Муҳоҷирон

СЕ СОЛ БОЗ ДАР ҶУСТУҶӮ ҚАРОР ДОШТААСТ: БОЗДОШТИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР КРАСНОЯРСК

Раёсати Росгвардияи кишвари Красноярски Русия рӯзи 17 июн аз боздошти як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз поёни соли 2018 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст. Ин нафар баъди ба зиддаш кушодани парванда ба Русия фирор карда буд, вале ҳангоми тафтиши аснодаш дар яке аз кӯчаҳои Красноярск кормнадони Росгвардия номи ӯро дар рӯйхатти шахсони таҳти ҷустуҷӯи федералӣ пайдо кардаанд.

Бино ба иттилоияи нашршуда дар сомонаи раёсати Росгвардияи кишвари Красноярск, ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияи Советский дастгир кардаанд.

 «Рӯзона, ҳангоми дидбонӣ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Советский, ҳайъати дидбонии бахши муҳофизати Росгварди (наряд вневедомственной охраны Росгвардии) як марди роҳгузарро, ки рафтораш шубҳаи кормандони Росгвардияро ба бор овард, манъ кард. Ҳангоми тафтиши санадҳо маълум шуд, ки ин шаҳрванди  36-сола аз моҳи декабри соли 2018 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани амалҳои қаллобӣ ҷустуҷӯ мешавад», – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Шаҳрванди дастгиршударо барои баррасии минбаъда ба пулис супурдаанд. Акнун масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button