ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ХИТОЙ БАРОИ ИДОМАИ СОХТМОНИ РОҲИ БАДАХШОН БЕШ АЗ 200 МИЛЛИОН ДОЛЛАР КУМАК МЕКУНАД (ВИДЕО)

Хитой (Чин) барои идомаи сохтмони роҳи Душанбе – Хоруғ — Қулма ба Тоҷикистон 203.9 миллион доллар грант ё кумаки ройгон медиҳад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16 июн дар Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумон хабар дод. Азим Иброҳим гуфт, ин маблағи билоиваз барои бунёди қитъаи Қалъаихумб Ванҷ сарҳади ноҳияи Рӯшон сарф мешавад. Ин қитъа аз харобтарин қисматҳои шоҳроҳи аз нигоҳи стратегӣ барои Тоҷикистону Чин муҳими Душанбе – Хоруғ — Қулма ба шумор меравад. Молҳо аз Хитой ба Тоҷикистон асосан тавассути ҳамин шоҳроҳ ворид карда мешаванд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт ба вакилон гуфт, қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-марзи ноҳияҳои Рӯшон яке аз минтақаҳои душворгузар ба ҳисоб рафта, ниёз ба таъмир дорад.

“Роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии роҳи автомобилгарди Осиё рақами 66 буда, барои таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, тиҷорати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон нақши муҳим мебозад”,- гуфтааст вазир дар ҷаласаи парлумон.

Аммо гранти Чин шартҳои худро доштааст. Бино ба гузориши радиои Озодӣ, харҷи маблағ ва мудирияти корҳоро як ширкати Чин анҷом медиҳад ва воридоти дастгоҳу таҷҳизот ва маҳсулоти зарурӣ барои бунёди ин қитъаи роҳ ва ҳамчунин бору колои ҳайати кории тарафи Чин аз андоз ва боҷи гумрукии Тоҷикистон озод мешаванд.

Ҳамин тавр, бар асоси номаи ҳукумати Тоҷикистон ба Чин, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Душанбе ваъда додааст, ки баъди сохтани роҳ аз Қалъаихумб то ноҳияҳои Рӯшон дар ҷойҳои намоёни роҳ “логотипи “Ёрии Чин” (China Aid)-ро” насб мекунад. Таъмири роҳ ҳам бар асоси қарордоди ду ҷониб аз сӯи ширкатҳои чинӣ анҷом мешавад.

“Тарафи Тоҷикистон дар асоси шартномаи сохтмон ва ҷадвали лоиҳа барои интиқоли маблағ дархост пешниҳод мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин пас аз тасдиқи дархост аз ҷониби ширкати идоракунии Чин маблағро ба таври мустақим ба суратҳисоби ширкати чинии сохтмонӣ интиқол медиҳад”, – омадааст дар мактуби Тоҷикистон ба Чин.

Хитой сармоягузори №1 ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Тақрибан нисфи қарзи қариб семиллиарддоларии Тоҷикистон қарзҳои додаи Чин аст, ки ин нигарониҳоеро дар ҷомиа ба бор овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button