ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК, КИ МЕХОСТ БА ПУЛИСИ РУС 60 ҲАЗОР РУБЛ ПОРА ДИҲАД

Дар ноҳияи Мокшани вилояти Пензаи Русия як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми қасди пора додан ба корманди пулис бо қарори додгоҳ 200 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Пенза рӯзи 17  июн хабар дод, ки ҳукми муҳоҷири тоҷик алакай ба иҷро даромадааст.

Бар асоси фарзияи тафтишот, ки додгоҳ низ аз он пуштибонӣ кард, як корманди пулиси ноҳияи Мокшан рӯзи 4 феврали соли 2021 мағозаи марбут ба як шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳраки Мокшан тафтиш карда,  бори дуюм ҳолатҳои дар ин мағоза фурӯхтани маҳсулоти контрафакт, яъне ҳамчун маҳсулоти ширкатҳо ва брендҳои машҳур фурӯхтани молҳои қалбакиро ошкор кардааст.

 “Дӯсти соҳиби мағоза, ки он вақт онҷо буд, хост, то ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос кунад. Ба ин мақсад вай 60 ҳазор рублро дар дохили папка гузошта, хост дар ивази беамалиаш, яъне чшм тартиб надодани протокол ва нагузарондани тафтиши ҳолатҳои фурӯши маҳсулоти контрафакт ҳамчун пора ба нозири пулис бидиҳад. Нозири пулис аз гирифтани пора даст кашид”,  – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми сеюми моддаи 30, қисми сеюми моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттизоми қасди додани пора ба мансабдор барои беамалии ғайриқонунӣ)  парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button