ВидеоИқтисодТоҷикистон

АВВАЛИН ПАРВОЗИ МУСТАҚИЛОНАИ НАХУСТИН ЗАНИ ХАЛАБОНИ “СОМОН ЭЙР”

Рӯзи 18 июн нахустин парвози мустақилонаи ягона зани халабони ширкати ҳавопаймоии “Somon Air” Татяня Афентева доир шуд. Хадамоти матбуоти ширкат хабар дод, ки Татяна бо муваффақият ба ҳайси ҳамхалабон парвоз дар масири Душанбе-Тошканд-Душанберо анҷом дод. Раҳбари хатсайр капитан Шуҳрат Раҳимов ба кори Татяна Афентева баҳои хуб додааст.

Татяна Афентева собиқаи кориашро дар  “Somon Air”  соли 2011 ба ҳайси меҳмондор (стюардесса) оғоз карда, соли 2020 ба саффи халабонҳои ширкат пайвас. Ӯ то имрӯз ба ҳайси коромӯз парвоз анҷом медод ва рӯзи 18 июн нахустин парвози мустақилонаашонро анҷом дод.

Татяна Афентева барои ин нозукиҳои касби халабониро дар мактаби авиатсионии Сасовская омӯхта, имрӯз алакай халабони соҳибтахассусест, ки ҳавопаймои Boeing 737 / NG-ро идора мекунад.

Татяна Афентева таассуроташ аз нахустин парвози мустақилонаашро чунин баён дошт:

′′Кадом ҳассосияте ҳис накардам аз нахустин парвози мустақилонаам. Ин парвоз ҳам мисли ҳама парвозҳои интернатурӣ, яъне омӯзишиам хуб гузашт. Ҳоло вазифаи аз ҳама муқим сайқал додани сатҳи касбиам аст.”

“Somon Air” феълан ягона ширкати ҳавопаймоии фаъол дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” аз аввали соли 2019 ба ин тараф ба далели мушкилоти молиявӣ аз имкони анҷоми парвозҳо маҳрум шудааст.

https://www.facebook.com/photo?fbid=1388955467923667&set=a.483867048432518

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button