ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 130 000 ДОЛЛАР ВА ДУЗДӢ ДАР ҒАФУРОВ ВА ИСФАРА

 Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020 дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи равнақ додани тиҷорат аз ӯ 130 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол пулашро барнагардондааст.
ххххххх

Ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ва ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо гумони дуздӣ дастгир шудаанд. ВКД гуфт, ки ду нафар шаби 11 июн, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мошини тамғаи «Опел-Астра», ки ба сокини 29-солаи ҷамоати Д.Холматов тааллуқ дорад, як адад ноутбук ва як адад айнаки мардонаро дуздида, ба соҳиби мошин 12 ҳазору 560 сомонӣ зарар расондаанд.

ххххххххх

Сокини 25-солаи Исфара ба он гумонбар мешавад, ки соати дуи шаби 13 ба 14 июн, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ленин» як сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 55-солаи сокини Исфара тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.


Аз навори хабарҳои рӯзи 17 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати фиребгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020 дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи равнақ додани тиҷорат аз ӯ 130 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҳодисаҳои дуздӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, рӯзи 11-уми июни соли 2021, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 1-адад ноутбук ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 560-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 13 ба 14-уми июни соли 2021, тахминан соати 02:00, бо тариқи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ленин» 1 сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 55-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button