ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳоҶомеа

БО ЧУНИН ИНСОН БОЯД ИФТИХОР КАРД! ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БОЗ БА ЯК ОИЛАИ МУҲТОҶ ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Соҳибкори шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил» боз ба як оилаи муҳтоҷ хонаи нав туҳфа кард. Малика Қувватова сокини шаҳри Турсунзода 25 сол боз бо  фарзандони маъюбаш Ҳасану Ҳусейн дар як хобгоҳи умумӣ зиндагӣ доштанд. Кӯдакони ӯ ҳамагӣ 3 сол доштанд, ки шавҳараш аз саратон вафот кард. Аз як тараф бемории фарзандон, аз ҷониби дигар алами бехонагӣ ин занро маҷбур намуд, ки ба барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи “Оила” муроҷиат кунад.

Пас аз пахши навори видеоӣ аз аз соҳибкорони муваффақи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба аёдати ин оилаи ниёзманд рафта, бо вазъи зиндагии эшон аз наздик ошно гашт ва ваъда дод, ки ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, мушкили онҳоро ҳал ва Ҳасану Ҳусейнро хонадор ҳам мекунад.

“Оила” менависад, сароғоз қарор буд, ки барои ин оилаи камбизоат аз биноҳои баландошёна хона мехаранд, вале бо дарназардошти он ки Ҳасан ва Ҳусейн ҷавонанду фардо оиладор шуда, соҳиби фарзанд мешаванд, соҳибкори дурандеш барои ин оила як ҳавлии хеле калон ва зебову замонавиро пайдо кард. Манзиле, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ин оилаи камбизоат туҳфа кардааст, аз 5 дар хонаи калону барҳаво, ду ҳамом ва ошхонаю дигар иншоотҳои зарурии рӯзгор иборат буда, бо қолину палос низ таъмин карда шудаст. Соҳибкори хайрхоҳ ҳамчунин ба Малика Қувватова барои харидани ҷевон, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ, чангкашак ва дигар таҷҳизоти рӯзгор иловатан 20 ҳазор сомонӣ додааст.

“Апаи Малика ва писаронаш Ҳасану Хусейн он рӯз аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, охир онҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки рӯзе соҳиби чунин манзили зебо хоҳанд гашт”,  – менависад “Оила”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бо амалҳои хайраш машҳур буда, соли гузашта ба дастикам 5 оилаи муҳтоҷу маъюб дар кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Айнии Душанбе манзилҳои нав  бо тамоми шароит ва ҷиҳози лозим туҳфа карда буд.

Аз ҷумла ӯ моҳи декабри соли 2020 ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар маркази шаҳри Душанбе дар як бинои воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода, 10 манзилҳои дуҳуҷрагӣ туҳфа карда буд. Хабаргузории давлатии “Ховар” он вақт хабар дод, ки манзилҳои туҳфашуда ба ин ду оилаи маъюбон бо тамоми шароити замонавӣ, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин гардида, Маҳмудҷон Муродов ба фарзандони ин ду оила сару либос  низ тақдим кардааст.

Маҳмудҷон Муродов, ки роҳбарии яке аз бузургтарин ширкатҳои сохтмониро дар Душанбе дар даст дорад, қаблан низ  дар чунин амалҳои хайр саҳм мегузошт. Аз ҷумла моҳи майи соли 2020, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ӯ  ба се нафар аз оилаҳои ятиму маъюб дар бинои замонавии навбунёд дар кӯчаи Айнӣ 50/51-и пойтахт хонаҳои барҳаво бо тамоми шароиташ туҳфа карда буд.  Маҳмудҷон Муродов бо ин амри хайр дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки мехост ба мардуми муҳтоҷ нишон бидиҳад, ки онҳо дар зиндагӣ танҳову бепарастор нестанд.

 Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебунисо Акрам ашки шодӣ дар чашм ба ин соҳибкор барои ин амали хайраш изҳори сипос карда, барояш даст ба дуои нек кушоданд. Раъно Раҳимова, барои мисол, 4 фарзанд дорад, ки се фарзандаш маъюб буда, ӯ имкони харидани хонаро аслан надошт.

Маҳмудҷон Муродов ҳамин тавр Хонаи кӯдакони  пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифтааст. Соли гузашта ӯ  ҳамчунин  ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар,  биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button