангаҳои қадима дарёфт ва гирифта шуд.
Дар асоси хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда, дар ҳолати хуб қарор дошта, хусусияти барориши сиккаҳои сериявӣ мебошад.
Ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.
Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ маън карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
Дар кирдорҳои гумонбаршаванда аломатҳои таркиби ҷинояти моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 31-уми майи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории марди 32-солаи сокини пойтахт шуда, аз он ҷо 706-сомонӣ ва маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 291-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button