ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КӮДАКИ 11-СОЛАРО ДАР БАҲРИ ТОҶИК АЗ ҒАРҚШАВӢ НАҶОТ ДОДААНД

Рӯзи 16 июн, соати 12:10, ҳангоми оббозӣ дар як макони мамнӯи обанбори нирӯгоҳи Қайроққум, ки бо номи “Баҳри Тоҷик” маъруф аст, як сокини 11-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва кӯдакро беназорат гузоштани волидон қариб буд ғарқ шавад. КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ки дар инҷо шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, тавонистанд зуд ба ҷои ҳодиса расида, ин кӯдакро аз об берун бикашанд ва аз марги ногузир наҷот диҳанд.

“Ин дафъа низ бо шарофати амалҳои саривақти наҷотбахшон аз фоҷиа пешгирӣ карда шуд. Боз як ҳаёти инсон наҷот дода шуд!”  – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, як рӯз қабл КҲФ хабар дода буд, ки рӯзи 15 июн дар обанбори Сомғор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як ҷавони 19-соларо аз ғарқ шудан наҷот додаанд. Вале дар ҷануби Душанбе як ҷавони 22-сола ҳангоми оббозӣ дар кӯли сунъии маъруф ба номи “Мехкарйер” дар маҳаллаи Чимтеппа ғарқ шуда, ҷон бохтааст.

Бино ба ҳисоби КҲФ, дар 5 моҳи аввали соли 2021 дар дарёҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон алакай беш аз 40 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи онҳоро  кӯдакону наврасони то синни 16  ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест ки мавсими оббозӣ дар кишвар тоза дар ҳоли авҷ гирифтан аст.

КҲФ менависад, бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрор бисёриҳо дар лаби об ҳамчунон фориғболӣ зоҳир мекунанд, ки метавонад бо оқибатҳои фоҷиабор биорад. Ин ниҳод бори дигар аз сокинон хост, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми обоззӣ қатъиян риоя кунанд ва аз ҷумла:

– танҳо дар маконҳои иҷозатдодашуда оббозӣ кунанд

 дар ҳолати мастӣ  ба об надароянд,

– танҳо ё дар соатҳои шабона оббозӣ накунанд,

– волидон кӯдакони худро дар соҳили кӯлу ҳавзу  дарёҳо беназорат нагузоранд!

КҲФ ҳамчунин хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир кормандонаш дар Душанбе се маротиба ба кумаки сокинони пойтахт шитофта, дарҳои қуфлшудаи онҳоро ба воситаи асбоби махсус кушодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button